Ҳушаъ 4:1-19
Худо Исроилро мазаммат мекунад
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Тамоми Исроил: ҳам қавм ва ҳам коҳинон Худо ва шариати Ӯро фаромӯш карда, ба гуноҳҳо ва бутпарастӣ гирифтор шуданд. Худо гуноҳҳои мардумро номбар мекунад ва ҳукми Худро эълон мекунад.
Дониш нобуд – Дар замони Ҳушаъ исроилиён чунон фосид шуда буданд, ки дигар онҳоро халқи Худо номида намешуд. Гумроҳии рӯҳонӣ ҳатто коҳинонро зарба зад, ки даъват шуда буданд, ки бояд ба мардум шариатро меомухтанд ва онҳоро бо роҳи адолат ҳидоят мекарданд. Худои Таоло подшоҳи Шимолро дар бораи доварии Худ огоҳ кард ва Яҳудоро аз пайравӣ кардан ба роҳи Ӯ огоҳ кард (оят. 1-19).
Дарсҳои Худо

Оят. 1-3 Исроил муҳаббат ва садоқатро нисбати Худо фаромӯш карданд. Дар натиҷа мардум дар ботлоқи дурӯғу дуздӣ, хунрезӣ ва фосиқӣ қарор доштанд, ки аз он ҳатто табиат ҳам азоб мекашид, ва ба мардум бо гуруснагӣ ва хушксолӣ посух медод. Гуноҳ муносибатҳои на танҳо байни Худованд ва одамон, балки байни аъзоёни ҷомеа ва ҳатто байни инсон ва табиати атрофро низ вайрон карда буд. Вақте ки ҷинояткорӣ дар ҷомеаи мо зиёд мешавад ва
офатҳои табии бештар мешаванд, оё шумо ба ин чизе, ки Худованд тавассути Каломи Худ ба шумо мегӯяд, гӯш мекунед?
Бутпарастии Исроил – 11 Зино ва шароб ва машрубот дилҳоро рабудааст. 12 Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд. 13 Бар қуллаҳои кӯҳҳо онҳо қурбонӣ мекунанд, ва бар талҳо, зери дарахтони булут ва сафедор ва писта, ки сояи хуб дорад, бухур месӯзонанд; бинобар ин духтарони шумо зино мекунанд, ва келинҳои шумо саргарми фаҳш мешаванд. 14 Ман духтарони шуморо, ки зино мекунанд, ва келинҳои шуморо, ки саргарми фаҳш мешаванд, ҷазо нахоҳам дод, зеро ки худи мардҳои онҳо бо фоҳишаҳо хилват мегузинанд, ва бо зинокорон қурбонӣ мекунанд, ва қавми нофаҳм гумроҳ мешаванд. (4:11-14)
Исроил ба мастигарӣ, баткорӣ машғул шуда ба бутҳои бегона дуо гуфта, барои шукуфоӣ талаб мекарданд. Оё шумо низ мисли халқи Исроил аз паи муваффақияти ҷаҳонӣ ва некӯаҳволии моддӣ мешавед?
Худовандо ба мо ёрӣ деҳ, ки худфиребӣ накунем ва то охир ба Ту содиқ бошем. Омин.