Нони ҲаррӯзаҲушаъ

Ҳушаъ 14

This entry is part 14 of 14 in the series Китоби Ҳушаъ

Ба Худованд рӯй оваред!

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Орзуи Худо он буд ки бинад, ки исроилиён тавба мекунанд ва ба сӯи Ӯ бармегарданд. Ва он гоҳ Ӯ на танҳо мебахшад, балки онҳоро дубора барқарор хоҳад кард. Халқи Исроил бори дигар дар Худо реша гирифта, самари хуб хоҳанд дод. Ҳикмати ҳақиқӣ дар шинохтани Худованд ва тарс дар назди Ӯст.
Одами хирадманд дар итоаткорӣ ба Каломи Худо зиндагӣ мекунад (оят.1-10).

Хислати Худо

Муртадии онҳоро шифо хоҳам дод, аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт, зеро ки ғазаби Ман аз онҳо дур шудааст. (14:5)

Оят.5. Худои Таоло мисли духтур касонеро, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, шифо мебахшад. Ӯ онҳоро дӯст дошта, ғазаби Худро аз онҳо дур мекунад. Худованд Исроилро қабул карда, ҳамаи марҳаматеро, ки ба Ҳушаъ фармуд, ки Ҷумарро пешвоз гирад, ба онҳо нишон дод. Тағйироти рӯҳонии ҳақиқии мо танҳо тавассути муҳаббат ва файзи илоҳӣ оғоз шуда метавонад. Муҳаббати Худо аз он иборат аст, ки Ӯ имрӯз моро ҳамон тавре ки ҳастем, қабул мекунад ва ба таъғир додани мо кӯмак мекунад.

Дарсҳои Худо

Эфроим хоҳад гуфт: «Маро дигар бо бутҳо чӣ кор аст?» — Ман ӯро иҷобат намуда, ба ӯ назари нек хоҳам кард; Ман барояш мисли сарви сабзу хуррам хоҳам буд: меваи ту аз Ман ёфт хоҳад шуд. (14:9)

Роҳҳои Худо боадолатанд. Одил аз паи онҳо меравад, вале шарир пешпо мехӯрад ва меафтад. Одамоне, ки дар ҳақиқат Худовандро дӯст медоранд ва дар роҳҳои Ӯ қадам задан мехоҳанд, барои фаҳмидани иродаи Худо хирад пайдо мекунанд.

Худовандо, ташаккур ба-рои раҳмати Ту, ки ба мо имконият медиҳад, ки ба сӯи Ту баргардем, то ки моро шифо бахшӣ ва баргардонӣ. Омин.

Series Navigation<< Ҳушаъ 13

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *