Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:20-29

This entry is part 34 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Бо хоҳиши иқрори дил

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Суханони Мусо ба дили мардум сахт таъсир кард ва онҳо бо шавқу ҳавас, ба овардани ҳадяҳои гуногун шурӯъ карданд. Онҳое, ки дар ҳама чиз моҳир буданд, худро ва истеъдодҳои худро ба Худованд мебахшиданд. Мардум дар кори Худо ихтиёран, бе маҷбурӣ, бо шодӣ ва ғайрат иштирок мекарданд (оят.20-29).

Дарсҳои Худо

Оят.20-29. Мардум ба таври васеъ дарк мекарданд, ки гуноҳи содиркардаашон то чӣ андоза ҷиддӣ ва то чӣ андоза бузург аст, бахшоиши додаи Худо барои онҳо. Аз ин рӯ, онҳо бо шукргузорӣ ва ҷидду ҷаҳд барои Худованд ҳадяҳо меоварданд. Оё шумо кори Худоро бо ҷидду ҷаҳд ва дили шод иҷро мекунед?

Ва мардон бо ҳамроҳии занон, ҳар касе ки дилаш моил буд, ҳалқаҳои бинӣ ва гӯш, ва ангуштарин ва гарданбанд, ҳар навъ колои тилло меоварданд, ҳар касе ки мехост пешкаши тилло барои Худованд биёрад. (35:22)

Дар байни ҳадяҳое, ки исроилиён ба Худованд ҷамъ карда буданд, гӯшвораҳое буданд. Пештар мардум ҳамин гуна ҷавоҳиротҳо барои рехтани гӯсолаи
тиллоӣ оварда буданд. Ин далел ҳақиқатеро нишон медиҳад, ки ҳама чиз ё истеъдодҳо барои хидмат ба Худо ва бут истифода мешаванд. Шумо қувва ва вақти худро ба чӣ сарф мекунед? Оё шумо истеъдод ва сарватҳои худро, ки Худо ба шумо додааст, барои чизҳои хушку холӣ ва бефоида сарф намекунед?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:30 – 36:7 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *