Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20

This entry is part 40 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Ҳавлии хайма

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Басалъил қурбонгоҳ барои қурбонӣ сохт. Дар рӯи он, бояд ҳайвонеро ба Худои Таоло қурбонӣ мекарданд, ки онро шахсе, ки бо ягон роҳ гуноҳ карда буд меовард. Танҳо бо ин роҳ шахси гуноҳкор метавонист бахшоиши гуноҳро гирад.
Устоҳо инчунин як ҳавзи калони мисин барои шустушӯй сохтанд, ки барои коҳинон пеш аз иҷрои вазифаҳои худ шустан лозим буд. Пас аз ин, коргарони Худо пардаҳое сохтанд, ки маъбадро иҳота карда, онро аз ҷаҳони беруна ҷудо мекарданд ва ба ин восита, муқаддас будани ин маконро таъкид мекарданд (оят.1 -20).

Дарсҳои Худо

Ва лагани мисин сохт, ки пояаш низ мисин буд, аз оинаҳои заноне ки назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ҷамъ мешуданд. (38:8)

Барои сохтани ҳавзи шустушӯй ва пояи он оинаҳои мисин ки занон оварда буданд, истифода мешуданд. Ҳеҷ кадоме аз маводе, ки барои хайма сохта шудааст, аз аввал тақдис карда нашудааст. Ҳамаи онҳо танҳо он вақт тақдис шуданд, ки Худои Таоло онҳоро қабул кард. Имрӯз низ, вақте ки мо ҷони худро ба Худо месупорем, Ӯ онро тақдис мекунад ва ба мо кӯмак мекунад, ки дар муқаддасӣ зиндагӣ кунем.


Оят. 9-20. Пардаҳое, ки саҳни ҳавлиро ташкил медоданд, хаймаи муқаддасро аз тамоми ҷаҳон ҷудо мекарданд ва нишон медиҳанд, ки ин ҷой барои
ҳама дастрас нест. Оё новобаста аз он, ки ҳамаи мо дар ҷаҳони гуноҳкор зиндагӣ мекунем, шумо дар доираи сарҳадҳои аз ҷиҳати рӯҳонӣ пок зиндагӣ мекунед? Барои шумо «ҳавлии хайма» чист, ки ҷамоати шуморо аз ҷаҳони беруна ҷудо кунад?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *