Ҳушаъ 13
Сер Худоро намефаҳмад
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Таърихи Исроилро метавон таърихи марҳамат ва хиёнат номид. Худо исроилиёнро аз ғуломии Миср наҷот дод ва ба онҳо замини Қанъонро дод. Аммо мардум ба дарёфти зиндагии серу пурфайзу баракат, оҳиста – оҳиста марҳамати Худовандро фаромӯш карда, ба бутпарастӣ машғул шуданд. Барои ин, агар ба сӯи Худо боз нагарданд, доварии сахти Ӯ онҳоро интизор аст( оят. 1-15).
Хислати Худо

Оят. 1-3 Худо хабар дод, ки Исроил барои бутпарастии худ нест хоҳад шуд. Мардум марги падарони худро барои дур шуданашон диданд, вале натанҳо аз ин ибрат нагирифтанд, балки боз ҳам бештар гуноҳ кардан гирифтанд. Биёед фикр кунем, ки агар мо аз хатогиҳои наслҳои гузашта дарси ибрат нагирем, дар оянда моро чӣ интизор аст?
Дарсҳои Худо
12 Гуноҳи Эфроим гиреҳ баста шудааст, маъсияти ӯ маҳфуз мондааст. 13 Азоби зане ки мезояд, ба сари ӯ хоҳад омад; ӯ писари бохирад нест, вагар на дар вақти таваллуди тифлон бисьёр даранг намекард. 14 Оё Ман онҳоро аз дӯзах раҳо хоҳам кард? Ва онҳоро аз марг халосӣ хоҳам дод? Вабоҳоят куҷост, эй марг? Тоунҳоят куҷост, эй дӯзах? Пушаймонӣ аз чашмони Ман ниҳон шудааст. 15 Агарчи ӯ дар миёни найзор мева медод, боди шарқӣ хоҳад вазид, яъне боди Худованд аз биёбон баланд хоҳад шуд, — ва манбаи ӯ хоҳад хушкид, ва сарчашмаи ӯ валангор хоҳад гардид; вай ганҷинаи тамоми асбоби гаронбаҳоро тороҷ хоҳад кард. (13:12-15)
Оят. 12-15 Барои нофаҳмии худ Исроил тавба накарда бар худ маргро овард. Ӯ сарваташро аз даст дода зери зарбаи душман меафтод. Оё шумо дар назди Худо ягон гуноҳи иқрорнашуда доред, ки ҳанӯз аз ҳаёти худ дур накардаед? Оё бо вуҷуди ғаму андӯҳ ва мушкилоте, ки дар зиндагиатон аз сар мегузаронед, онҳоро нигоҳ намедоред?
Барои равшанӣ: Дар Библияи Ибронӣ, Ҳушаъ 13:16 ҳамчун Ҳушаъ 14:1 омадааст.
