
Ҳушаъ 10:1-15
«Ва Исроил шарманда хоҳад шуд»
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Худо қурбонгоҳҳо ва бутҳои аз ҷониби Исроил сохташударо несту нобуд мекунад ва подшоҳи онҳоро нест мекунад. Худои Таоло Исроилро интихоб кард ва онҳоро баракат дод (Ҳастӣ.12:1-3). Аммо исроилиён ба ин файз беэътиноӣ карда ба бутҳо саҷда кардан гирифтанд. Хоҳиши сарватмандӣ, ки халқро аз Худованд ҷудо мекард, мардумро торафт бештар фасод мекард. Ироил ба суханони Худо гӯш надод ва аз гуноҳҳои худ рӯй нагардонд (оят. 1-15).
Хислати Худо
9 Аз айёми Ҷабъа гуноҳ кардаӣ, эй Исроил; дар он ҷо онҳо истодагӣ карданд: ҷанг дар Ҷабъа ба муқобили ноинсофон ба онҳо нарасид. 10 Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст. (10:9-10)
Оят.9, 10 Худо исроилиёнро ба ҷанг фиристода, онҳоро доварӣ хоҳад кард. Шояд ба назари мо чунин менамояд, ки бадкорон новобаста аз он ки
обод мешаванд ва Худо дар иваз кардани чизе нотавон аст. Аммо ҳатман замоне фаро хоҳад расид, ки Ӯ муаян кардааст, ки Ӯ ҳукми одилонаи Худро бар онҳо ба амал хоҳад овард.
Дарсҳои Худо
12 Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад. 13 Аммо шумо шароратро кишт кардед, ноинсофиро дарав намудед, меваи кизбро хӯрдед; зеро ки ту ба роҳи худ, ба анбӯҳи баҳодурони худ таваккал намудӣ. 14 Ва ошӯбе дар миёни қавми ту хоҳад бархост, ва ҳамаи қалъаҳоят валангор хоҳад шуд, мисли он ки Шалмон Байт‐Арбилро дар рӯзи ҷанг валангор кардааст; модар бо фарзандонаш кушта пора‐пора карда шудааст. 15 Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид. (10:12-15)
Оят. 12-15 Худои Таоло ба Исроил раҳм хоҳад кард, агар ӯ адолатро ҷустуҷӯ кунад. Аммо ин тавр нашуд. Ва Худои Таоло ҳар он чиро, ки мардум
ба он умед доштанд, нобуд хоҳад кард. Биёед фикр кунем. Шояд вазъи ногуворе, ки ҷомеаи мо дар он қарор дорад, натиҷаи он аст, ки мо имондорон дар он тухми адолат накоштаем?
Худовандо ба мо ёрӣ расон, ки дар гирду атрофи худ тухми ҳақиқат ва ҳаёт бикорем. Омин.