Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35

This entry is part 32 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Худои Таоло аҳди Худро бо Исроил аз нав барқарор мекунад

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Худои Таоло аҳди Худро бо халқ, ки бо сабаби бутпарастии онҳо шикаста буд, барқарор кард (оят. 18-26).
Мусо дар давоми чиҳил рӯз бе истироҳат, хӯрок ва нӯшокӣ, суханони Худоро дар лавҳаҳои сангин менавишт. Вақте ки ӯ аз кӯҳ фуромад, чеҳрааш медурахшид, ин падидаи ғайриоддӣ набуд, ин инъикоси ҷалоли Худо ва тасдиқи он буд, ки мундариҷаи лавҳаҳо, дар ҳаққиқат Каломи Худо буданд (оят. 27-35).

Хислати Худо

19 Ҳар раҳимкушо аз они Ман аст, ва ҳар раҳимкушои наринаи чорпои ту, хоҳ аз гов бошад хоҳ аз гӯсфанд. 20 Ва барои раҳимкушои ҳар баррае фидия бидеҳ, ва агар фидия надиҳӣ, гарданашро бишкан; барои ҳар нахустзодаи писаронат фидия бидеҳ. Ва ба ҳузури Ман тиҳидаст наоянд. (34:19-20)

Навбари аввалини заминатро ба хонаи Худованд Худои худ биёр, бузғоларо дар шири модари он напаз». (34:26)

Исроил бояд ҳамаи нахустзодагонро ба Худо диҳад. Ин қарор бояд ба одамон кӯмак мекард, ки дарк кунанд, ки онҳо ба Худованд тааллуқ доранд ва ҳаёти одамон, пурра аз Ӯ вобаста аст. Оё дар қалби шумо ҷое ҳаст, ки шуморо водор месозад, ки ба Худо муқобилат кунед ва нигоҳ доштани ақидае, ки шумо
ба худ тааллуқ доред?

Шаш рӯз кор кун, ва дар рӯзи ҳафтум истироҳат намо; дар мавсими шудгор ва дарав низ истироҳати шанберо риоят намо. (34:21)

Худо ба исроилиён фармуд, ки дар рӯзи ҳафтуми ҳафта истироҳат кунанд. Онҳо бояд фаҳманд, ки онҳо метавонанд танҳо бо Ӯ зиндагӣ кунанд. Мо низ бояд ба ин суханони Худованд гӯш диҳем, то тавонем, ки қувваи худро барқарор кунем ва самаранок меҳнат кунем.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *