Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13

This entry is part 1 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Худо ба Мусо зоҳир мешавад. Исроил дар кӯҳи Сино Худо ба воситаи Мусо ба исроилиён ошкор кард, ки чӣ тавр онҳо бояд, ба пеши Ӯ омада метавонанд.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Худо исроилиёнро аз ғуломии Миср озод кард ва дар роҳ ғамхори онҳо буд. Худои Таоло мардумро ба сӯи кӯҳи Сино, ки ҷои ибодатгоҳ буд, бурд (оят.1,2). Ба воситаи Мусо Худо ба Исроил нияти Худро ошкор кард, ки аз онҳо «Салтанати коҳинон ва халқи муқаддас» табдил медиҳад. Ба шарте ки Худо ҳар чи гӯяд иҷро кунанд. Баъд Худои Таоло дастури муфассал дод, ки мардум бо вохӯрӣ бо Ӯ, чӣ гуна бояд маҳз омода бошанд (оят.3-13).

Хислати Худо

Оят. 1,2. Дар давоми се моҳ, пас аз баромадан аз Миср, Худованд қадам ба қадам халқи Исроилро ба кӯҳи Сино мебурд (оят.3,12). Ба воситаи ин халқ, Ӯ мехост салтанати Худро барпо кунад. Имрӯз моро ба нақшаи Худ дохил кардааст, ва моро бо ҳамон роҳ пеш мебарад, мисли исроилиён. Оё шумо, бо ҳар он чизе ки доред, ба Худованд таваккал мекунед? Оё шумо Ӯро пайравӣ мекунед?

Дарсҳои Худо

7 Ва Мусо омада, пирони қавмро даъват намуд, ва ҳамаи ин суханонро, ки Худованд ба ӯ амр фармуда буд, ба онҳо пешниҳод кард. 8 Ва тамоми қавм якҷоя ҷавоб гардонида, гуфтанд: «Ҳар он чи Худованд гуфтааст, ба ҷо хоҳем овард». Ва Мусо суханони қавмро ба Худованд ҳабар дод. (19:7-8)

Исроилиён ба Худои Таоло ваъда доданд, ки ба ҳар чизе, ки ба онҳо бигӯяд, итоат хоҳанд кард. Ин ҷавоби муносиб ба файзи Худо буд, ки ба онҳо ато карда буд (оят. 3-6). Биёед дар бораи он фикр кунем, ки мо дар файзи Худо зиндагӣ мекунем, бо каломи Ӯ чӣ гуна ҷавоб медиҳем.

Дуо

Эй Худованд мо аз сидқи дил ташаккур мегӯем, ки моро халқи Худ сохти. Ба мо кӯмак кун, ки мо одамоне гардем, ки аҳкоми Туро содиқона иҷро кунем. Омин.

Series NavigationНони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *