Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:14-26

This entry is part 19 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Худо ба кӯҳи Сино фурӯд меояд

Мулоҳизаҳо ва Хулосаҳо

Бо дидани омодагии исроилиён, ба тоза шудани берунӣ ва дарунӣ барои дидор бо Ӯ, Худо бо оташ ба кӯҳи Сино фурӯд омад. Аммо аввал Худои Таоло ба одамон ва ҳатто ба рӯҳониён, аз наздик шудан ё ба он даст расонидан манъ кард. Покии инсон – ҳеҷ аст, дар пеши қудсияти мутлақи Худо. Танҳо ба Мусо ва Ҳорун иҷозат дода шуда буд, ки ба кӯҳи Сино бароянд (оят. 14-25).

Хислати Худо

19 Ва садои шох торафт пурзӯр мешуд; Мусо сухан меронд, ва Худо ба овоз ҷавоб мегардонид. 20 Ва Худованд бар кӯҳи Сино, бар қуллаи кӯҳ фурӯд омад, ва Худованд Мусоро ба қуллаи кӯҳ даъват намуд, ва Мусо баромад. 21 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Фурӯд омада, қавмро огоҳ намо, мабодо барои дидани Худованд ҳадро вайрон карда гузаранд, — ва бисьёре аз онҳо бимиранд. 22 Ва низ коҳиноне ки ба Худованд наздик меоянд, бояд худро тақдис намоянд, то ки Худованд онҳоро зарба назанад».

Худо бори дигар ба воситаи Мусо ба мардуме, ки хоҳиши ба кӯҳ баромадан ва Ӯро диданро доштанд огоҳ кард. Онҳое ки итоат намекунанд, ба
марг дучор хоҳанд шуд. Итоат ба Худо бояд барои исроилиён аз қонеъ кардани кунҷковии инсон муҳимтар мебуд. Шояд мо аксар вақт даъво мекунем, ки мо барои Худованд зиндагӣ мекунем ё Ӯро дӯст медорем, аммо ба аҳкоми Ӯ сабук фикрона рафтор мекунем.

Дарсҳои Худо

14 Ва Мусо аз кӯҳ назди қавм фурӯд омада, қавмро тақдис намуд, ва онҳо либосҳошонро шустушӯ карданд. 15 Ва ба қавм гуфт: «Ба рӯзи сеюм тайёр бошед; ба занон наздикӣ накунед».

Ҳамон тавре ки арӯс ба пешвози домод омодагӣ мегирад, халқи Исроил бо дастури Мусо худро барои вохӯрӣ бо Худо пок мекард. Имрӯз шумо чӣ гуна тарзи ҳаёт доред? Ҳамчун арӯси Масеҳ шумо омодаед, ки бо Домод вохӯред?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:1-14Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:15-43 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *