Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29

This entry is part 39 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Чароғдон ва қурбонгоҳ барои бухур

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Басалъил барои хаймаи муқаддас боз ду чизи муҳиме сохт. Чароғдон аз як порчаи тиллои сахт сохта шуда буд ва бояд пайваста месӯхт (оят.
17-24).
Қурбонгоҳи бухур охирин чизи хаймаи муқаддас аст. Аз коҳинон талаб карда мешуд, ки ҳамеша дар болои он бухур сӯзонанд, ки рамзи дуоҳои мардум ва садоқати онҳо ба Худост (оят. 25-29).

Дарсҳои Худо

Оят. 17-24. Дар партави чароғдони ҳамешахомӯшнашаванда, коҳинон метавонистанд вазифаҳои худро дар хаймаи муқаддас иҷро кунанд. Тавасути ин рамз Худои Таоло мехост нишон диҳад, ки ба назди халқи Худ ҳамчун Нур омадааст ва бо онҳост.

Инак, нигаҳбони Исроил пинак нахоҳад кард ва хоб нахоҳад рафт. Забур.120:4

Ва Исо боз ба мардум гуфт: «Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд, балки нури ҳаётро ёбад». Юҳанно.8:12

Оё шумо дар нури Каломи Худо ҳастед? Оё он дар дилатон пайваста месӯзад?
Оят. 25-29. Вазифаи муҳими коҳинон ин буд, ки дар қурбонгоҳ бухур оваранд (30:7) ки бо дастури Худо сохта шудааст ( 30:34-38). Ин расму русум, ки рамзи пешкаши дуо ба Худои Таоло буд, бояд ҳамарӯза иҷро мешуд. Оё шумо мунтазам «бухури» дуоҳои худро ба Худо пешкаш мекунед (Ваҳӣ.5:8;
8:3,4)?

Ва ҳангоме ки Ӯ китобро гирифт, он чор ҳайвон ва бисту чор пир пеши Барра афтоданд, дар ҳолате ки ҳар яке барбатҳо ва косаҳои тиллои пур аз бухур. Ваҳӣ.5:8

Ва фариштаи дигаре омада, назди қурбонгоҳ истод, дар ҳолате ки маҷмари тилло дар дасташ буд; ва ба вай бухури бисьёре дода шудааст, то ки онро бо дуоҳои ҳамаи муқаддасон бар қурбонгоҳи пеши тахт тақдим кунад. Ва дуди бухур бо дуоҳои муқаддасон аз дасти фаришта ба ҳузури Худо сууд намуд. Ваҳӣ 8:3,4

Чӣ гуна шумо, накҳати ҳузури Худоро дар ҳаёти худ паҳн мекунед?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:1-16Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *