Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17

This entry is part 31 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Лавҳаҳои нав

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Худои Таоло ба Мусо фармуд, ки лавҳаҳои нав тайёр кунад ва ба кӯҳи Сино барояд. Дар ин ҷо, чунон ки ваъда дода буд, Худо ҷалоли Худро ба Мусо нишон дод. Дар ҷавоб ба дуои Мусо Худованд аҳди Худро бо халқи Исроил аз нав барқарор кард. Ҳангоми ворид шудан ба Қанъон, исроилиён бояд чуноне, ки Худованд таъкид карда аст: 1) бо сокинони он сарзамин аҳд набанданд; 2) бо бутпарастон издивоҷ накунанд; 3) ҳамаи он чиро, ки бо дини Қанъониён алоқаманд аст, нест кунанд (оят. 1-17).

Хислати Худо

Чунки ту набояд ба худои дигаре саҷда барӣ, зеро Худованд, ки исмаш ғаюр аст, Худои ғаюр мебошад. (34:14)

Яке аз номҳои Худо – Рашккунанда мебошад. Комилан «рашк» дар ин ҷо маънои ҳолати эҳсосотро ифода мекунад, ки хоҳиши Худованд дар ҳаёти одамон Худои Ягона буданро ифода мекунад. Имрӯз Худои Таоло ба мо ҳам Худ ва муҳаббати Худро ато кардааст, ки шоҳиди ин Масеҳ мебошад. Ҷавоби шумо ба ин муҳаббати бузурги Худо чӣ хел аст?

Дарсҳои Худо

Агар мо ба хости Худованд итоат кунем, қувват дорем, ки ба урфу одатҳои зарарноки ин ҷаҳон пайравӣ накунем. Кадоме аз ин ду роҳро, шумо дар
зиндагӣ интихоб кардаед? Ба кадом арзишҳо ва анъанаҳои ин ҷаҳони гирду атрофамон мо бояд махсус боэҳтиёт бошем? Аз кадом васвасаҳо бояд канорагирӣ кунем?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *