
Ҳушаъ 11:12 – 12:14
«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо»
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо – ба сӯи Худо баргарданд
Яъқуб на ҳама вақт аз рӯи адолат рафтор мекард, аммо вақте ки ӯ бо ашк ба Худо муроҷиат мекард, Худои Таоло ба ӯ ҷавоб медод. Ҳушаъ ба исроилиён инро хотиррасон мекунад, то онҳоро ташвиқ кунад, ки ба сӯи Худо баргарданд ва танҳо ба Ӯ таваккал кунанд (11:12 – 12:6).
Исроилиён тарзе зиндагӣ мекарданд, ки сазовори номи халқи Худо набуд, ба якдигар бадкорӣ мекарданд ва бутҳои қанъониёнро парастиш мекарданд. Ин одамон муҳаббат ва мараҳамати Худовандро сарфи назар карда, ғазаб ва доварии Ӯро интихоб карданд (12:7-14).
Хисслати Худо
12 Ва Яъқуб ба саҳрои Арам гурехт, ва Исроил барои зан хизмат кард, ва барои зан чӯпонӣ намуд. 13 Ва Худованд ба воситаи набӣ Исроилро аз Миср берун овард, ва ба воситаи набӣ ӯро нигаҳбонӣ намуд. (12:12-13)
12:12,13 Худо Яъқуб ва исроилиёнро, ки ҳаракати фаҳмидани марҳамати Худоро надоштанд, Ӯ онҳоро ҷазо дода баъд наҷот дод. Агар мо гуноҳ кунем ва Худои Таоло ба ин аҳамият надиҳад, шояд Ӯ моро фарзандони худ намешуморад (Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон. Ибриён 12:8).
Агар Худо танбеҳ ва ҷазо диҳад, мо бояд аз Ӯ миннатдор бошем ва фурӯтанона “асои ислоҳшавӣ” – ро қабул кунем.
Дарсҳои Худо

12:7-9 Исроилиён бо бутпарастон омехта шуда, арзишҳои онҳоро қабул карданд. Онҳо ба қудрати пул бовар карда, фикр карданд, ки онҳо ҳақ доранд
мустақилона ҳал кунанд, ки чӣ гуноҳ аст ва чӣ не. Худои Хуруҷ қарор дод, ки онҳоро ба биёбон баргардонад ва маҷбур кунад, ки ҳама чизро аз нав
оғоз кунанд. Агар мо ба хотири пулу дурӯғ аз Худованд дур шавем, пеш аз он ки Худои Таоло моро боз ба биёбони пурталотум нафиристад, бояд аз ин
тавба кунем ва сӯи Ӯ баргардем.
Кофтани амиқтар дар матн
Дар охири китоби Доварон мо аҳмақии қабилаи Эфроимро дидем, ва ин рафтори онҳо дар давраи подшоҳии тақсимшудаи Исроил идома меёбад. Дар соли 930 пеш аз милод, подшоҳии воҳиди Довуд ва Сулаймон ба ду қисми алоҳида тақсим шуд: Яҳудо ва Исроил. Дар соли 722 пеш аз милод, империяи Ашшур Исроилро ишғол кард.
Дар ин китоб, мо боз беақлии мардуми Исроилро мебинем, ки бо номи Эфроим ёд мешавад. Минтақаи шимолӣ бо шароратҳое, ки дар китоби Доварон тасвир шудаанд, идома дода, Худо ва ибодати Ӯро тарк кард. Онҳо дар шаҳри Сомария пойтахти алоҳидае сохтанд ва системаи ибодати бардурӯғеро бунёд карданд.
Ин китоб муҳаббати Худо ба халқашро нишон медиҳад, вале адолати Ӯро дар ҷазо додани онҳо низ таъкид мекунад. Худо Яҳудоро огоҳ мекунад, ки бо якравии худ роҳу равиши Эфроимро пайравӣ накунад.