Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18

This entry is part 11 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Тасдиқи аҳд

Худои Таоло ваъдаи халқи Исроилро дар бораи вафодорӣ ба шартҳои аҳд гирифта, онро тасдиқ кард.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Халқи Исроил якдилона эълон карданд, ки ба Худо итоат хоҳанд кард. (боб.20-23). Баъд Мусо барои Худои Таоло қурбони овард. Хуни рехташуда онро дошт, ки агар исроилиён ба аҳди худ бо Худо бевафодӣ кунанд, онҳо мисли ин ҳайвонҳо хоҳанд мурд (оят.1-8).
Пас аз тасдиқи аҳд, Мусо ва Ҳорун ба кӯҳ баромаданд , то лавҳаҳои шариатро аз Худо гиранд. Мусо чиҳил рӯз дар кӯҳе буд, ки бо Худо мушоракат мекард (оят.9-18).

Дарсҳои Худо

1 Ва Ӯ ба Мусо гуфт: «Сӯи Худованд боло баро, ту ва Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу, ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил, ва аз дур саҷда баред; 2 Ва бигзор Мусо танҳо ба Худованд наздик ояд, ва онҳо наздик наоянд; ва қавм бо ӯ боло набароянд».

Танҳо Мусо метавонист ба қуллаи кӯҳ барояд, то бо Худо мушоракат кунад. Ба Ҳорун ва пирон иҷозат дода шуда буд, ки танҳо қисми роҳро ба боло раванд. Халқи боқимонда бояд дар доманаи кӯҳ истанд. Имрӯз ба шарофати Исои Масеҳ, ки тақсимот аз байн рафт ва ҳар як имондор метавонад ба назди Худои Падар биёяд ва бо Ӯ мушоракат дошта бошад, зеро дар байни бародарону хоҳарони баробар ҳуқуқ дар имон баробар аст.

9 Ва Мусо бо Ҳорун, Нодоб ва Абиҳу ва ҳафтод нафар аз пирони Исроил боло баромад. 10 Ва онҳо Худои Исроилро диданд, ва зери поҳои Ӯ чизе монанди хиштҳои ёқути кабуд, ва мисли асли осмон зулол буд. 11 Ва Ӯ бар гузинони банӣ‐Исроил дасти Худро дароз накард, ва онҳо Худоро диданд, ва хӯрданд ва нӯшиданд.

Пирони Ироил Худоро диданд, вале Худованд онҳоро накушт. Одамон табиатан гунаҳкор буда бо Худои Муқаддас мушоракат карда наметавонистанд. Аммо ин дафъа баб онҳо иҷозат дода шуд, зеро аҳд бо Худои Таоло бо хун тасдиқ карда шуд. Имрӯз тавассути Хуни қурбонии Масеҳ, мо низ ба Худои Муқаддас дастраси дорем ва ҳуқуқи мушоракатро бо Ӯ дорем.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *