Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23

This entry is part 30 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Ман худам меравам

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Мусо қаноатманд набуд, ки Худованд танҳо бо ӯ мулоқот мекунад. Ӯ марҳамати Худоро на танҳо барои худ, балки барои тамоми халқи Исроил мехост. Барои ҳамин ӯ аз Худованд хоҳиш кард, ки онҳоро ба замини Ваъдашуда набарад, агар Худо Худаш бо онҳо наравад. Худои Таоло ба дуои Мусо ҷавоб дода, ваъда дод, ки дархосташро иҷро мекунад. Он гоҳ Мусо аз Худованд хоҳиш кард, ки ҷалоли Худро нишон диҳад ва Худо бо марҳамат ба ин розӣ шуд
(оят. 12-23)

Хислати Худо

Оят. 12-23. Бо Мусо муносибати махсуси боваринок дошта, Худои Таоло ба хоҳиши ӯ гӯш дод, ки Исроилро то замини Ваъдашуда ҳамроҳӣ мекунад.
Ба ҳамин монанд аз сабаби муносибати махсус ва наздики Худ бо Исо, Худо моро рад намекунад, балки моро ба фарзандӣ қабул карда, дар ҳаёт бо роҳҳои Худ роҳнамоӣ мекунад.

Дарсҳои Худо:

15 Ва ба Ӯ гуфт: «Агар Худат наоӣ, моро аз ин ҷо набар. 16 Зеро, аз чӣ маълум шавад, ки ман ва қавми Ту манзури назари Ту шудаем? Оё на аз он ки Ту бо мо биёӣ? Ва дар он сурат ман ва қавми Ту аз ҳамаи қавмҳое ки дар рӯи замин ҳастанд, мумтоз хоҳем шуд». 17Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ин корро низ, ки гуфтаӣ, Ман хоҳам кард, зеро ки ту манзури назари Ман шудаӣ, ва Ман туро бо номат шинохтаам». (33:15-17)

Мусо равшан мефаҳмид, ки Исроил бе роҳнамоӣ ва назорати Худо зиндагӣ карда наметавонанд. Барои ҳамин ӯ аз Худованд бо ҷидду ҷаҳд илтиҷо мекард, ки халқи Исроилро тарк накунад. Оё шумо мефаҳмед, ки бе Худо як рӯз ҳам зиндагӣ карда наметавонед? Барои ҳамин, биёед мисли Мусо бо ҷидду ҷаҳд ва самимона ҳузури Худоро биҷӯем.

Дуо: Худовандо, ҳамеша бо мо бош ва ба мо кӯмак кун, ки аз Ту ҷудо нашавем. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *