Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:16-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:14-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:12-27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:28-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:16-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:10-22
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:15-37
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:15-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:19-28
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:29-46
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:1-4
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:17-38
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 31:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:15-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:20-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:30 – 36:7
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:8-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:20-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:22-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:17-38
Ва шумо барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд
Мақсади Қонуни Мусо
Гуноҳкор фақат ба хотири Масеҳ ба воситаи имон сафед мешавад.
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Худо мехост, ки халқи Исроил пок ва муқаддас бошад. Бинобар ин, Ӯ алоқаи ҷинсии берун аз никоҳ, истеъмоли ғизои нопокро манъ карда, фармуд ки ҷодугарон, ҳар ки бо ҳайвоне алоқаи ҷинсӣ мекунад ва онҳоеро, ки бутпарастанд ба қатл расонанд. (оят.16-20).
Худо ҳамчунин мехост, ки халқи Исроилиён ба ғарибон, бевазанон ва ятимон, ки ҳама одамони заифтар дар ҷомеаанд меҳрубон бошанд. (оят. 21-30).
Хислати Худо
21 Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед. 22 Ҳеҷ як бевазан ва ятимро азият надиҳед. 23 Агар ӯро азият диҳӣ, ва ӯ сӯи Ман нола кунад, — Ман нолаи ӯро хоҳам шунид, 24 Ва хашми Ман аланга хоҳад зад, ва Ман шуморо бо шамшер хоҳам кушт, ва занони шумо бева, ва фарзандони шумо ятим хоҳанд шуд.
«Ва шумо барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд»
Қонуне, ки Худо ба Мусо дод, нишон медод, ки Худо муқаддас аст ва мехоҳад халқаш ҳам зиндагии пок дошта бошад. Аммо Қонун наметавонист одамро наҷот диҳад. Қонун гуноҳро нишон медод, вале танҳо ба воситаи Исои Масеҳ ва имон ба Ӯ инсон сафед мешавад.
Дар ин порча Худо ба халқи Исроил таълим медиҳад, ки чӣ гуна зиндагӣ кунанд. Ӯ алоқаи ҷинсии берун аз никоҳ, ҷодугарӣ, бутпарастӣ ва корҳои нопокро манъ кард. (оятҳои 16-20). Худо мехост, ки халқи Ӯ аз халқҳои дигар фарқ дошта бошад. Имрӯз ҳам имондор бояд аз корҳои гуноҳолуд дурӣ ҷӯяд. Дар ҷомеаи мо баъзан одамон мегӯянд: «Ҳама ҳамин хел зиндагӣ мекунанд». Аммо пайрави Масеҳ дар вай ҳаёт дорад, на тарзи одамон.
Оё дар назди шумо, дар ҷомеъаи шумо, одамони ноустувор ҳастанд, ки боиси бадбинии шумо бошанд? Оё шумо нисбати хориҷиҳо ва муҳоҷирони корӣ мислӣ қарсдор нигоҳ мекунед?
Дарсҳои Худо
28 Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй. 29 Дар овардани навбари ҳосилоти худ ва маҳсули чархушти худ даранг накун; нахустзодаи писаронатро ба Ман бидеҳ. 30 Бо гов ва гӯсфанди худ низ чунин бикун; бигзор ҳафт рӯз назди модари худ бошад, дар рӯзи ҳаштум онро ба Ман бидеҳ. 31 Ва барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд, ва гӯштеро, ки дар саҳро дарида шудааст, нахӯред; онро назди сагон бипартоед.
Шаҳрвандони малакути Худо, подшоҳӣ ва ҳукмронии Худоро эътироф мекунанд. Аз ин рӯ, набояд дар ҳаққи қозӣ ва мақомоте, ки аз ҷониби Худои Таъоло бар мо гузоштааст багӯӣ карда шаванд. Илова бар ин, имондорон бояд бо хоҳиш ба Худован авалини ҳар он чӣ доран, пешкаш кунанд, ва ба ин
восита минатдории худро нисбпти Ӯ баён мекунанд. Ва фармонбардории Ӯро қабул мекунанд.
«Ва шумо барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд»
Қонуне, ки Худо ба Мусо дод, нишон медод, ки Худо муқаддас аст ва мехоҳад халқаш ҳам зиндагии пок дошта бошад. Аммо Қонун наметавонист одамро наҷот диҳад. Қонун гуноҳро нишон медод, вале танҳо ба воситаи Исои Масеҳ ва имон ба Ӯ инсон сафед мешавад.
Дар ин порча Худо ба халқи Исроил таълим медиҳад, ки чӣ гуна зиндагӣ кунанд. Ӯ алоқаи ҷинсии берун аз никоҳ, ҷодугарӣ, бутпарастӣ ва корҳои нопокро манъ кард. (оятҳои 16-20). Худо мехост, ки халқи Ӯ аз халқҳои дигар фарқ дошта бошад. Имрӯз ҳам имондор бояд аз корҳои гуноҳолуд дурӣ ҷӯяд. Дар ҷомеаи мо баъзан одамон мегӯянд: «Ҳама ҳамин хел зиндагӣ мекунанд». Аммо пайрави Масеҳ дар вай ҳаёт дорад, на тарзи одамон.
Худо инчунин ба муносибат бо одамони заиф аҳамияти калон медиҳад. Ӯ мегӯяд: «Ва ғарибро фиреб надеҳ, ва ӯро ба танг наовар, зеро ки дар замини Миср ғариб будед». (Хуруҷ 22:21, KM99)
Худо бевазанон, ятимон ва ғарибонро муҳофизат мекунад. Дар Тоҷикистону минтақаи мо ҳам бисёр муҳоҷирони корӣ, оилаҳои камбизоат ва пирони танҳо ҳастанд. Баъзе одамон онҳоро паст мебинанд ё танҳо вақте ёд мекунанд, ки фоидае бошад. Аммо Худо мегӯяд, ки нолаи чунин одамонро мешунавад. Касе ки ба муҳтоҷон бераҳм аст, дили ӯ аз раҳмати Худо дур шудааст.
Дар фарҳанги тоҷикӣ мегӯянд: «Некӣ куну ба об парто, Худо медонад». Вақте мо ба муҳтоҷон ёрӣ медиҳем, Худо онро мебинад. Шояд дигарон қадр накунанд, аммо Худованд ҳар амали меҳрубонро фаромӯш намекунад.
Худо инчунин таълим медиҳад, ки халқаш ба роҳбарон ва доварон эҳтиром дошта бошад:
«Доваронро таҳқир накун, ва ба раисе ки дар қавми туст, лаънат нагӯй». (Хуруҷ 22:28, KM99)
Ин маъно надорад, ки ҳар кори роҳбарон дуруст аст. Аммо имондор набояд бо даҳони пур аз нафрат ва дашном зиндагӣ кунад. Мо даъват шудаем, ки бо эҳтиром сухан гӯем ва барои роҳбарон дуо кунем.
Худо инчунин ба халқаш гуфт, ки аввалин ва беҳтарини ҳосили худро ба Ӯ бахшанд. Барои деҳқони тоҷик маълум аст, ки ҳосили аввалин чӣ қадар арзиш дорад. Одам одатан беҳтарин мева ё гандумро барои худаш нигоҳ доштан мехоҳад. Аммо Худо мехоҳад, ки мо аввал Ӯро дар ҷойи аввал монем. Вақте мо вақт, қувват, молу дороӣ ва зиндагии худро ба Худо месупорем, нишон медиҳем, ки Ӯ Хӯҷаини ҳақиқии мост.
Худо гуфт: «Ва шумо барои Ман одамони муқаддас хоҳед буд». (Хуруҷ 22:31, KM99)
Имрӯз ҳам Худо мехоҳад, ки халқи Ӯ аз ҷаҳон фарқ дошта бошад: пок дар зиндагӣ, меҳрубон ба муҳтоҷон, эҳтиромкунанда дар сухан ва содиқ дар ибодат.
Саволҳо барои фикр
- Оё дар муносибати шумо нисбати муҳоҷирон, камбизоатон ё одамони заиф меҳрубонӣ ҳаст?
- Оё шумо дар сухан гуноҳ мекунед ва дигаронро таҳқир мекунед?
- Оё Худо дар зиндагии шумо дар ҷойи аввал аст?
Дуо
Эй Худованд, дили маро пок гардон. Ба ман ёрӣ деҳ, ки муқаддас зиндагӣ кунам, ба муҳтоҷон меҳрубон бошам ва Туро аз ҳама чиз болотар гузорам. Омин.