
ҒАЛОТИЁН Омӯзиши китоби Ғалотиён
Якчанд усули истифодабарии ин воситаи таълими
1. Ин воситаи таълими асосан барои ононе таъин гаштааст, ки аллакай омӯзиши китобҳои “Башорат барои ҳама” ва “Ман аз нав тавлид ёфтам, давомаш чи?”-ро ба анҷом расонидаанд. Усулҳои ғайримустақими роҳбариро, ки дар ду китоби пешин истифода бурда шудаанд, вақти сарварии гурӯҳ дар вақти хидматгузори дар калисои нав истифода бурдан мумкин аст. Ҳар як одаме, ки таҷрибаи кам ва ё тамоман таҷрибаи роҳбарӣ надорад, метавонад, дар омӯзиши китоби Ғалотиён барои роҳбарӣ аз ин воситаи таълимӣ истифода барад. Интизор шудан лозим нест, ки имондори нав мавъиза мекунад ва ё баромади пурсамару боваринок менамояд.
Фоиданок аст, вале ҳатми нест, ки ҳар як аъзои гурӯҳ нусхае аз ин китоб дошта бошад. Иштироки пурраи гурӯҳ дилхоҳ мебуд. Дар зер тавсияҳо барои истифодаи ин китоб дар вақти хидмат ё омӯзиши Библия омадааст. Пеш аз ҳама дар вақти ибодат аз Худо хоҳиш намоед, ки Ӯ ба Шумо пайғоми Худро кушояд. Барранда касеро даъват менамояд, ки Ӯ ба Шумо пайғоми Худро кушояд. Баранда касеро даъват менамояд, ки Нома ба Ғалотиён 1:1-5-ро хонад. Сипас сарвар аз воситаи таълимӣ шарҳи ин оятҳоро хонда метавонад. Хонандаи дигар Ғалотиён 1:6-10-ро аз Библия мехонад ва сарвар ё каси дигар аз гурӯҳ шарҳи онро аз дастури таълимӣ мехонад. Ин то тамомшавии бобҳои Нома ба Ғалотиён ва бобҳои дастури таълимӣ идома меёбад.
Мо пешниҳод мекунем, ки муҳокима то ҳадде маҳдуд бошад, то он вақте ки боб мувофиқи дастури дар боло дода шуда омӯхта нашавад. Дар охири ҳар як боб қисми “Барои омӯзиш ва муҳокима” аст. Далелҳо ва саволҳои он ҷо овардашударо мунтазам хонда ва муҳокима кардан лозим аст. Аъзоёни гурӯҳ бояд дар ҷавоб додан ба саволҳо ва ақидаи худро гуфтан фаъол бошанд. Қисми “Барои омӯзиш ва муҳокима” ҳақиқати асоси бобҳои Библияро дар бар мегирад.
2. Ин дастурро аз тарафи рӯҳонӣ ё сарвари калисо ҳамчун сарчашмаи силсилаи мавъизаҳо аз “Нома ба Ғалотиён” истифода бурдан мумкин аст.
Дар хотир нигоҳ доред:
- Сарвар: Чанд рӯз пеш аз маҷлиси гурӯҳ бо усули ибодат бобҳоро аз Библия якчанд маротиба хонед. Онро то саршавии маҷлис хуб аз бар намоед.
- Каломи Худованд моҳияти бузурге дорад. Он чизе, Библия мегӯяд, муҳимтар ва боқувваттар аз он чизест, ки ман ё шумо дар бораи Каломи Худованд гуфта метавонем. Имкон диҳед ӯ гӯяд. Ба вай бовар намоед.
- Одамонро барои омӯзишашон қадр намоед, он вақт онҳо бештар меомӯзанд.
- Ин дастур барои ёрӣ расондан дар вақти омӯзиши Библия таъин шудааст, вале ин маънии онро надорад, ки ӯ ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳад. Ин тадқиқоти амиқи илми нест, балки дастури оддиест, ки омӯзишро осон мегардонад.
Сарсухан ба омӯзиши китоби Ғалотиён.
Китоби Ғалотиён-ин мактубест иборат аз 6 боб. Павлус ба калисоҳои Ғалотиён мактуб менависад. Вақти номаҳо тақрибан ба солҳои 50-уми баъди тавлиди Масеҳанд.
Шояд дигар китобҳои Библия пурқувваттар, тезтар, ё бештар шахситаранд. Павлус аз умқи дилаш рост ба қалбҳои бародаронаш сухан рондааст. Дар давраи ҳаввориги ин нома дар тайёрии замина барои озодии пурраи Инҷил таъсири бузурге дошт.
Нома ба Ғалотиён имрӯз низ, чун рӯзҳои давраи Павлус моҳияти калоне дорад. Миллионҳо одамон, ки ба урфу одатҳои дини ҳамчун воситаи наҷот умед мебанданд, бояд онро шунаванд. Ин номаро аз даст ба даст додан, ин монанди ҳаётро ҳозир ва абадан аз даст додан аст.
Саволи дар Нома ба Ғалотиён муҳокимашаванда ин аст. Чи тавр одам порсо мешавад? Чи одамро масеҳи мегардонад? Муаллимони дурӯғин ба калисоҳои Ғалотиён омада ба одамон гуфтанд, ки имони Масеҳ комил набуд. Онҳо гуфтанд, ки риояи шариати дини Исроил низ зарур аст. Ҷавоби пурқуввати Павлус, ки мавзӯи нома аст, дар Ғалотиён 2:16 ва 5:1 мебошад. Ин оятҳо ғалатҳоро фош месозад ва таълими ҳақиқиро медиҳанд.
Мавзӯи Нома ба Ғалотиён ин аст: мақоми дуруст дар назди Худо ба воситаи имон, ки дар Масеҳ ва танҳо дар Масеҳ асос ёфтааст муяссар мегардад. Ҳамин тавр озоди ҳақиқи имконпазир мегардад.