ОилаНони ҲаррӯзаКитоби Рут

Рут 4: Издивоҷи Рут ва Бӯаз

Дар боби 4-уми Рут, Бӯаз масъулияти худро ҳамчун хеши наздик қабул карда, Рутро ба занӣ мегирад ва ба ӯ ҳамчун занаш хона ва ҷойи амн медиҳад. Худо ба онҳо писаре медиҳад, ки ӯро Ӯбид ном мегузоранд, ва таваллуди ӯ барои Ноомӣ низ боиси шодӣ ва баракат мегардад. Ӯбид баъдтар падари Йисой ва бобои шоҳ Довуд мешавад, ҳамин тавр Рут, ки аз халқи дигар буд, ба насаби подшоҳии Довуд дохил мешавад.

Рут 4:1–12 – Бӯаз — Раҳокунандае, ки роҳи Худоро интихоб кард

Дар Рут 4:1–2 мебинем, ки рӯзи дигар Бӯаз ба дарвозаи шаҳр меравад. Дар он замон дарвозаи шаҳр танҳо ҷои даромаду баромад набуд. Он ҷо пирони шаҳр ҷамъ мешуданд, баҳсҳоро ҳал мекарданд ва корҳои қонуниро анҷом медоданд. Бӯаз хешованди наздиктарини Элималикро даъват мекунад ва даҳ нафар аз пирони шаҳрро ҳамчун шоҳид мешинонад. Ӯ мехоҳад ҳама корро ошкоро ва мувофиқи қонуни Худо анҷом диҳад. Ин ба мо ёд медиҳад, ки фарзандони Худо набояд бо фиреб ё роҳи осон пеш раванд. Итоат ба Худо баъзан вақт ва сабр талаб мекунад, аммо баракат ҳамеша аз роҳи итоат меояд.

1 Бӯаз назди дарвоза омад, ва он ҷо нишаст. Ва инак, он фидиягузор, ки Бӯаз дар бораи ӯ сухан ронда буд, гузашт. Гуфт: «Эй фалону беҳмадон, баргашта, ин ҷо бинишин». Ӯ баргашта, нишаст. 2 Аз пирони шаҳр даҳ нафарро гирифта, ба онҳо гуфт: «Ин ҷо бинишинед». Онҳо нишастанд. 3 Ба он фидиягузор гуфт: «Ноомӣ, ки аз ноҳияи Мӯоб баргаштааст, қитъаи заминеро, ки аз они бародарамон Элимелех буд, мефурӯшад. 4 Ман салоҳ донистам, ки ба самъи ту расонда, бигӯям: онро ба хузури нишастагон, яъне ба ҳузури ин пирони қавми ман бихар. Агар фидия медиҳӣ — бидеҳ, ва агар фидия намедиҳӣ — ба ман бигӯй, то бидонам, зеро ғайр аз ту касе нест, ки фидия диҳад; ва навбати ман баъд аз туст». Ӯ гуфт: «Ман фидия хоҳам дод».

5 Бӯаз гуфт: «Дар рӯзе ки заминро аз дасти Ноомӣ бихарӣ, Рути мӯобия — зани он марҳумро низ харида бошӣ, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ барқарор намоӣ». 6 Он фидиягузор гуфт: «Наметавонам барои худ фидиягузор бошам: мабодо мероси худро фосид намоям. Пас, фидиягузории маро ту ба зиммаи худ гирифта, фидия бидеҳ, зеро ки наметавонам фидиягузор бошам». (4:1-6, KM99)

Дар Рут 4:3–6 масъалае, ки муҳокима мешавад, пеш аз ҳама дар бораи замин аст, на издивоҷ. Ин барои мо, ки дар фарҳанги тоҷикӣ зиндагӣ мекунем, шояд каме ғайриодӣ бошад. Аммо дар Исроил замин мероси оилавӣ буд, ки Худо ба ҳар қабила дода буд. Мувофиқи Ибодат  25:25–30, агар касе аз сабаби камбизоатӣ замини худро фурӯшад, хешованди наздикаш метавонист онро бозпас харад, то мероси оила аз даст наравад. Эҳтимол, Элималик пеш аз рафтан ба Мӯоб замини худро фурӯхта буд ва акнун бояд касе онро бозпас мехарид.

Аммо ин танҳо харидани замин набуд. Мувофиқи Такрори Шариат 25:5–10, агар бародаре бе фарзанд мемурд, хешованди наздик метавонист Дар китоби Рут, фидиягузор (ибронӣ: гоэл) хеши наздики мард буд, ки вазифаи қонунӣ дошт оилаи худро муҳофизат кунад ва ба онҳо ёрӣ расонад. Мувофиқи қонунҳои Исроил (Ибодат 25 ва Такрори Шариат 25), ӯ метавонист замини аз сабаби камбизоатӣ фурӯхташударо бозпас харад ва бо бевазане, ки фарзанд надошт, издивоҷ кунад, то номи шахси фавтида ва насли ӯ аз байн наравад.

Дар китоби Рут ин мафҳум чанд маротиба зикр мешавад. Дар Рут 2:20 Ноомӣ мегӯяд: «Ӯ аз фидиягузорони мост» (KM99). Ҳамчунин ин калима дар Рут 3:9 ва 4:1 низ истифода шудааст. Маънои онро метавон бо калимаи «раҳокунанда» низ ифода кард, зеро чунин шахс оиларо аз вазъияти душвор наҷот медод ва ҳуқуқҳои онҳоро барқарор мекард.

4:7 Дар замони қадим дар Исроил дар соҳаи фидия ва мубодила барои тасдиқи ҳар муомила чунин таомуле буд, ки яке кафши худро кашида ба дигаре медод, ва ин дар Исроил хуҷҷат ҳисоб меёфт. 8Ва он фидиягузор ба Бӯаз гуфт: «Барои худ бихар!» Ва кафши худро кашида дод. 9 Ва Бӯаз ба пирон ва ба тамоми қавм гуфт: «Шумо имрӯз шоҳид ҳастед, ки ҳар он чи аз они Элимелех буд ва ҳар он чи аз они Килйӯн ва Маҳлӯн буд, аз дасти Ноомӣ харидам;

10 Ва низ Рути мӯобия — зани Маҳлӯнро барои худ ба занӣ харидам, то ки номи он марҳумро бар мероси ӯ барқарор намоям, ва номи он марҳум аз миёни бародаронаш ва аз дарвозаи иқоматгоҳаш нест нашавад; шумо имрӯз шоҳид ҳастед». 11 Тамоми қавме ки назди дарвоза буданд, ва пирон низ гуфтанд: «Шоҳид ҳастем! Бигзор Худованд занеро, ки ба хонаи ту медарояд, мисли Роҳел ва Леё гардонад, ки ҳар дуи онҳо хонаи Исроилро бино кардаанд; ва ту дар Эфрот комьёб шав ва дар Байт‐Лаҳм ном барор. 12 Ва бигзор хонаи ту мисли хонаи Форас бошад, — ки ӯро Томор барои Яҳудо зоида буд, — аз он насле ки Худованд ба ту аз ин ҷавонзан хоҳад бахшид». 13 Ва Бӯаз Рутро гирифт: вай зани ӯ шуд, ва ӯ назди вай даромад. Ва Худованд ба вай ҳомилагӣ бахшид: вай писаре зоид.

14 Ва занон ба Ноомӣ гуфтанд: «Муборак аст Худованд, ки туро имрӯз аз фидиягузор маҳрум накард! Бигзор номи ӯ дар Исроил пуршараф бошад! 15 Ӯ барои ту ҷонбахш ва асои пирии ту хоҳад буд, зеро келинат, ки туро дӯст медорад ва бароят аз ҳафт писар хубтар аст, ӯро зоид». 16 Ва Ноомӣ он бачаро гирифта, дар оғӯш кашид, ва дояи ӯ шуд. 17 Занони ҳамсоя ӯро ном ниҳода, гуфтанд: «Барои Ноомӣ писаре таваллуд шуд», ва ӯро Убид ном ниҳоданд. Ӯ падари Йисой падари Довуд аст.

18 Ин аст насаби Форас: Форас Ҳесрӯнро ба дуньё овард. 19 Ва Ҳесрӯн Ромро ба дуньё овард, ва Ром Аминодобро ба дуньё овард, 20 Ва Аминодоб Наҳшӯнро ба дуньё овард, ва Наҳшӯн Салмӯнро ба дуньё овард, 21 Ва Салмӯн Бӯазро ба дуньё овард, ва Бӯаз Убидро ба дуньё овард, 22 Ва Убид Йисойро ба дуньё овард, ва Йисой Довудро ба дуньё овард. (4:7-22, KM99)

Ҷолиб он аст, ки дар охири китоб Ноомӣ низ ҳангоми таваллуди наберааш аз ҳамин мафҳуми раҳокунанда истифода мебарад (Рут 4:14). Ба воситаи корҳои Бӯаз, оилаи Ноомӣ ва Рут аз нав умед пайдо карданд: замини онҳо бозпас гирифта шуд, номи оила нигоҳ дошта шуд ва ворис ба дунё омад. Ин раҳокунӣ танҳо барои як оила набуд. Худо маҳз аз ҳамин насл Масеҳро ба ҷаҳон овард, зеро Бӯаз ва Рут аҷдодони Исои Масеҳ шуданд (Матто 1:5).бевазани ӯро ба занӣ гирад, то номи шахси вафоткарда дар Исроил аз байн наравад. Пас, раҳокунанда на танҳо молу мулкро нигоҳ медошт, балки номи оиларо низ зинда нигоҳ медошт. Дар ин қонун диққати асосӣ ба нигоҳ доштани ваъдаҳои Худо ва мероси Ӯ буд.

Вақте Бӯаз мегӯяд, ки ҳар касе заминро мехоҳад, бояд ҳамчунин «Рути мӯобиро» ба занӣ гирад (Рут 4:5), хешованди наздик ақибнишинӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ин метавонад ба мероси шахсии ӯ зарар расонад (Рут 4:6). Ӯ омода буд заминро бигирад, аммо намехост масъулияти пурраи онро ба дӯш гирад.

Бӯаз бошад, роҳи дигарро интихоб мекунад. Ӯ танҳо дар бораи фоидаи худ фикр намекунад. Ӯ мехоҳад иродаи Худо иҷро шавад, ҳатто агар ин барои ӯ арзиши молӣ ё шахсӣ дошта бошад. Ин аст фарқи калон байни итоати ҳақиқӣ ва диндорие, ки танҳо то ҷое меравад, ки ба манфиати шахсӣ зарар нарасонад.

Дар Рут 4:5 боз як ҷузъиёти муҳим ҳаст. Бӯаз қасдан мегӯяд: «Рути мӯобӣ». Ӯ пинҳон намекунад, ки Рут аз халқи Мӯоб аст. Барои бисёр одамон ин метавонист сабаби рад кардани ӯ бошад. Аммо барои Бӯаз гузашта ва миллат муҳимтарин чиз набуд. Ӯ медид, ки Рут ба Худованди Исроил имон овардааст (Рут 1:16–17) ва зиндагии ӯ дигар шудааст.

Ин барои мо ҳам дарси муҳим аст. Дар ҷомеаи тоҷикӣ баъзан одамонро аз рӯи маҳалли зист ё насаб баҳо медиҳанд. Мегӯянд: «Ӯ аз Кӯлоб аст», «Ӯ аз Хуҷанд аст», «Ӯ аз Бадахшон аст», «Ӯ аз деҳа аст», «Ӯ аз шаҳри мо нест» ё «Оилаи онҳо ба оилаи мо мувофиқ нест». Баъзан чунин фикрҳо ҳатто ба муносибати мо бо бародарону хоҳарон дар Масеҳ таъсир мерасонанд.

Аммо Бӯаз чунин деворҳоро насохт. Ӯ ба Рут ҳамчун шахсе нигоҳ кард, ки ба Худо паноҳ овардааст. Мо низ бояд одамонро на аз рӯи қавм, минтақа, насаб ё мақоми иҷтимоӣ, балки аз рӯи он бубинем, ки онҳо низ метавонанд бо имон қисми халқи Худо гарданд. Худо шахспараст нест ва мо низ набояд чунин бошем.

Дар Рут 4:7 тартиби расмии ин муомила шарҳ дода шудааст. Ҳама чиз бояд ошкоро, дар назди мардум ва бо шоҳидон анҷом мегирифт. Ин ба мо ёдрас мекунад, ки Худо ростқавлӣ ва шаффофиятро дӯст медорад. Дар фарҳанги тоҷик ҳам мегӯянд: «Кори рост аз мардум пинҳон нест.» Одаме ки бо виҷдони пок амал мекунад, аз рӯшноӣ наметарсад.

Аммо Бӯаз танҳо дар бораи замин фикр намекард. Мо дар ду боби гузашта дидем, ки ӯ нисбати Рут меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нишон дода буд. Вақте хеши наздик фаҳмид, ки гирифтани замин маънои издивоҷ бо Рути мӯобиро ҳам дорад, аз ин ҳақ даст кашид. Ӯ метарсид, ки ин кор ба мероси худи ӯ зарар расонад (Рут 4:6). Бӯаз бошад, омода шуд ҳам заминро бихарад ва ҳам Рутро ба занӣ гирад. Барои ӯ итоат ба Худо аз фоидаи шахсӣ муҳимтар буд.

Пирони шаҳр ва шоҳидон Бӯаз ва Рутро баракат доданд. Онҳо аз Худованд хоҳиш карданд, ки Рут мисли Роҳел ва Леё шавад, ки модарони халқи Исроил буданд (Рут 4:11; Ҳастӣ 29–30). Чӣ баракати аҷиб! Зане, ки як вақтҳо бегона буд, акнун дар дуои мардум дар қатори модарони Исроил ном бурда мешавад. Ин нишон медиҳад, ки Худо метавонад касеро, ки дигарон қабул намекунанд, ба ҷои шараф бирасонад.

Онҳо инчунин дуо карданд, ки хонаи Бӯаз обод гардад. Дар Китоби Муқаддас ибораи «хона бино кардан» танҳо сохтани бино нест. Ин маънои барпо шудани авлод ва наслро дорад (Такрори Шариат 25:9). Ин баракат нишон медод, ки издивоҷи Бӯаз ва Рут мувофиқи нақшаи Худо буд.

Пирон боз дуо карданд, ки хонаи онҳо мисли хонаи Форис, писари Яҳудо ва Тамор бошад (Рут 4:12). Худо пештар авлоди Яҳудоро баракат дода буд ва ҳоло умед буд, ки ҳамин гуна баракат ба Бӯаз ва Рут низ мерасад, зеро онҳо роҳи Худоро интихоб карданд ва мехостанд мувофиқи Каломи Ӯ амал кунанд.

Дар Рут 4:9–10 Бӯаз эълон мекунад, ки ҳам заминро мехарад ва ҳам Рутро ба занӣ мегирад, то номи Маҳлӯн аз байни қавмаш гум нашавад. Дар ин ҷо мо муҳаббати ҳақиқиро мебинем. Бӯаз танҳо суханони хуб намегӯяд. Ӯ масъулиятро ба дӯш мегирад ва барои дигарон арзиш мепардозад.

Ин ҷо Бӯаз ҳамчун намунаи «раҳокунанда» пайдо мешавад. Ӯ танҳо шахсе нест, ки қонунро иҷро мекунад, балки шахсе аст, ки бо муҳаббат ва адолат амал мекунад. Ӯ омода аст ба ҷои дигарон қадам гузорад, ҳатто агар ин барои ӯ гарон бошад. Дар ниҳоят, Рут 4 ба мо Исои Масеҳро хотиррасон мекунад. Чӣ тавре ки Бӯаз барои Рут ва Ноомӣ раҳокунанда шуд, ҳамин тавр Исои Масеҳ барои мо Раҳокунандаи комил аст. Ӯ танҳо қонунро иҷро накард — Ӯ худи нархро пардохт кард, то моро ба оилаи Худо биёрад.

Ин ба мо як ҳақиқати муҳимро нишон медиҳад: муҳаббати ҳақиқӣ ҳамеша арзиш дорад. Он танҳо эҳсос нест, балки қарор ва амал аст. Бӯаз интихоб кард, ки роҳи осонро не, балки роҳи дурустро пеш гирад.

Ин қисса ба мо нишон медиҳад, ки Худо тавассути одамоне кор мекунад, ки масъулиятро мепазиранд. Бӯаз воситаи файзи Худо мегардад. Ӯ ба як оилаи шикаста умед медиҳад ва ба Рут, ки бевазан ва бегона буд, ҷой, ном ва оянда медиҳад. Ин қисса моро даъват мекунад, ки ба Худо бовар кунем, ҳатто вақте роҳ дароз ё гарон менамояд. Зеро дар охир, роҳи Худо ҳамеша ба баракат ва наҷот мебарад.

Дар ҳамаи ин мо як ҳақиқати муҳимро мебинем: фарзанд, оилаи устувор ва баракати ҳақиқӣ аз ҷониби Худост. Забур 127:1 мегӯяд: «Агар Худованд хонаро бино накунад, меҳнати бинокорон беҳуда аст.» Соро мехост бо нақшаи худ ва ба воситаи Ҳоҷар ваъдаи Худоро иҷро кунад (Ҳастӣ 16:1–3), аммо Худо нишон дод, ки ваъдаҳои Ӯ бо қувваи инсон не, балки бо таъминоти Худо иҷро мешаванд.

Худо имрӯз ҳам ҳамин тавр амал мекунад. Бисёр вақт мо танҳо як қадами хурди итоат мекунем, аммо Худо аз ҳамон қадам натиҷаҳои бузург меорад. Дар фарҳанги тоҷик мегӯянд: «Қатра-қатра дарё мешавад.» Ҳамин тавр, итоати хурд дар дасти Худо метавонад баракати бузург оварад.

Эй Худованд, итоати хурди моро баракат деҳ. Ба мо ҳикмат деҳ, то ҳатто вақте роҳатӣ, обрӯ ё молу дороии мо зери хатар аст, роҳи Туро интихоб кунем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки итоатро сабук нашуморем. Дили моро аз ғурур ва табъиз пок гардон, то одамонро аз рӯи зодгоҳ, қавм ё оилаашон не, балки аз нигоҳи Ту бинем. Ба мо ёрӣ деҳ, ки мисли Бӯаз барои дигарон дари меҳрубонӣ, меҳмоннавозӣ ва қабулро боз кунем. Омин.

Рут 4:13–22 — Умед барои оянда

Баъд аз он ки Бӯаз ва Рут издивоҷ карданд, Худо онҳоро баракат дод ва ба онҳо писар ато кард. Ин кӯдак на танҳо барои онҳо, балки барои Ноомӣ ҳам сабаби шодии бузург шуд. Занони шаҳр ба Ноомӣ гуфтанд, ки Худо ӯро дар пирӣ танҳо нагузошт. Онҳо диданд, ки ғаму холигии дили ӯ акнун ба шодӣ ва баракат табдил ёфтааст.

Дар аввал Ноомӣ худро талху ноумед ҳис мекард. Ӯ ҳатто гуфта буд: «Ман пур рафтам, вале Худованд маро холӣ баргардонд». Аммо Худо нишон дод, ки достони инсонро бо як рӯзи сахт ба охир намерасонад. Ноумедии Ноомӣ ба умед иваз шуд. Ашкаш ба шодӣ табдил ёфт.

Дар ин ҷо калимаи «раҳокунанда» бештар ба он маъно истифода шудааст, ки ин кӯдак барои Ноомӣ такягоҳ ва умеди оянда мегардад. Дар он замон фарзанд барои пиронсолон маънои пуштибон, ғамхор ва амнияти зиндагиро дошт. Дар ин ҷо баъзе тафсиргарон калимаи “раҳокунанда”-ро ба Бӯаз ва баъзеҳо ба Ӯбид нисбат медиҳанд. Дар ҳар сурат, маъно равшан аст: Худо барои Ноомӣ умед, такягоҳ ва идомаи насли оиларо муҳайё кард.

Дар китоби Рут, фидиягузор (ибронӣ: гоэл) хеши наздики мард буд, ки вазифаи қонунӣ дошт оилаи худро муҳофизат кунад ва ба онҳо ёрӣ расонад. Мувофиқи қонунҳои Исроил (Ибодат 25 ва Такрори Шариат 25), ӯ метавонист замини аз сабаби камбизоатӣ фурӯхташударо бозпас харад ва бо бевазане, ки фарзанд надошт, издивоҷ кунад, то номи шахси фавтида ва насли ӯ аз байн наравад.

Дар китоби Рут ин мафҳум чанд бор дида мешавад. Дар Рут 2:20 Ноомӣ мегӯяд: «ӯ аз фидиягузорони мост» (KM99). Ҳамчунин ин калима дар Рут 3:9 ва 4:1 низ истифода шудааст. Маънои онро метавон бо калимаи раҳокунанда ҳам ифода кард, зеро чунин шахс оиларо аз вазъияти душвор наҷот медод ва ҳуқуқҳои онҳоро барқарор мекард.

Ҷолиб он аст, ки дар охири китоб Ноомӣ низ ҳангоми таваллуди наберааш аз ҳамин фикри раҳокунанда истифода мебарад (Рут 4:14). Бо воситаи корҳои Бӯаз, оилаи Ноомӣ ва Рут аз нав умед пайдо кард: замини онҳо бозпас гирифта шуд, номи оила нигоҳ дошта шуд ва ворис ба дунё омад. Ин раҳокунӣ танҳо барои як оила набуд. Худо аз ҳамин насл Масеҳро ба ҷаҳон овард, зеро Бӯаз ва Рут аҷдодони Исои Масеҳ шуданд (Матто 1:5). Ояти 13 мегӯяд, ки Худованд ба онҳо фарзанд дод. Пештар Рут бо Маҳлӯн оиладор буд, вале соҳиби фарзанд нашуд. Акнун мебинем, ки Худо ба издивоҷи Бӯаз ва Рут баракати Худро ато кард. Ҳаёт ва фарзанд атои Худост. Бигзор номи Худо барои ин меҳрубонӣ ҷалол ёбад.

Вақте кӯдакро дар оғӯши Ноомӣ гузоштанд, ин танҳо як расм набуд. Ин нишонаи он буд, ки Худо зиндагии холӣ ва шикастаи ӯро аз нав пур кард. Худое, ки ғамро ба шодӣ иваз мекунад, имрӯз ҳам ҳамон Худост. Ӯ такягоҳи касонест, ки ба Ӯ бовар мекунанд.

Баъдтар маълум мешавад, ки ин кӯдак — Ӯбид — падари Йисой ва бобои шоҳ Довуд шуд. Яъне Худо на танҳо як оиларо баракат дод, балки нақшаи бузурги наҷоти Худро низ пеш мебурд. Аз ҳамин насл баъдтар Масеҳ ба ҷаҳон омад.

Насабнома то Форис, писари Яҳудо ва Тамор, мерасад. Ин нишон медиҳад, ки Худо ваъдаҳои Худро иҷро мекунад. Ҷолиб он аст, ки Рут аз қавми Мӯоб буд, яъне бегона ҳисоб мешуд. Аммо Худо ӯро қисми нақшаи бузурги Худ гардонд. Ин ба мо нишон медиҳад, ки Худо одамонро на аз рӯйи миллат ё гузаштаашон, балки аз рӯйи имон ва садоқаташон қабул мекунад.

Ин китоб нишон медиҳад, ки дар замони доварон мардум ҳар кореро, ки ба назари худашон дуруст менамуд, анҷом медоданд. Аммо Бӯаз, Рут ва Ноомӣ роҳи дигарро интихоб карданд — роҳи итоат ба Худо.

Аз назари одамон, шояд дуруст мебуд, ки:

Рут ба назди қавми худ баргардад;
Ноомӣ дар ноумедӣ зиндагӣ кунад;
Бӯаз он зани бегонаеро, ки дар киштзораш хӯша мечид, нодида гирад.

Аммо онҳо мувофиқи имон амал карданд. Рут вафодор монд. Ноомӣ бо умед ба Байт-Лаҳм баргашт. Бӯаз, бо вуҷуди он ки шояд дигарон ӯро танқид мекарданд, масъулияти худро иҷро кард ва Рутро қабул намуд.

Дар зиндагии тоҷикон ҳам мегӯянд: «Шаб ҳар қадар дароз бошад ҳам, саҳар мешавад.» Баъзан инсон фикр мекунад, ки роҳи баромад нест: кор нест, ризқ кам аст, фарзанд дур аст ё оила ба мушкилӣ дучор шудааст. Аммо китоби Рут ба мо ёд медиҳад, ки Худо метавонад ҳатто дар ториктарин шаб нур биёрад. Он чизеро, ки мо охири роҳ мебинем, Худо метавонад оғози баракати нав гардонад.

Бӯаз, Рут ва Ноомӣ намедонистанд, ки садоқат ва меҳрубонии онҳо як рӯз ба таваллуди подшоҳ Довуд ва баъдтар ба омадани Масеҳ роҳ мекушояд. Онҳо танҳо ба Худо бовар карданд ва кори дурустро анҷом доданд. Худо бошад, аз итоати онҳо кори бузургтареро ба амал овард, ки онҳо ҳаргиз тасаввур карда наметавонистанд.

Савол барои андеша

Оё имрӯз ман дар вазъияти душвор ба Худо умед мебандам, ё танҳо ба он чизе такя мекунам, ки чашмонам мебинанд?

«Эй Худованд, шукр мегӯям, ки Ту Худои умед ҳастӣ. Вақте дилам ноумед мешавад, ба ман қувват деҳ, то ба ваъдаҳои Ту такя кунам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки ҳатто вақте роҳи пешро намебинам, ба Ту бовар дошта бошам. Ҳаёти маро низ, мисли ҳаёти Ноомӣ ва Рут, барои ҷалоли Худ истифода бар. Омин.»

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *