
Ҳақиқати Хушхабар – Ғалотиён
Ғалотиён 1:6–10 Муаллимони козиб таълим медоданд, ки наҷот аз итоат ба шариат ба даст меояд. Онҳо бардурӯғ чунин мепиндоштанд, ки кӯшиши бештари одамон метавонад наҷотро таъмин кунад. Дар ин ҷо Павлус бо чунин ақида рӯ ба рӯ мешавад ва таъкид мекунад, ки имондорон хеле зуд ба таълимоти бардурӯғ дода шудаанд.
Муаллимони козиб мехоҳанд ба Каломи Худо чизе илова кунанд. Аксар вақт намунаи таълимоти бардурӯғ чунин аст: аввал ҳақиқат таъкид мешавад, аммо баъдан он ҳақиқат аз ҳад зиёд дар дурнамо гузошта мешавад ва дар натиҷа хатогӣ ба миён меояд.
Дар ояти 6 мо нуқтаи асосии мушкилотро мебинем: онҳо файзи Худоро дар наҷот фаромӯш карда, кӯшиш мекарданд барои он кор кунанд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки файз — ин неъмати бебаҳоест, ки мо онро ба таври сазовор ба даст намеорем, балки ҳамчун тӯҳфаи Худо мегирем. Онҳо мехостанд сазовори наҷот гарданд ва баргарданд ба чизе, ки дигар хушхабар набуд, балки «хабари кӯҳна» ва роҳҳои инсонӣ барои наздик шудан ба Худо.
Чӣ тавр таълимоти бардурӯғ инкишоф меёбад:
- Таваҷҷӯҳ ба як нукта – Муаллим метавонад танҳо ба як мафҳуми Китоби Муқаддас тамаркуз кунад, масалан: «Қонуни Худо муфид ва судманд аст». Аммо ӯ ин ҳақиқатро аз ҳад зиёд таъкид мекунад ва ҳақиқатҳои дигарро нодида мегирад. Қонун нишон медиҳад, ки гуноҳ чист ва моро ба эҳтиёҷ ба Наҷотдиҳанда мерасонад, вале барои чунин муаллимон таъкид танҳо бар он аст, ки қонун бояд пурра риоя карда шавад.
- Ба ифрот бурдан – Пас онҳо ин ақидаро муболиға мекунанд ва таълим медиҳанд, ки роҳ ба Худо танҳо тавассути итоати комил ба қонун аст. Ҳол он ки Масеҳ моро аз риояи шариат озод кардааст. Бо чунин таъкид, онҳо тафсирҳо ва эътиқодҳоро таҳриф намуда, аз ҳақиқати Инҷил дур мешаванд.
- Дар натиҷаи хатогӣ – Павлус ин хатогиро рад мекунад. Муаллимони козиб Инҷили Масеҳро тарк карда, мегӯянд, ки наҷот танҳо аз риояи шариат аст. Аммо ҳақиқат ин аст: наҷот танҳо бо имон аст, на бо риояи қоидаҳои беруна. Марг, дафн ва эҳёи Масеҳ пардохти гуноҳро ба пуррагӣ анҷом додааст, ва ҳеҷ кас наметавонад ба қадри кофӣ некӣ кунад ё қонунро иҷро намояд, то одил шумурда шавад.

Роҳи дуруст барои пешгирӣ аз чунин хатогиҳо – пайравӣ кардан ба шахсияти Масеҳ, хондан ва омӯхтани Каломи Худо ва зиндагӣ кардан мисли Масеҳ. Зеро аксар вақт таълимоти бардурӯғ шахсияти Масеҳро инкор мекунад, Каломи Худоро таҳриф менамояд ва зиндагии одилонаро ба канор мегузорад.
Ғалотиён 1:9 (ва махсусан оятҳои 10 низ дар робита) моро водор мекунад, ки ба худ саволи хеле муҳим диҳем: ба кӣ ман писанд кардан мехоҳам — ба Худо ё ба одамон?
9 Чунон ки мо пештар гуфта будем, ҳозир ҳам боз мегӯям: агар касе бар хилофи он чи қабул кардаед, ба шумо башорат диҳад, — малъун бод. 10 Оё ман алҳол назди одамон хусни таваҷҷӯҳ меҷӯям, ё назди Худо? Оё саъю кӯшиш менамоям дили одамонро ёбам? Агар ман ҳанӯз дили одамонро меёфтам, бандаи Масеҳ намебудам. (Ғалотиён 1:9-10, KM99)
Ин оят вазъиятҳои зиндагии моро дар равшанӣ мегузорад, ки мо чӣ гуна ба фишорҳои беруна вокуниш нишон медиҳем. Бисёр вақт мо ба он фикр мекунем, ки дигарон дар бораи мо чӣ мегӯянд, оё моро қабул мекунанд, дӯст медоранд, ё айб меҷӯянд. Мо эҳсос мекунем, ки бояд барои ба даст овардани маъқулӣ ё пазируфтани онҳо, баъзан аз ҳақиқат ё имони худ гузарем.
Аммо Павлус дар Ғалотиён 1:10 мегӯяд: “Агар ман то ҳол кӯшиш мекардам, ки ба одамон маъқул шавам, хизматгузори Масеҳ намебудам.” (KMO)
Ин сухан сахт, вале рост аст: писанд омадани Худо ва писанд омадани одамон ҳамеша бо ҳам мувофиқ нестанд. Писанд омадани Худо маънои ростқавлӣ, содиқ будан ва зистан бо виҷдони софро дорад, ҳатто агар дигарон нафаҳманд ё рад кунанд.
👉 Пас, вақте мо бо вазъиятҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавем — танқид, нофаҳмӣ, ё фишори ҷомеа — ин оят моро даъват мекунад, ки дили худро тафтиш кунем: «Оё ман ин корро барои писанди Худо мекунам ё барои писанди одамон?»
Хулоса: Ҳаёти имонӣ на барои гирифтани тасдиқи одамон аст, балки барои он аст, ки дар чашмони Худо писанд бошем. Вақте мо Ӯро авлавият медиҳем, оромӣ меёбем, ҳатто агар одамон моро нафаҳманд.
1:11–24
Шаҳодати Павлус ҳавворӣ будани ӯро тасдиқ мекунад:
• Ояти 11 – Павлус таъкид мекунад, ки хушхабаре, ки имондорон гирифтаанд, бояд эълон шавад (Аъмол 26:18)
• Ояти 12 – Ӯ мегӯяд, ки ин хушхабарро аз одамон нагирифтааст, балки шахсан аз Худованд Исо қабул кардааст (Аъмол 26:15).
• Ояти 13 – Павлус ба ёд меорад, ки пештар калисоро таъқиб мекард (Аъмол 26:9–11).
• Ояти 14 – Ӯ шаҳодат медиҳад, ки дар гузашта ҳамчун яҳудӣ бо гайрати зиёд дини падарони худро риоя мекард (Аъмол 26:5).

Наҷот бе аъмол аст, вале бе итоат нест. Мо бо аъмол наҷот намеёбем, балки дар корҳои нек рафтор мекунем, то имони худро ба дигарон ва самараи муҳаббати худро ба Худо нишон диҳем.
Панҷ санҷиш барои муайян кардани он ки таълимот дуруст аст ё дурӯғ:
- Оё таълимот аз Худо сарчашма мегирад ё онро одамон сохтаанд?
- Оё қудрат ва таъсири таълим аз ҷониби Худост?
- Оё он ба тамоми Каломи Худо мувофиқат мекунад?
- Оё он ба саломатии рӯҳонӣ мусоидат мекунад?
- Оё он ба ҳаёти худотарс роҳнамоӣ мекунад?
(Мувофиқ ба Тим Челлис) Ӯ гуфтааст:
«Таълимоти солим аз Худо сарчашма мегирад, дар Каломи Худо сабт шудааст, бо тамоми ваҳйи Худо мувофиқ аст ва ҳам ба саломатии рӯҳонӣ ва ҳам ба зиндагии худотарсӣ мебарад. Таълимоти бардурӯғ бошад, аз одамон ё девҳо сарчашма мегирад, барои Каломи Худо бегона аст ва бо Худо ва тамоми ваҳйи Ӯ мухолиф мебошад».

1:15-26 – Даъвати Павлус
Оятҳои 15–24 ба даъвати Павлус равона мешаванд. Ӯ мегӯяд, ки аз таваллуд бо огоҳии пешакии Худо ҷудо ва даъват шуда буд (оят 15). Ин даъват на аз рӯи кору шоистагиҳои ӯ, балки пурра аз файзи Худо буд. Ба Павлус Инҷили Исои Масеҳ ошкор гардид. Пеш аз он ки ба назди дигарон равад, ки бо Худованд Исо ва шогирдонаш наздик буданд, ӯ мустақиман аз ҷониби Худо тасдиқ гардид (1:17–19). Ва он калисоҳо, ки Павлус пештар таъқиб ва масхара мекард, акнун аз наҷоти ӯ шодӣ мекарданд, зеро ӯ Инҷили файзро мавъиза мекард (1:21–24).
Муаллими асри аввал одатан барои ба даст овардани қудрат ва эътибор аз раввинҳои маъруф иқтибос меовард. Аммо қудрати Павлус мустақиман аз Худо буд. Ӯ инро бо зиндагӣ ва даъвати худ тасдиқ мекунад. Павлус мегӯяд, ки бо Петрус, сарвари ҳаввориён, ва бо Яъқуб, пешвои калисо дар Ерусалим, мулоқот ва сӯҳбат дошт. Ҳатто калисоҳое, ки пештар аз дасти ӯ таъқиб мешуданд, акнун башоратеро, ки ӯ мавъиза мекард, тасдиқ намуда, Худоро барои ин тағйирот меситоиданд.
Худовандо, мо ба Ту шукр мегӯем, ки моро даъват кардӣ, то ба Ту пайравӣ кунем. Роҳҳои Ту аз роҳҳои мо баландтару беҳтаранд. Мо медонем, ки Масеҳ моро фаро мехонад, то дар бораи наҷоти бузурги Ту ба дигарон шаҳодат диҳем.