Дарсҳои рӯҳонӣбахшишНони ҲаррӯзаИнҷили Луқо

Бахшиш дар Масеҳ – Луқо 7:36-50

This entry is part 18 of 26 in the series Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Баъзе фарисиён мехостанд дар бораи Исо бештар бифаҳманд, вале онҳо дар адолати худ монда буданд. Онҳо ҳаёти сахтеро ба сар мебурданд, то бо ҳар роҳ ба қонун итоат кунанд. Яке аз самтҳои асосӣ барои онҳо ин буд, ки бо кӣ робита доранд. Ба фикри онҳо, пок бояд танҳо бо пок ҳамнишин бошад, ва бадкор — бо бадкор.

Луқо 7:36–39 — Фарисиён ва файз

36 Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват кард ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар сари дастархон кашпаҳлӯ зада нишаст. 37 Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, як шишача равғани атрафшонро гирифта ба он ҷо омад. 38 Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. 39 Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, аз дилаш чунин фикрро гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! (7:36-39)

Пас, вақте ки шахси “одил” бо гунаҳкор вомехӯрад, чӣ мешавад?

Барои шахси худотарс беҳтар аст аз гунаҳкор дурӣ ҷустан. Онҳо фикр мекарданд, ки ҳузури гунаҳкор метавонад онҳоро “палид” кунад. Ба назари онҳо, дур шудан беҳтар аз роҳ рафтан бо чунин шахсон буд.

Аз ҷиҳати фарҳангӣ мо ҳаминро чунин баён мекунем:

 • «Бо бадон нишинӣ, бад мешавӣ.»

 • «Аз ҳамнишини бад, бадӣ мемонад.»

Аммо вақте ки Исо бо “гуноҳкор” вомехӯрад, чӣ кор мекунад?

Шояд шумо рафтори баъзе диндорони замони имрӯзро дидаед: вақте бо касе рӯ ба рӯ мешаванд, ки ба меъёрҳои динии онҳо мувофиқат намекунад, ҳатто саломи ӯро нодида мегиранд. Гумон мекунанд, ки нодида гирифтан касеро ба тавба мебарад. Аммо набудани раҳмдилӣ танҳо худбинӣ ва сахтии дилро нишон медиҳад.

Дар ин қисса зани гунаҳкор нишонаҳои тавбаро нишон медиҳад: гиря мекунад, фурӯтан аст ва бо тамоми вуҷуд Исо ро эҳтиром мекунад. Аммо марди диндор на раҳм дорад ва на дилсӯзӣ. Дар сархатҳои қаблӣ сухан дар бораи тавбаи Яҳёи Таъмиддиҳанда мерафт. Дар ин ҷо бошад, рафтори зан самараи тавбаро нишон медиҳад, дар ҳоле ки аксуламали фарисӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна дили инсон метавонад сахт ва бе меҳрубонӣ шавад.

Фарисӣ танҳо дар бораи як чиз фикр мекунад: чи гуна аз шахсе, ки гунаҳкори ошкор аст, ҷудо шавад. Аммо Исо танҳо дар бораи он фикр мекунад, чи гуна муҳаббат ва марҳамат нишон диҳад.

Фарисӣ дар дилаш меандешад: «Агар ин Мард пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан кист ва то чӣ андоза гунаҳкор аст.» (7:39).

Ин воқеан андешаи шахси худодӯстнамо аст. Аммо агар фарисӣ мефаҳмид, ки меҳмони дар хонаи ӯ кист — Писари абадии Худо — пас медонист, ки Ӯ қодир аст ҳар гунаҳкорро бахшад. Исо ба шаъну шарафи худ нигоҳ намекард — Вай ба шаъну шарафи инсон дар назди Худо менигарист.

Парвардигоро, ба ман қалби кушода ва қалби ибодаткунанда ато кун. Ба ман диле бубахш, ки кушода боқӣ мемонад, мебахшад ва меомӯзад, то ки дар ҳар ҳолат муҳаббат ва раҳмдилии Ту аз ман зоҳир шавад.

Луқо 7:40–50 — Амиқии Муҳаббат

«Меҳмон ризқи Худост.» Дар ин ҷо меҳмоне, ки пеш аз Исо омада буд, барои ҳамаи мо дарси ибрат аст. Ҳикоя бо Исо дар хонаи Шимъӯни фарисӣ идома меёбад. Зани гунаҳкор даромада, Исоро эҳтиром кард. Акнун Исо ба фарисӣ як ҳикояро нақл мекунад.

Исо достони ду нафарро мегӯяд, ки қарздор буданд: яке қарзи хурд ва дигаре қарзи калон дошт. Шахсе, ки пул дода буд, қарзи ҳардуяшонро бахшид. Сипас Исо аз фарисӣ мепурсад: «Ҳоло бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» (7:42) Фарисӣ ҷавоб медиҳад, ки касе, ки маблағи бештар бахшида шудааст.

Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ».

44 Баъд ба он зан нигариста, ба Шимъун гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман ба хонаат омадам, вале барои пойҳоям об наовардӣ. Ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш тар ва бо мӯйҳояш хушк кард. 45 Ту ба Ман бӯсаи салом доданро фаромӯш кардӣ, аммо ин зан аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46 Ту ба сарам ҳатто равғани одиро намолидӣ, вале вай равғани атрафшонро ба пойҳоям рехт. 47 Бинобар ин, ба ту мегӯям: азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати амиқ дорад. Ва касе, ки камтар бахшида мешавад, муҳаббаташ низ камтар аст».

Суханони Исо махсусан дар ҷомеае, ки шараф муҳим буд, таъсиргузор аст. Соҳиби хона мебоист ба меҳмони худ муҳаббат ва эҳтиром нишон медод, аммо Шимъун бештар ба нигоҳ доштани шаъну эътибори худ нигарон буд. Ӯ меҳмоннавозӣ накард ва эҳтироми худро маҳдуд намуд.

Амалиёти зан нишон медиҳад, ки вай чи қадар гунаҳкор ва аз назари ҷомеа «носазовор» буд. Аммо марҳамат ва файзи Масеҳ амалҳои ӯро қабул мекунад — на ҳамчун таҳқир, балки ҳамчун нишонаи миннатдорӣ аз бахшоиш.

Амал барои имрӯз – Бахшиш

Имрӯз мо чӣ кор мекунем, то шарафи худро нигоҳ дорем?

Оё мо бештар мекӯшем, ки худро дар чашми дигарон одил нишон диҳем, на ба кӯмак ва ғамхорӣ ба дигарон?

Оё мо фикр мекунем, ки аз дигарон беҳтарем? Чунин фикр одамро бисёр вақт ба нодидагирӣ ва худхоҳӣ мебарад.

Дар охири ин воқеа, диндорон бештар дар бораи он баҳс мекунанд, ки «кис метавонад гуноҳҳоро бахшад», на он ки дар воқеъ чӣ рух дод. Худованд касеро бахшид — ва чунин маврид бояд бо ибодат ва шукргузорӣ истиқбол шавад. Аммо онҳое, ки Исоро ҳамчун Наҷотдиҳанда қабул намекунанд, ба баҳси динӣ бетараф мешаванд ва аз дидани гуноҳ ва худхоҳии худ мегурезанд.

Бо вуҷуди ин, файзи Худо ба ҳар кас мерасад, ки бо фурӯтанӣ ба Ӯ меояд. Мо ба назди Худо омада, аз гуноҳҳои худ тавба мекунем ва аз Исо хоҳиш мекунем, ки моро бубахшад.

Бахшиш – Музди гуноҳ марг аст, ва Исо барои гуноҳҳои мо ин нархро пардохт. Вақте ки Ӯ аз мурдагон бархост, Худо нишон дод, ки қурбонии Ӯро қабул кардааст. Мағфирти гуноҳ бо роҳи дигар намеёбад — танҳо ба воситаи Исо.

Ба назди Исо биёед.

Падари Осмонӣ, ба ман рӯҳияи бахшиш деҳ. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ба дигарон раҳмдил бошам ва дар бораи он фикр кунам, ки чӣ гуна ба онҳо кӯмак расонам. Ба ман кумак намо, ки ба одамон бо меҳрубонӣ ва қабули самимӣ ҷавоб диҳам. Муносибатҳои сард ва дилсахтии маро бигир ва онҳоро бо муҳаббат ва ғамхорӣ иваз кун. Амин.

Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Исо ва Яҳё – Луқо 7:18-35 Масалхо ва кишт – Луқо 8:1–21

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *