Ҳушаъ

Ҳушаъ 2:14-3:5

This entry is part 3 of 14 in the series Китоби Ҳушаъ

«Ва Ман туро то абад ба Худ никоҳ хоҳам кард»

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Бо вуҷуди хиёнати Исроил, Худо муносибати Худро бо онҳо барқарор хоҳад кард. Пайғамбар инро ба таври рамзӣ тавассути оштӣ бо зани хиёнаткораш нишон медиҳад.

Худои Таоло Исроилро сахт ҷазо хоҳад дод, вале аз онҳо то абад рӯй намегардонад. Ҳама чизро аз даст дода, мардум гуноҳи худро дарк мекунад. Ва онгоҳ Худованд муносибати Худро бо ӯ барқарор хоҳад кард (2:14-23). Барои ба мардум расонидани ин ҳақиқат Худо ба Ҳушаъ амр дод, ки Ҷумарро ёфта ба назди ӯ баргардонад (3:1-5).

Хислати Худомуҳаббати Худо

19 Ва туро то абад номзади Худ хоҳам гардонид, ва туро бо адолат ва инсофва эҳсон ва марҳамат номзади Худ хоҳам гардонид; 20 Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид, ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт. (2:19-20)

Дар адолат, ростқавлӣ, муҳаббат ва марҳамати Худ, Худои Таоло ба Исроил ҳамчун ҳамсари Худ муносибат мекунад. Ин арзишҳое ҳастанд, ки мо бояд ба ин ҷаҳон тавассути тарзи зиндагӣ ошкор кунем, то мисли зани содиқ Худовандро шод гардонем.

Дарсҳои Худо

16 Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованд, ки ту Маро хоҳӣ хонд: „Ишӣ“, ва дигар Маро нахоҳӣ хонд: „Баалӣ“. 17 Ва номҳои Баалҳоро аз даҳони вай дур хоҳам кард, ва онҳо дигар бо номҳои худ зикр нахоҳанд ёфт. 18 Ва дар он рӯз Ман барои онҳо бо ҳайвоноти саҳро ва мурғони ҳаво ва ҳашароти замин аҳд хоҳам баст, ва камон ва шамшер ва корзорро аз замин барҳам хоҳам дод, ва онҳоро дар амният хоҳам хобонид. (2:16-18)

Дар рӯзе, ки Худо Исроилро ба Худ ҷалб мекунад, мардум дигар ба бутҳои мурда хизмат намекунанд. Худованд ӯро бо осоиштагӣ пур хоҳад кард, ӯро аз ҳайвонот ва душманоне, ки ҳамчун воситаи ҷазо хизмат мекарданд, муҳофизат мекунад. Ҳар касе, ки муҳаббати Худоро шинохт ва Худоро дӯст медорад, имрӯз аллакай ин оромии беҳамторо эҳсос карда метавонад!

Series Navigation<< Ҳушаъ 2:1-13Ҳушаъ 4:1-19 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *