Нони ҲаррӯзаЗабур

Забур 63

This entry is part 11 of 14 in the series Мулоҳизаҳо дар бораи Забур

Худо душманонашро бо тирҳои Худ мезанад

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Душманони Довуд бар зидди ӯ нақшаи бадӣ карданд. Силоҳи ин мардум забон ва калимаҳои дурушт буд, ки бо он мехостанд ӯро зананд. Аммо Довуд оварӣ дорад, ки Худои Таоло ӯро муҳофизат мекунад. Худованд даҳони бадкоронро хомӯш хоҳад кард ва аз даҳони одилон суруди ҳамду сано ба Ӯ ҷорӣ хоҳад шуд (оят.1-11).

Хислати Худо

Ба бадкории худ қоиманд; барои ниҳодани домҳои ниҳонӣ забон як мекунанд; мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?» (Забур 63:6)

Оят. 7-9. Худо ҳама ният ва нақшаҳои бадкоронро медонад. Инсон метавонад фикру кирдори худро аз одамон пинҳон кунад, вале на аз Ӯ. Биёед кӯшиш кунем, ки суханон ва амалҳои мо аз рӯи имон ба Худои зинда ва аз ҷониби Воҷибулвуҷуд гуфта шаванд ва дар хотир дорем, ки Ӯ ҳамеша наздик ҳаст.

Дарсҳои Худо

Оят. 3-6. Бадкорон бар зидди одилон дурӯғ ва суханони талхро ба кор мебаранд. Чунин одамон ба беҷазо мондани худ боварӣ доранд, аммо Худованд вақте ки барои одилон истодагарӣ мекунад, бадкоронро бо силоҳи Худ мағлуб хоҳад кард. Донистани ин, вақте ки бо муносибати ноодилона нисбати худамон рӯ ба рӯ мешавем ё суханони бадеро мешунавем, ноумед нашавем, балки ба Худованде, ки ба мо мададгор аст, умедвор бошем.

Худовандо, ба мо ёрӣ деҳ, ки фикрҳо ва суханони нопокро аз худ дур кунем, ҳатто вақте ки мо ба Ту ҷуз шикоят ва суханони ноумедӣ чизе гуфтанӣ
надорем. Омин
.

Series Navigation<< Забур 62 – Нони ҲаррӯзаЗабур 64 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *