Ҳушаъ 11:1-11
«Чӣ хел ба ту хиёнат кунам, Исроил?»
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Худои Таоло халқи Исроилро аз Миср раҳо кард ва мисли писар калон кард. Исроилиён бошад ҳамаи инро фаромӯш карда ба каломи Ӯ итоат накарданд. Мисли писари гумроҳ, онҳо аз Падар то чанд дуртар мегаштанд (оят. 1-7).
Аммо сарфи назар аз хиёнати халқи Худ, Худованд ваъда дод, ки онҳоро ба замини Ваъдашуда бармегардонад, вақте ки онҳо азоби сахтро аз сар гузаронида, тавба карданд (оят. 8-11).

Хислати Худо
1 Вақте ки Исроил навҷавоне буд, Ман ӯро дӯст доштам; ва писари Худро аз Миср даъват намудам. (11:1)
3 Ва ҳол он ки Ман Эфроимро ба по хезонида ба роҳравӣ одат кунондам, бар бозуҳоям ӯро бардоштам, вале онҳо надонистанд, ки Ман онҳоро шифо додаам. (11:3)
8 Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст. (11:8)
Оят. 1,3,8 Худои дигаргунашаванда халқи Худро дӯст медошт: ҳам дар лаҳзаи интихоб шуданаш, ҳам дар вақте, ки ба Ӯ содиқ буд ва ҳатто дар вақте, ки бар зидди Ӯ гуноҳ карданд. Муҳаббати Худо бетағйир аст ва аз вазият вобаста нест.
Дарсҳои Худо

Оят. 5-7 Исроилиён, ки аз Худо рӯй гардонданд, бетағйир дар Ашшур ва Миср ғулом хоҳанд шуд. Ва Баал, ки ба вай умед доштанд, ба онҳо кумак намекард. Оё шумо садои Худоро сарфи назар намекунед, вақте ки Ӯ шуморо даъвад мекунад, то ба сӯи Ӯ баргардед? Оё шумо ҳамчунон якравона ба чизе ё касе, ғайр аз Худованд умед доред, ки шуморо наҷот дода метавонад?
Худованди меҳрубон ба Ту шукр мегӯем, барои муҳаббати бепоёни Ту, ки ҳангоми аз Ту дур шудан, моро бо ҳар восита имконпазир истифода бурда, моро назди Худ бармегардони . Омин.