Исои Масеҳ1 Юҳанно

1 Юҳанно 4 – Пурраи Муҳаббати Худо

This entry is part 5 of 6 in the series Номаи якуми Юҳанно

Рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро чӣ гуна бояд шинохт.

4:1-6

Фарқи байни Рӯҳи Ҳақ ва рӯҳи фиреб ин аст:

1. Рӯҳи Ҳақиқат аз Худост ва рӯҳи дурӯғ аз ҷаҳон меояд (4:1).
2. Рӯҳи ростӣ таҷассуми Исоро эътироф мекунад, дар ҳоле ки фирефташуда ба Масеҳ муқобилат мекунад (4:2-3).
3. Дар Рӯҳи ростӣ қудрати бузургтар аз рӯҳи ҷаҳон аст (4:4).
4. Рӯҳи ростӣ ба Худо гӯш медиҳад, дар ҳоле ки рӯҳи ҷаҳон ба ҷаҳон гӯш медиҳад (4:5-6).

“Аз рӯи ҳамин мо рӯҳи ростӣ ва рӯҳи иштибоҳро мешиносем.” (4:6).

Санҷиши рӯҳҳо дутарафа аст: аввал мо бояд донем, ки манбаи ин ақидаҳо аз куҷо аст. Он гоҳ мо бояд онҳоро тафтиш кунем ва бубинем, ки онҳо чӣ гуна ба Масеҳ муносибат мекунанд. Оё онҳо ӯро эҳтиром мекунанд ва ба омадани ӯ ба ҷаҳон барои наҷот додани ҷаҳон бовар мекунанд? Агар не, пас онҳо бояд рад карда шаванд. Санҷиш маънои онро дорад, ки тафтиш кардан барои муайян кардани аслӣ будани ашё. Донистани Каломи Худо ба мо фаҳмиш медиҳад, ки чӣ рост ва чӣ дурӯғ аст.

Имтиҳон дар назди мо ин аст: Оё шумо боварӣ доред, ки Исо шахсияти абадии илоҳӣ- инсонӣ аст, ки Писари Худо номида мешавад ва Имонуил, Худо бо мост? Инкор кардани ин маънои онро дорад, ки касе аз санҷиш ноком шудааст.

Худовандо, ба ман ин рӯҳи фаҳмишро деҳ, то ман ҳақиқатро бидонам ва ин ҳақиқат дар шахсияти Исои Худованд пайдо шавад.

Андешаҳои тафсирӣ

Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»

4:1 – Зикри Рӯҳулқудс ба Юҳанно ёдрас мекунад, ки имрӯзҳо дар ин ҷаҳон рӯҳҳои дигар ҳастанд, ки фарзандони Худоро оид ба онҳо огоҳӣ додан лозим аст. Ин ҷо вай имондоронро огоҳ мекунад, ки ба ҳар рӯҳ эътимод накунанд. Калимаи «рӯҳ» пеш аз ҳама ба муаллимон дахл дорад, аммо на танҳо маҳз ба онҳо. Агар шахс дар бораи Навиштаи Муқаддас, Худо ва Масеҳ сухан гӯяд, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки вай фарзанди ҳақиқии Худост. Мо бояд рӯҳҳоро имтиҳон кунем, ки оё аз Худо ҳастанд, чунки бисёр пайғамбарони дурӯғин ба сар то сари дунё рафтаанд. Онҳо мегӯянд, ки масеҳиятро қабул кардаанд, аммо умуман Хушхабари дигарро таълим медиҳанд.

4:2 – Юҳанно барои имтиҳон кардани одамон меъёрҳои амалие пешниҳод мекунад. Муаллимро бо чунин савол имтиҳон кардан мумкин аст: «Шумо дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред?» Ҳар рӯҳе ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф кунад, аз Худост. Ин на танҳо эътирофи он ҳақиқати таърихист, ки
Исо ба ҷаҳон дар бадани одамӣ зода шуда буд, балки, аниқтараш, эътирофи он аст, ки Шахсияти зинда, Исои Масеҳ, дар ҷисм омад. Ин гуна эътироф Исоро ҳамчун Масеҳи таҷассумшуда тасдиқ мекунад ва дар бораи таъзим намудан дар назди Ӯ ҳамчун дар назди Худованди ҳаёти мо мегӯяд. Чун мешунавед, ки шахс оид ба Худованд Исо ҳамчун Масеҳи ҳақиқии Худо шаҳодат медиҳад, хоҳед донист, ки вай аз Рӯҳи Худо сухан меронад. Рӯҳи Худо одамонро даъват менамояд, то Исои Масеҳро ҳамчун Худованд эътироф намоянд ва ҳаёти худро ба Ӯ боварӣ карда супоранд. Рӯҳулқудс ҳамеша
Исоро ҷалол медиҳад.

4:3 – Ва ҳар рӯҳе ки инкор кунад, ки Исои Масеҳ ба ҳасби ҷисм омад, аз Худо нест. Маҳз ҳамин тавр шумо метавонед муаллимони дурӯғинро ошкор намоед. Онҳо Исои Масеҳро, ки дар ояти пештара тасвир шуда буд, инкор мекунанд. Ин рӯҳи зиддимасеҳ аст, ки пайғамбарон дар бораи он гуфта буданд ва он акнун дар ҷаҳон аст. Имрӯзҳо бисёриҳо дар бораи Исо чизҳои қобили қабулро мегӯянд, аммо Ӯро ҳамчун Худои таҷассумёфта эътироф намекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Масеҳ «илоҳӣ» аст, аммо намегӯянд, ки Ӯ Худи Худо аст.

4:4 – Имондорони фурӯтан метавонанд ин муаллимони дурӯғинро мағлуб кунанд, зеро дар худ Рӯҳулқудсро доранд, ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки иштибоҳро ошкор намоянд ва онҳоро гӯш накунанд.

4:5 – Муаллимони дурӯғин аз ҷаҳон мебошанд, ва бинобар ин сарчашмаи ҳар он чи онҳо мегӯянд, дунявӣ аст. Ҷаҳон ибтидои ҳамаи он чизҳоест, ки онҳо таълим медиҳанд, ва бинобар ин ҷаҳон ба онҳо гӯш меандозад. Ин ба мо онро ёдрас мекунад, ки таҳсини ҷаҳон наметавонад меъёри баходиҳии ҳақиқӣ будани таълимот бошад. Агар шахс майли шуҳрат ёфтан дошта бошад, вай бояд танҳо он чизеро гӯяд, ки ҷаҳон мегӯяд, аммо агар вай ба Худо вафодор монданӣ бошад, ногузир ба мухолифати ҷаҳон рӯ ба рӯ мешавад.

4:6 – Дар ин оят Юҳанно ҳамчун намояндаи расулон сухан меронад: «Мо аз Худо ҳастем, ҳар кӣ Худоро мешиносад, ба мо гӯш медиҳад». Ин чунин маъно дорад, ки ҳамаи ҳақиқатан аз Худо зодашудагон таълимоти расулонро, ки дар Инҷил баён шудааст, қабул мекунанд. Баръакс, онҳое ки аз Худо нестанд,
аз шаҳодатҳои Инҷил даст мекашанд, ё кӯшиш мекунанд ба он чизе илова кунанд ё онро таҳриф кунанд.

4:7-20

Муҳаббат хусусияти зотии Худост, ки ягонагии Ӯро ошкор мекунад. Худо на танҳо соҳиби муҳаббат аст ё сарчашмаи муҳаббат, балки Ӯ худ муҳаббат аст.

C. S. Lewis таъкид мекунад: Бисёриҳо сухани “Худо муҳаббат аст”-ро дӯст медоранд, вале маънии амиқи ин изҳоротро намефаҳманд. Муҳаббат ҳамеша ба муносибати ду ё бештар шахс иртибот дорад. Агар Худо танҳо як шахси муҷаррад мебуд, пас пеш аз офариниши ҷаҳон муҳаббат намедошт. Аммо, масеҳиён мегӯянд, ки муҳаббати Худо зинда ва доимӣ аст, зеро муҳаббат дар зоти Ӯ ҳамчун Падар, Писар ва Рӯҳулқудс амал мекунад.

Масеҳиён ба Худое эътиқод доранд, ки:

Ин муҳаббати амиқ ва наздикест, ки дар ҳаёти масеҳиён инъикос меёбад. Ба ибораи дигар, Худо дар мо зиндагӣ мекунад ва мо дар Ӯ. Ҳамин муҳаббатест, ки ҷомеаи фарзандони Худоро муттаҳид ва неруманди мекунад.

Дуо: Худовандо, муҳаббати туро дар дили ман афзун гардон, то ман дар ту зиндагӣ кунам ва муҳаббати туро ба дигарон бахшам.

Андешаҳои тафсирӣ

Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»

4:7-8 – Ин ҷо Юҳанно мавзуи муҳабб ати бародаронаро ҷамъбаст мекунад. Вай таъкид менамояд, ки муҳаббат вазифаест, ки бо табиати Худо мувофиқат мекунад. Чунон ки зикр шуда буд, Юҳанно на дар бораи муҳабб ате фикр мекунад, ки дар байни одамон маъмул аст, балки дар бораи муҳабб ати фарзандони Худо, ки аз олами боло зодашудагон доранд. Муҳаббат аз ҷиҳати пайдоиш аз Худост, ва ҳар кӣ дӯст медорад, аз Худо таваллуд ёфтааст. Касе ки дӯст намедорад, Худоро нашинохтааст, чунки Худо муҳаббат аст. Ин ҷо гуфта нашудааст, ки Худо дӯст медорад. Ин ҳақиқат аст, аммо Юҳанно таъкид мекунад, ки Худо муҳаббат аст. Муҳаббат табиати Ӯст. Ба ғайр аз муҳаббате ки сарчашмааш дар Ӯст, муҳаббати ҳақиқӣ нест. Суханони «Худо муҳаббат аст» сазовори онанд, ки ба тамоми забонҳои рӯи замин ва дар осмонҳо эълон карда шаванд.

Г. С. Барретт ин суханонро чунин меномад: Суханони бузургтарине ки замоне одам ба забон овардааст, суханони бузургтарин дар тамоми Навиштаи Муқаддас … Ҳамаи маъноҳои ин суханонро ҳатто лаҳзае ба худ тасаввур кардан имкон надорад; чунки на идроки инсонӣ, на идроки сунъӣ на ҳоло ва на ягон вақти дигар маънои даркнашавандаи онро фаҳмида наметавонад; аммо мо бо эҳтироми ҳаяҷоннок гуфта метавонем, ки ин суханон оид ба Худо калиде ба ҳамаи корҳо ва роҳҳои Худо … ба сирри офариниш … ба наҷот … ва ба худи моҳияти Худо мебошанд.” (G. S. Barrett, The First Epistle General
of St. John, саҳ. 170-173.)

4:9-10 – Дар оятҳои оянда зуҳуроти муҳаббати Худо дар се замон тасвир ёфтаанд. Дар гузашта он ба мо, гуноҳкорон, дар он зоҳир шуда буд, ки Ӯ Писари ягонаи Худро ато намуд (4,9-11). Дар замони ҳозира он ба мо, муқаддасон, дар он зоҳир мешавад, ки Ӯ дар мо сокин аст (4,12-16). Дар оянда он ба мо дар
он зоҳир мешавад, ки Ӯ ба мо дар рӯзи доварӣ ҷуръат медиҳад.
Худо муҳаббати Худро пеш аз ҳама ба мо, ҳамчун ба гуноҳкорон, зоҳир намуд. Худо ба ҷаҳон Писари ягонаи Худро фиристод, то ки мо ба воситаи Ӯ наҷот ёбем. Ӯ Писари Худро барои кафорати6 гуноҳҳои мо фиристод. Мо мурда ва муҳтоҷи ҳаёт будем, мо айбдор ва муҳтоҷи кафорат будем. Ибораи «Писари
ягонаи Худро » идеяи муносибатҳои махсусе-ро дорад, ки ягон писари дигар дар он шарик буда наметавонист. Ин муносибатҳо муҳаббати Худоро чунон олидараҷа мегардонанд, ки Ӯ Писари ягонаи Худро ба ҷаҳон мефиристад, то ки мо ба воситаи Ӯ зиста тавонем.
Муҳаббати Худо ба мо на барои он ошкор шуд, ки аввал мо Ӯро дӯст доштем. Баръакс; дар асл мо душманони Ӯ будем ва аз Ӯ нафрат доштем. Дигар хел карда гӯем, Ӯ моро на бар ои он ки Ӯро дӯст медоштем, балки бар хилофи мухолифати шадиди мо дӯст медошт. Ва Ӯ муҳабб ати Худро чӣ гуна зоҳир намуд? Писари Худро барои кафорати гуноҳҳои мо фиристод. Кафорат дар ин ҷо маънои қаноат кунонидан, ё ҳал намудани масъалаи гуноҳро дорад.

Баъзе либералҳо дар бораи муҳабб ати Худо аз қурбонии наҷотдиҳандаи Масеҳ ҷудо муҳокимаронӣ карданро дӯст медоранд. Дар
ҳамин ҷо Юҳанно ин ду падидаро муттаҳид карда, дар онҳо ягон хел зиддиятро намебинад.
Деннӣ шарҳ медиҳад: Ба парадокси ҳайратовари ин оят диққат диҳед, ки Худо дар як вақт ҳам дӯст медорад ва ҳам ба хашм меояд ва муҳаббати
Ӯ кафоратро пешбинӣ мекунад, ки ғазаби Ӯ бар зидди моро бартараф мекунад. Ба ҷои ҷустани мухолифат дар байни муҳаббат ва кафорат расул ба ғайр аз идеяи кафорат ягон идеяи дигари муҳаббат ба касеро пешниҳод намекунад. (James R. Denney, The Death
of Christ, нашри дуюм, саҳ. 276.)

4:11 – Акнун Юҳанно моро водор мекунад, то дар бораи дарси ибрате ки ин муҳаббати бепоён медиҳад, фикр кунем. «Агар Худо моро ин гуна дӯст дошта бошад, мо низ бояд якдигарро дӯст бидорем». Ин ҷо калимаи агар маънои шубҳаро надорад, он ба маънои «азбаски » истифода мешавад. Азбаски Худо муҳаббати Худро ба онҳое ки акнун фарзандони Ӯ ҳастанд, фурӯ рехтааст, пас, мо низ бояд онҳоеро дӯст дорем, ки ҳамроҳи мо ба оилаи мубораки Ӯ дохиланд.

4:12-13 – Дар замони ҳозира муҳаббати Худо ба мо дар он зоҳир мегардад, ки он дар мо сокин аст. Расул мегӯяд: «Худоро ҳаргиз касе надидааст: агар мо якдигарро дӯст дорем, Худо дар мо сокин аст ва муҳаббати Ӯ дар мо комил аст». Дар Юҳанно 1:18 мехонем: «Худоро ҳаргиз касе надидааст; Писари
ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард»
. Дар Инҷили Юҳанно мо мебинем, ки Худои ноаён Худро ба ҷаҳон ба воситаи Исои Масеҳ аён намуд. Суханони «Худоро ҳаргиз касе надидааст » дар Номаи Юҳанно такрор мешаванд.
Аммо акнун Худо Худро ба ҷаҳон на ба воситаи Масеҳ аён мекунад, чунки Ӯ ба осмон баргашт ва акнун дар тарафи рости Худо нишастааст. Ҳозир Худо Худро ба ҷаҳон ба воситаи имондорон зоҳир менамояд. Одамон Худоро дидан мехоҳанд, ва чӣ хуш аст, ки мо ба ин эҳтиёҷ ҷавоби Худо хоҳем буд! Ва ҳангоме ки якдигарро дӯст медорем, муҳаббати Ӯ дар мо комил аст, яъне муҳабб ати Худо ба мо ба ҳадаф расидааст. Мо на барои он зиндагӣ мекунем,
ки пункти охирини баракатҳои Худо бошем, балки танҳо каналҳои он бошем. Муҳаббати Худо ба мо на барои он дода шудааст, ки ба худ ғун кунем, балки барои он дода шудааст, ки ба воситаи мо ба дигарон ҷорӣ шавад. Муҳаббат ба якдигар исботи он аст, ки мо дар Ӯ сокин ҳастем ва Ӯ дар мо, ва мо шарикони Рӯҳи Ӯ ҳастем. Тасаввур кунед, чӣ қадар олист, ки Ӯ дар мо сокин аст ва мо дар Ӯ!

4:14 – Акнун Юҳанно шаҳодати гурӯҳи расулонро ҳамроҳ мекунад: «Ва мо дидаем ва шаҳодат медиҳем, ки Падар Писарро фиристод, то ки Наҷотдиҳандаи ҷаҳон гардад». Ин эъломияи бузурги муҳаббати Худо дар амал аст. Суханони «Падар Писарро фиристод» имкониятҳои номаҳдуди амали Масеҳро тасвир
мекунанд. В. Е. Вайн навишта буд, ки «имкониятҳои хизмати Ӯ ба андозаи одамдӯстияш беҳудуд буданд, ва танҳо тавбанопазирӣ ва беимонии одамон онҳоро то ба андозаи натиҷаи амалӣ маҳдуд карданд» (W. E. Vine, The Epistles of John, саҳ. 85.)

4:15 – Баракате ки бо ҳузури Худи Худо ҳамроҳ аст, имтиёзи ҳамаи онҳоест, ки Писари Худо будани Исоро эътироф мекунанд. Боз ҳам, ин на эътироф чун натиҷаи идрок аст, балки эътирофи садоқати худ ба Худованд Исои Масеҳ аст. Муносибате наздиктар аз он нест, ки одам дар Худо ва Худо дар одам
сокин бошад. Ин гуна муносибатҳоро аёнан тасаввур кардани мо душвор аст, аммо мо метавонистем онро бо оташгирак дар оташ, исфанҷ дар об ва ё кураи ҳавоӣ дар ҳаво монанд кунем. Дар ҳар як ҳолат объект дар муҳит аст, ва муҳит дар объект аст.

4:16 – Ва мо муҳаббатеро, ки Худо ба мо дорад, медонем ва ба он бовар мекунем. Худо муҳаббат аст ва ҳар кӣ дар муҳаббат сокин аст, вай дар Худо сокин аст, ва Худо дар вай. Худо муҳаббат аст, ва ин муҳаббат бояд объектро ёбад. Объекти махсуси муҳаббати Худо – гурӯҳи онҳоест, ки барои оилаи Худо
зода шудаанд. Агар бо Худо дар мушоракат будани ман лозим бошад, пас, ман бояд онҳоеро, ки Ӯ дӯст медоранд, низ дӯст дорам.

4:17 – Муҳаббат дар мо чунон ба камол расидааст. На муҳабб ати мо ба камол расидааст, балки муҳабб ати Худо дар мо ба камол расидааст. Акнун Юҳанно ҳамроҳи мо ба оянда, ба вақте ки мо назди Худованд хоҳем истод, назар меандозад. Оё мо бо ҷурьат ва боварӣ хоҳем истод ё аз даҳшат худро ба дарун мекашем? Ҷавоб чунин аст; мо ҷурьат ва боварӣ хоҳем дошт, чунки муҳаббати комили Худо масъалаи гуноҳро барои ҳамеша ҳал кардааст. Сабаби боварии мо ба рӯзи оянда дар ин суханон ифода ёфтааст: «… зеро чунон ки Ӯ ҳаст, ончунон мо низ дар ин ҷаҳон ҳастем».
Дар замони ҳозира Худованд Исо дар осмон нишастааст, ва доварӣ пурра ба гузашта тааллуқ дорад. Вай боре ба ҷаҳон омад ва азоб ва ҷазоеро, ки мо барои гуноҳҳоямон сазовор будем, аз сар гузаронд. Аммо Ӯ амали наҷотро ба ҷо овард, ва масъалаи гуноҳ дигар ҳеҷ гоҳ бардошта намешавад. Чунон ки Ӯ ҳаст, ончунон мо низ дар ин ҷаҳон ҳастем. Гуноҳҳои мо дар салиби Ҷолҷолто маҳкум шуда буданд, ва мо бо боварӣ суруда метавонем:
Марг ва доварӣ – дар ақиби ман,
Меҳрубонӣ ва ҷалол – дар пеши ман;

Ҳамаи мавҷҳои баҳр бар Исо фурӯ рехтанд,
Он ҷо онҳо қудрати азими худро гум карданд.

Ҷ. А. Тренч


Доварӣ бар Ӯ фурӯ рехт, пас, мо аз маҳкумият берун ҳастем.

4:18 – Мо барои дарк кардани муҳаббати Худо омадаем, барои ҳамин аз ҳалокат наметарсем. Дар муҳаббат тарсе нест, балки муҳаббати комил тарсро бадар меронад. Маҳз муҳаббати комили Ӯ ҳаросро бадар меронад. Ман ба муҳаббати Худованд аввалан барои он боварӣ дорам, ки Ӯ барои ман Писари Худро ба марг фиристод. Сониян, ман медонам, ки Ӯ маро дӯст медорад, чунки ҳозир дар ман сокин аст. Сеюм, ман метавонам бо боварӣ ва бе ягон тарс ба оянда нигоҳ кунам. Дуруст аст, ки тарс азоб дорад, ва касе ки метарсад, дар муҳаббат комил нест. Муҳаббати Худо дар ҳаёти одамоне ки аз Ӯ метарсанд, амал карда наметавонад. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба назди Ӯ бо пушаймонӣ намеоянд ва бахшидани гуноҳҳоро ба даст намеоваранд.

4:19 – Мо Ӯро9 дӯст медорем, чунки аввал Ӯ моро дӯст дошт. Мо Ӯро ба як сабабе дӯст медорем – аввал Ӯ моро дӯст дошт. Даҳ Фармуда талаб мекунанд, ки одам Худоро ва ёри худро дӯст дорад. Аммо шариат ин муҳаббатро дода наметавонист. Пас, Худо чӣ гуна метавонист он муҳабб атеро, ки росткории
Ӯ талаб мекард, ба даст оварад? Ӯ масъаларо ин тавр ҳал кард: Писари Худро фиристод, то ки Ӯ барои мо бимирад. Ин гуна муҳаббати олӣ чун арзи миннатдорӣ аз боиси он чи Ӯ барои мо кард, дилҳои моро ба Ӯ ҷалб мекунад. Мо мегӯем: «Ту барои ман хуни Худро рехтӣ ва мурдӣ, акнун ман барои Ту хоҳам зист».

4:20 – Юҳанно таъкид мекунад, ки кӯшишҳои Худоро дӯст доштан беҳудаанд, агар дар айни замон мо аз бародари худ нафрат дошта бошем. Ҳар қадаре ки парраҳо ба марказ наздиктар бошанд, ҳамон қадар бо ҳам наздиктаранд. Ҳамин тариқ, ҳар қадаре ки мо ба Худованд наздиктар бошем, бародарони
масеҳии худро ҳамон қадар бештар дӯст медорем. Амалан мо Худовандро на он қадар бештар аз он ки ба фурӯтантарини пайравони Ӯ муҳаббат дорем, дӯст медорем. Юҳанно исбот мекунад, ки Худоро, ки надидаем, дӯст доштан имкон надорад, агар мо бародаронеро, ки дидаем, дӯст надорем.

4:21 – Расул бобро бо такрори фармудае ки мо аз Ӯ дорем, ба анҷом мерасонад: ҳар кӣ Худоро дӯст медорад, бародари худро низ дӯст дорад.

C. S. Lewis таъкид мекунад: Бисёриҳо сухани “Худо муҳаббат аст”-ро дӯст медоранд, вале маънии амиқи ин изҳоротро намефаҳманд. Муҳаббат ҳамеша ба муносибати ду ё бештар шахс иртибот дорад. Агар Худо танҳо як шахси муҷаррад мебуд, пас пеш аз офариниши ҷаҳон муҳаббат намедошт. Аммо, масеҳиён мегӯянд, ки муҳаббати Худо зинда ва доимӣ аст, зеро муҳаббат дар зоти Ӯ ҳамчун Падар, Писар ва Рӯҳулқудс амал мекунад.

Series Navigation<< Боби 1 Юҳанно 3Роҳи Ғалаба – 1 Юҳанно 5 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *