Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11

This entry is part 29 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Марҳамати Худо дар вақти ғазаб

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Бо сабаби гуноҳи бутпарастии мардум, Худои Таоло, Худаш онҳоро роҳнамоӣ накард, балки фариштаи Худро фиристод (оят.1-6).
Мусо бо хоҳиши барқарор кардани муносибатҳои вайроншудаи байни мардум ва Худо, дар беруни бошишгоҳи хаймаи вохӯриро барпо кард ва дар он ҷо дуо карданро давом дод, ки Худованд бар исроилиён марҳамат ва раҳм кунад. Исроил шарманда шуда, марҳамати Худои Таолоро меҷуст. Вақте ки сутуни абр ба сӯи даромадгоҳи хайма мефуромад, яҳудиён ҳар яке дар назди хаймаи худ, бархоста ба Худо саҷда мекарданд. Инро дида, Худованд боз ба воситаи Мусо бо онҳое, ки Ӯро меҷӯстанд, сӯхан меронд (оят. 7-11).

Хислати Худо

5 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил бигӯ: „Шумо қавми гарданкаш ҳастед; агар Ман лаҳзае дар миёни шумо биравам, шуморо маҳв менамоям. Ва алҳол зебу зинати худро аз худ дур созед, ва Ман мебинам, ки бо шумо чӣ кунам“». (11:5)

Дуои фидокоронаи Мусо ва тавбаи самимии мардум ба дили Худо таъсир кард. Худои Таоло нисбат ба одамоне, ки мисли кӯдакон ба Наздаш меоянд, аз гуноҳи кардаашон сахт тавба мекунанд, таҳаммул менамояд. Оё рӯҳи шумо ба қадри кофӣ бенаво ва бечора аст, то ки Худованд тавонад шуморо мисли падар ба оғӯш кашад?

Дарсҳои Худо

7 Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи чомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад. 8 Ва ҳангоме ки Мусо сӯи хайма мебаромад, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ меистоданд, ва аз ақиби Мусо то даме ки ӯ ба хайма медаромад, нигоҳ мекарданд. 9 Ва ҳангоме ки Мусо ба хайма медаромад, сутуни абр фурӯд омада, ба дари хайма меистод, ва Ӯ бо Мусо сухан меронд. 10 Ва ҳангоме ки тамоми қавм сутуни абри ба дари хайма истодаро медиданд, тамоми қавм бархоста, ҳар яке ба дари хаймаи худ саҷда мебурданд. 11 Ва Худованд ба Мусо рӯ ба рӯ сухан меронд, чунон ки касе бо ёри худ сухан меронад; ва ӯ ба ӯрдугоҳ бармегашт, ва хизматгузори ӯ, Еҳушаъ ибни Нуни ҷавон, аз хайма дур намешуд.
(33:7-11)

Мусо хаймаро дар он ҷое, ки мехост бо Худо мулоқот кунад, берун аз бошишгоҳ гузошт. Ва Худованд ба он ҷо фуруд меомад ва бо Мусо ҳамчун дӯст сухан меронд. Оё шумо мекӯшед, ки ҳар рӯз бо Худо мулоқот кунед? Муносибати шумо бо Ӯ, то чӣ андоза наздик аст?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:15-35Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *