Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:1-16

This entry is part 44 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Фармони Худованд барои сохтани хайма

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Худо дастурҳои дақиқ дод, ки кай ва чӣ тавр хаймаи ҷамъомадро барпо кардан ва чӣ гуна лавозимоти онро дар дохили он ҷойгир кардан лозим аст. Он гоҳ Ӯ фармуд, ки хайма ва коҳинон тақдис карда шаванд ва онҳоро бо равған тадҳин кунанд (оят. 1-16).

Хислати Худо

Оят. 9-15. Худо ба Мусо фармон дод, ки коҳинон, хайма ва ашёҳои онро бо равған тадҳин кунад, ва ҳамчунин Ҳорун ва писарони ӯро ба хидмат ба Худо тайёр карда, ҷудо кунад. Ҳеҷ кас ё чизе агар муқаддас набошад, наметавонад, барои хидмати Худо мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, муҳим нест, ки шахс ё бино то чӣ андоза хуб аст ё даъват ё ваҳиӣ калисо то чӣ андоза бузург набошад. Агар одамоне, ки ин калисоро ташкил медиҳанд, муқаддас набошанд, ин гуна ҷамоатро Худо истифода бурда наметавонад.

Дарсҳои Худо

Ва равғани тадҳинро гирифта, масканро бо ҳар он чи дар он аст, тадҳин намо, ва онро бо тамоми колояш тақдис кун, ва он муқаддас хоҳад шуд. Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро бо тамоми колояш тадҳин намо, ва қурбонгоҳро тақдис кун; ва ин қурбонгоҳ қудси қудсҳо хоҳад шуд. Ва лаган ва пояашро тадҳин намо, ва онро тақдис кун. (40:9-11)

Агар чизе, новобаста аз он, хоҳ тилло, хоҳ нуқра ё мис, тавассути тадҳин бо равған муқаддас карда мешавад, он дастоварди муқаддаси Худо мегардад. Ҳар як одам – танҳо хок аст. Аммо вақте, ки Худои Таоло рӯҳро дар мо эҳё мекунад ва мо дар асоси Каломи Ӯ зиндагӣ карданро сар мекунем, Худои Муқаддас моро ҳамчун коргарони Худ истифода мебарад.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:22-43Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:17-38 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *