Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31

This entry is part 41 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Маводҳое, ки барои сохтани хайма истифода шуд

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Сохтмон ва таҷҳизонидани хаймаи муқаддас, манзили Худо, ниҳоят бомуваффақият анҷом ёфт. Барои кор миқдори зиёди маводи гаронбаҳоеро, ки исроилиён ихтиёран оварданд, инчунин истеъдод ва қобилиятҳои бисёри одамонро талаб мекард. Мусо ба Итомор фармуд, ки ҳисоб кунад, ки чӣ қадар маводҳои қимматбаҳо сарф шудааст. Натиҷа ҳайратовар буд, зеро одамоне, ки муҳаббат ва бахшоиши Худоро медонистанд, аз самими қалб ҳадяҳои саховатманд мекарданд (оят. 21-31).

Дарсҳои Худо

Ин аст ҳисоботи маскан, маскани шаҳодат, ки бо амри Мусо, бо хизмати левизодагон, зери назорати Итомор ибни Ҳоруни коҳин тартиб дода шудааст. Ва Басалъил ибни Урӣ ибни Ҳур, аз сибти Яҳудо, ҳар он чиро, ки Худо ба Мусо амр фармуда буд, сохт. Ва бо ӯ Оҳолиоб ибни Аҳисомок, аз сибти Дон буд, ки вай ҳаккок ва зарбоф ва гулдӯз бар лоҷвард ва арғувон ва қирмиз ва катони нозуки дутоба буд. (38:21-23)

Басалъил ва Оҳолиоб сохтмони хаймаи муқаддасро назорат мекарданд. Итомор ва левизодагоне, ки ба ӯ ёрӣ медоданд, даромад ва сарфи маблағҳоро сабт мекарданд. Исроилиёни оддӣ низ ба кори умумӣ саҳм гузошта, хайрияҳои саховатмандона карданд. Ва гарчанде, ки Навиштаҳо танҳо пешвоёни сохтмонро номбар мекунад, дар паси онҳо бисёр коргарони Худо, ки барои мо номаълум буданд, истода, иродаи Худовандро иҷро мекарданд. Бар хилофи он чизе, ки дар ин ҷаҳон маълум аст, калисо набояд ба як ё якчанд роҳбарон такя кунанд. Танҳо он вақт ки тамоми ҷомеаи имондорон ба роҳнамоии Руҳулқудс итоат кунанд, вақте ки аъзоёни он, ба ҳамдигар эҳтиром доранд, ки қудрати олӣ Каломи Худост ва калисо метавонад дар ҳузури Худои Таоло рост бошад.

Худои меҳрубон, мо калисои худро, хонаи Туро на аз рӯи маҷбурӣ ва ё аз рӯи ҳисси уҳдадорӣ месозем, балки бо муҳаббат ба Ту ва сипос барои марҳамате, ки Ту додаи, месозем. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:1-21 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *