Ҳушаъ

Ҳушаъ 5:1-15

This entry is part 5 of 14 in the series Китоби Ҳушаъ

Эъломияи доварӣ бар Исроил ва Яҳудо

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо – ҷазо хоҳад гирифт

Коҳинон ва подшоҳон, роҳбароне буданд, ки бояд Исроилро дар роҳи адолат ва имон ҳидоят мекарданд. Аммо ба ҷои ин, мардумро ба парастиши бутҳои бегона водор карданд (оят.1-7).
Бо нияти доварӣ кардани Исроил, ки аз ҷиҳати рӯҳонӣ пурра фосид шуда буд, Худои Таоло ҷанги байни онҳо ва хонадони Яҳудоро пешгӯи кард (оят. 8-15).

Хислати Худо

Оят. 8-15 Исроил ба воситаи ҷанг ҷазо хоҳад гирифт. Худои Таоло ба онҳо назорат мекунад, вақте ки онҳо ба буҳрони шадид меафтанд. Худо ба халқи Худ кушода намешавад, то он вақте ки онҳо аз гуноҳҳои худ тавба накунанд. Ба воситаи хомӯшии Худ ва азобе ки ба сари мардум афтода буд, Худованд Исроилиёнро бармеангезад, ки бо тамоми дил ба сӯи Ӯ рӯй оваранд ва тавба кунанд.

Дарсҳои Худо

Оят.1,2 Тааҷубовар аст, вале маҳз коҳинон ва аъзоёни оилаҳои подшоҳӣ иштироки асосиро мебозиданд, ки бутпарастӣ дар Исроил нашъӯнамо меёфт. Онҳо ба ҷои он ки “муҳофизони рӯҳонӣ” бошанд, худро фосид карданд ва тамоми халқро ба гуноҳ бурданд. Аз он вақт ин ҷониб, мутаасифона, чизе тағийр наёфтааст. Посухи нопокии сарварони Калисо ногузир, тамоми ҷомеаро ба фосидӣ оварда мерасонад. Инро дарк карда биёед садои Худоро нофаҳмида намонем, вақте ки Ӯ таъҷилан нидо мекунад; “гӯш кунед…диққат диҳед… гӯши худро хам кунед”!

Заминаи матн

Дар Ҳушаъ 5 мо ҳукми карнайҳоро мебинем, ки ба исроилиён муносибатҳои аҳдии онҳоро бо Худо хотиррасон мекунанд (5:8). Ӯ ваъда дода буд, ки онҳоро муҳофизат мекунад ва пешопеши онҳо меравад. Аммо дар ин ҷо, ин Худои аҳд нишон медиҳад, ки доварӣ ба сари онҳо омада истодааст. Овози ҷанг дар Ҷибъа, Рамо ва Байт-Авен шунида мешуд, ки ҳама шаҳрҳои Биньёмин ва як қисми салтанати ҷанубӣ буданд. Ҷибъа зодгоҳи Шоул, подшоҳи аввалини Исроил буд. Рамо зодгоҳи Самуил буд, ки охирин қозӣ ва пайғамбаре буд, ки Шоулро тадҳин кард. Байт-Авен макони ғалабаи бузурги ҳарбӣ буд, ки дар он Йӯнотон, писари шоҳ Шоул, сарварӣ мекард (1 Подшоҳон 14:22-23). Бо вуҷуди ин, дар он ғалабаи бузург, Шоул қасами бемулоҳиза ва худбинона дод, ки муваффақияти Исроилро коҳиш дод.((https://thebiblesays.com/en/commentary/hos+5:8?highlight=hosea,5))

Ин ба ин оят монанд аст. Зеро вақти он расидааст, ки доварӣ аз хонаи Худо оғоз шавад; ва агар аввал аз мо оғоз шавад, пас фарҷоми онҳое ки ба Инҷили Худо итоат намекунанд, чӣ гуна хоҳад буд? 1 Петрус 4:17

Худовандо имон дорем, ки Ту дар Калисоҳои мо назорат мекунӣ, то рафторҳои бад набошад ва аз Ту рӯй нагардонем. Омин.

Series Navigation<< Ҳушаъ 4:1-19Ҳушаъ 6:1-11 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *