Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:10-22

This entry is part 13 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Намуди Сандуқи Аҳд

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Пеш аз ҳама Худо фармон дод, ки Сандуқи Аҳд соҳта шавад. Ин чизи муҳимтарин дар маъбад аст, зеро он рамзи тахти Худо, Подшоҳи ҳақиқии Исроил мебошад. Бо вуҷуд ин, ин «тахт» мисли тахтҳои подшоҳони заминӣ набуд. Худои Таоло мехост, ки ҳамроҳи қавми Худ ҳаракат кунад, вақте ки онҳо дар
биёбон сафар мекарданд (оят. 10-16).
Сипас Худованд ба таври муфасал дастур дод, ки боми Сандуқи Аҳд чигуна хоҳад буд ва дар болои он бо Мусо вомехӯрад, то аҳкоми Худро ба халқи Исроил расонад (оят.17-22).

Дарсҳои Худо

12 Ва барои он чор ҳалқаи тилло бисоз, ва бар чор гӯшаи он васл намо: ду ҳалқаро бар як паҳлуяш, ва ду ҳалқаро бар паҳлуи дигараш. 13 Ва дастакҳо аз чӯби ақоқиё сохта, онҳоро бо тилло бипӯшон. 14 Ва он дастакҳоро ба ҳалқаҳое ки бар паҳлуҳои сандуқ ҳаст, дохил намо, то ки сандуқ ба воситаи онҳо бардошта шавад. 15 Он дастакҳо бояд дар ҳалқаҳои сандуқ бимонад, ва набояд аз он дур карда шавад. (25:12-15)

Худои Таоло ба исроилиён амр фармуд, ки сандуқро бо истифодаи дастаҳои чубини ҷудошаванда бардоранд, то дасташон ба он нарасад. Худо дар паҳлӯи мардум буд ва онҳоро дар сафар ҳамроҳӣ мекард. Аммо дар айни замон одамон ҳақ надоштанд, ки ба сандуқи аҳд даст расонанд ва бо ин восита байни худ ва Ӯ «масофаи» муайянро нигоҳ медоштанд. Худованд имрӯз ҳам ба мо наздик аст, аммо мо дар назди Офаридгори худ эҳтиром мегузорем ва ҳақ надорем, ки Ӯро идора кунем ва ё амалҳои Ӯро идора кунем.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *