
Ҳушаъ 9:1-17
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Идҳо хориҷ карда шуданд – Азбаски исроилиён идҳои муқаррар кардаи Худоро ба идҳои бахшида ба Баал иваз карданд, Худои Таоло халқро доварӣ хоҳад кард.
Исроилиён дар замине, ки Худо ба онҳо додааст, зиндагӣ карда, ба Баал саҷда мекарданд. Худои Таоло дар ғазаб борҳо ба воситаи паёмбаронаш ба мардум муроҷиат намуда, онҳоро аз доварӣ огоҳ мекард. Аммо Исроил ба овози онҳо гӯш додан нахост. Барои ин, Худо халқи Исроилро, ки дар гуноҳ ва ифротгароӣ мондаанд, сахт доварӣ хоҳад кард (оят.1-17).
Хислати Худо
Шодиҳо тамом шудааст; вақти подош фаро расидааст.
1 Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ. 2 Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод, ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард. 3Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд: Эфроим ба Миср хоҳад баргашт, ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд. 4 Барои Худованд шароб нахоҳанд рехт, Ва қурбониҳошон писандидаи Ӯ нахоҳад буд, балки барои худашон мисли нони мотамдорон хоҳад буд: ҳар кӣ аз онҳо бихӯрад, палид хоҳад шуд, зеро ки нони онҳо барои шикамсерии худашон мебошад, ба хонаи Худованд он дохил нахоҳад шуд.
5 Пас шумо дар рӯзи мавсим ва дар рӯзи иди Худованд чӣ хоҳед кард? 6 Зеро ки инак, онҳо ба сабаби хонавайронӣ рафтаанд; Миср онҳоро ҷамъ хоҳад овард, Муф онҳоро қабр хоҳад кард; ганҷинаҳои нуқраи онҳоро газна пахш хоҳад кард, дар хаймаҳои онҳо мушхор хоҳад рӯид. (9:1-6)
Худои Таоло банӣ – Исроилро, ки идҳои аз боло ба онҳо додашударо фаромӯш кардаанд, ба хотири дини бутпарастон ба Миср ва Ашшур мефиристад. Банӣ – Исроил дигар аз инъомҳои мубораки Замини ваъдашуда баҳра бурда наметавонад ва дар замини ғайрияҳудиён хӯроки нопок мехӯрданд. Мо бояд эҳтиёт бошем, ки шодии абадии Биҳиштро абадии Биҳиштро ба лаззатҳои муваққатии ҷаҳони нопок иваз накунем.
Дарсҳои Худо
10 Исроилро мисли ангуре дар биёбон пайдо кардам; падарони шуморо мисли навбари анҷир дар ибтидои он дидам; лекин онҳо ба Баал‐Фаӯр омаданд, ва саргарми расвоӣ шуданд, ва монанди маъшуқаҳошон нафратангез гардиданд. 11 Ҷалоли Эфроим мисли мурғе парида хоҳад рафт: зоидан, омиладорӣ ва бордоршавӣ нахоҳад буд.
12 Ҳатто агар фарзандони худро калон кунанд ҳам, онҳоро нобуд хоҳам кард, ба тавре ки одаме боқӣ нахоҳад монд; зеро ки вой бар ҳоли онҳо, вақте ки аз онҳо низ дур шавам. 13 Эфроим, вақте ки дидам, мисли Сӯр дар мавзеи зебое ҷойгир шудааст; вале Эфроим писаронашро барои қотил берун хоҳад овард. 14 Худовандо, ба онҳо ҳар чи медиҳӣ, бидеҳ: раҳими бачапарто ва пистонҳои хушк ба онҳо бидеҳ. (9:10-14)
Оят.10-14. Ба Баал хизмат карда, исроилиён ба Худо хиёнат карданд ва ба ибодати онҳо монанд шуданд. Агар онҳо дар ҳақиқат Худоро дӯст медоштанд, онҳо мисли Ӯ мебуданд ва ҳаёт медоштанд. Аммо бутҳоро афзалтар донистанд ва монанди онҳо шуданд. Барои ин онҳо таъми маргро хоҳанд чашид. Биёед ба Худованд содиқ бошем ва ба муҳаббати Ӯ бо шодмонӣ ҷавоб диҳем!