
Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:17-38
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:12-27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:28-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:16-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:10-22
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:15-37
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:14-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:15-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:19-28
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:17-38
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:1-4
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:29-46
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 31:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:15-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:20-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:30 – 36:7
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:8-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:20-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:22-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:17-38
Ҳавзи шустушӯ равғани тадҳини муқаддас ва таркиби бухур
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Худои Таоло фармуд, ки ҳавзи шустушӯи мисин сохта, дар миёни хаймаи вохӯрӣ ва қурбонгоҳ гузошта шавад. Ҳангоми сар кардани хидмат, коҳинон бояд дасту пойҳои худро дар он бишӯянд, то намиранд (оят. 17-21).
Баъдан, Худо таркиби равғани тадҳинии муқаддасро номид, ки бо он хайма ва лавозимотҳои он, инчунин Ҳорун ва писарони ӯро тадҳин кардан лозим буд, то онҳоро тақдис кунанд. Баъд Худованд дастури дақиқи бухурро дод, ки дар маъбад сӯзонда шавад. Зери тарси марг, Ӯ манъ кард, ки равғани тадҳини муқаддас ва таркибҳои бухурро ба дигар мақсад истифода набаранд, бо ин таъкид кард, ки онҳо бузург ва муқаддас мебошанд (оят. 22-38).
Хислати Худо
Бигзор дастҳо ва пойҳои худро бишӯянд, то ки намиранд. Ва ин барои онҳо, яъне барои ӯ ва зурьёташ дар наслҳои онҳо, фаризаи абадӣ хоҳад буд. (30:21)
“Ҳар кӣ мисли он таркиб диҳад, ва ё аз он бар шахси бегонае бимолад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд“. (30:33)
Ҳар кӣ мисли он барои бӯидан бисозад, аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд. (30:38)
Худо сахт таъкид кард, ки ҳар касе, ки ҳавзи шустушӯй, равғани тадҳини муқаддас ва бухурро на бо тарзе, ки Ӯ фармудааст истифода барад, мемирад. Чунин ба назар мерасад, ки ин ҷазои аз ҳад зиёд сахтгир аст, аммо он нишон медиҳад, ки Худои Таоло то чӣ андоза мехост, ки халқи Худро итоаткор ва беайб бинад. Ҳеҷ кас наметавонад ба Малакути Осмон муқаддас нашуда дохил шавад. Ҳеҷ кас наметавонад худро фарзанди Худо намояд, бе итоат ба Ӯ.
Дарсҳои Худо
17 Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт: 18 «Ва лагани мисин барои шустушӯ бисоз, ки пояаш мисин бошад; ва онро дар миёни хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳ бимон, ва об дар он бирез. 19 Ва бигзор Ҳорун ва писаронаш дастҳо ва пойҳои худро аз он бишӯянд: 20 Вақте ки ба хаймаи ҷомеъ меоянд, бо об шустушӯ кунанд, то ки намиранд; ё вақте ки барои хизмат кардан ва сӯзонидани қурбонии оташин барои Худованд ба қурбонгоҳ наздик мешаванд, 21 Бигзор дастҳо ва пойҳои худро бишӯянд, то ки намиранд. Ва ин барои онҳо, яъне барои ӯ ва зурьёташ дар наслҳои онҳо, фаризаи абадӣ хоҳад буд». (30:17-21)
Пеш аз шурӯъ намудани хидмат, коҳинон бояд шустушӯ мекарданд. Шустушӯ накарда онҳо наметавонистанд бо Худои Муқаддас наздик шаванд. Ҳамин хел мо низ, агар дар ҳаёти мо муносибатҳои нопок, амалҳои нопок ё одатҳои нопок бошад, мо наметавонем бо Худо наздик мушоракат кунем.
Хониши Аҳди Ҷадид
19 Пас, эй бародарон, модоме ки мо ҷуръат дорем ба қудс ба василаи Хуни Исои Масеҳ, 20 Бо роҳи нав ва зинда дохил шавем, ки онро Ӯ барои мо ба василаи пардае, яъне ҷисми Худ, аз нав кушодааст, 21 Ва модоме ки мо Коҳини муаззаме бар хонаи Худо дорем, 22 Пас бо дили соф ва бо имони комил, дилҳои худро ба воситаи пошидан аз виҷдони шарири мо татҳир намуда ва ҷисми худро дар оби пок ғусл дода, наздик оем, 23 Ва зътирофи умеди худро собитқадамона нигоҳ дорем, зеро ки Ваъдадиҳанда амин аст. (ба Ибриён 10:19-23)
