Нони ҲаррӯзаЗабур

Забур 64

This entry is part 12 of 14 in the series Мулоҳизаҳо дар бораи Забур

Худовандро ҷалол хонед!

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Довуд марҳамати Худоро пурра ҳис карда, ба Ӯ шукр мегӯяд ва барои ҳар коре, ки барои ӯ кардааст, Ӯро ҷалол медиҳад. Забурнавис мефаҳмонад, ки чаро мо бояд Худовандро ҳамду сано гӯем. Аввалан, Худо дуоҳои моро мешунавад. Дуюман, Ӯ гуноҳҳои моро бахшид ва ба мо иҷозат дод, ки дар ҳавлии Худ зиндагӣ кунем. Сеюман, мо метавонем аз баракатҳо ва ҳукмронии одилонаи Ӯ баҳра барем. Довуд боварӣ дорад, ки тамоми олам – аз сабабҳое пур аст,
ки чаро мо бояд Офаридгорро ҳамду сано хонем. Худо аз ситоиши самимӣ, ки аз умқи дилҳои мо меояд, хушнуд мешавад (оят.1-14).

Хислати Худо

2 Туро, эй Худо, дар Сион ҳамду сано мунтазир аст, ва назрҳо ба Ту адо карда хоҳад шуд. 3 Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад. (64:2-3)

Оят.2,3. Худо сазовори ситоиш аст. Ӯ гуноҳҳои моро бахшид ва моро фарзандони Худ гардонд.

Оят.4-6. Худо ба мо иҷозат додааст, ки аз муошират бо Ӯ баҳра барем. Баракати ҳақиқӣ барои инсон имконияти муносибати наздик бо Офаридгор, ҳуқуқи омадан ба хонаи Ӯст. Аммо, ҳамаи ин танҳо дар сурати бахшида шудани гуноҳҳои мо имконпазир аст. Оё шумо бо гуноҳе, ки кардаед, душворӣ мекашед? Ба назди Худованд, ки моро аз қудрати гуноҳ раҳо кард, биёед ва Ӯ ба шумо кӯмак хоҳад кард!

7 Кӯҳҳоро бо қуввати Худ барпо кардаӣ; бо қудрат камар бастаӣ; 8 Талотуми баҳрҳоро — талотуми мавҷҳои онҳоро, ва ошӯби қабилаҳоро сокит мекунӣ. (64:7-8)

Оят.7,8. Худои Таоло ба тамоми махлуқот мувофиқи хост ва адолати Худ ҳукмфармост. Ҳар он чизе, ки дар табиат рух медиҳад, – натиҷаи соҳибихтиёрӣ ва назорати Ӯст. Ва ҳатто оғози рӯзи нав!
О Худовандо, ба Ту ташаккур мегӯям, ки ба ман бо ҳикмати Худ барои паси сар кардани мушкилотам кӯмак мекунӣ. Омин.

Series Navigation<< Забур 63Забур 9 – Суруди пурсурури Довуд >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *