Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26

This entry is part 3 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Тарси мардум пеши Худо

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Ба кӯҳи Сино фуромадани Худо бо падидаҳои даҳшатангези табиӣ ва ғайриоддӣ ҳамроҳ буд. Банӣ – Исроил аз ҳузури Худо тарсиданд ва шояд шод буданд, ки Мусо дар он ҷо буд, шахсе, ки метавонад дар байни Худованд ва мардум миёнараве ҳаст (оят.18-21).

22 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Шумо дидед, ки Ман аз осмон ба шумо сухан рондам. 23 Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед. 24 Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод. 25 Ва агар қурбонгоҳи сангин барои Ман бисозӣ, онро аз сангҳои тарошида бино накун; зеро ки агар афзоли худро ба он бирасонӣ, онро палид хоҳӣ кард. 26 Ва бар қурбонгоҳи Ман бо зинапоя набаро, то ки аврати ту бар он яла нашавад“». Хуруҷ 20:22-26

Худо сохтани бутҳоро ба исроилиён манъ кард. Қурбогоҳи Худованд бояд аз сангҳои ноҳамвор сохта мешуд. Ин далели он буд, ки Худои Таоло бо дасти инсон «худо» ба таври сунъӣ офарида нашудааст, балки Офаридгори абадии тамоми мавҷудот аст (оят. 22-26).

Хислати Худо

22 Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Ба банӣ‐Исроил чунин бигӯ: „Шумо дидед, ки Ман аз осмон ба шумо сухан рондам. 23 Бо Ман худоёни нуқра насозед, ва худоёни тилло барои худ насозед. Хуруҷ 20:22-23

Худо сохтани бутҳоро ба мардум манъ кардааст. Вале одамон он вақт ҳам, мисли имрӯза аз он даст накашидаанд. Шояд сабаби ин дар он аст, ки бутҳои мурдае, ки инсон барои худ сохтааст, нисбат ба Худои зинда, ки шахсан бо мо сухан мегӯяд, хеле қулайтар аст. Мо бояд динпарастии беҳударо тарк кунем ва ба ибодати ҳақиқии Худо баргардем, ки Офаридгор Худованди мост ва ба барпо намудани муносибатҳои шахсӣ бо Ӯ ёрӣ мерасонад.

24 Қурбонгоҳи хокӣ барои Ман бисоз, ва қурбониҳои сӯхтании худ ва қурбониҳои саломатии худро аз гӯсфандон ва говони худ бар он тақдим намо; дар ҳар ҷое ки Ман зикри исми Худро муқаррар намоям, Ман назди ту омада, туро баракат хоҳам дод. Хуруҷ 20:24

Худо ба халқи Исроил ваъда дод, ки дар ҷое, ки онҳо ба Ӯ қурбонгоҳ сохта қурбонӣ меоваранд, онҳоро баракат хоҳад дод. Ва имрӯз низ Худо аз онҳое хурсанд аст, ки ба воситаи Исои Масеҳ ба Ӯ саҷда мекунанд. Худо ҳамеша дар он ҷоест, ки Ӯро ҳақиқӣ ибодат мекунанд.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:1-11 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *