Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:1-14

This entry is part 15 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Хаймаи Муқаддас

Худо нишон дод, ки Хаймаи Муқаддас чӣ гуна ва аз чи сохта шавад.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Саркоҳини абадӣ, назар ба каҳонати Аҳди Қадим, каҳонати баландтаре дорад; Ӯ қурбонии олие, яъне Хуни шахсии Худро, меоварад.

1 Пас, аҳди якум низ дастурҳои оид ба ибодати Худо, ва қудси заминӣ дошт; 2Зеро хайма ба қисмҳо сохта шуда буд: қисми якум, ки дар он чароғдон ва миз ва нони тақдим буд, ва он «қудс» номида мешавад. 3 Ва дар паси парда кисми дуюми хайма буд, ки «қудси қудсҳо» номида мешавад, 4 Ки дар он бухурдони тиллоӣ ва сандуқи аҳд буд, ки ҳама ҷояш тиллокӯб шуда буд, ва дар он зарфи тиллоие пур аз манн, асои шукуфтаи Ҳорун ва лавҳаҳои аҳд буд, 5 Ва ба болои он каррубиёни ҷалол буданд, ки бар кафоратгоҳ соя меафканданд; дар ин хусус ҳоло муфассал сухан рондан лозим нест. ба Ибриён 9:1-5

Худои Таоло таҳри Хаймаи Муқаддасро ба таври муфассал тавсиф карда аст. Қасрҳое, ки дар он подшоҳон зиндагӣ мекунанд – ин одатан қасрҳои кушод ва боҳашамат аст. Аммо Худованд мехост, ки хайма ҷамӣшаванда бошад, то ҳамеша бо халқи Худ, ки дар биёбон кучманчӣ буданд, наздик бошад.

Дарсҳои Худо

1 Ва масканро аз даҳ чодири катони нозуки дутоба, ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз бисоз, ва каррубиёнро бо бофти санъаткорона бар онҳо нақш намо. 2 Дарозии ҳар як чодир бисту ҳашт зироъ, ва фарохии ҳар як чодир чор зироъ бошад; ҳамаи чодирҳо ба як андоза бошад. 3Панҷ чодир бояд бо ҳамдигар пайванд карда шавад, ва панҷ чодири дигар бо ҳамдигар пайванд карда шавад. 4 Ва тугмахонаҳо аз лоҷвард бар лаби як чодире ки дар канори пайвандкунӣ мебошад, бисоз; ва бар лаби чодири канори пайвандкунии дуюм низ чунин бисоз. 5 Панҷоҳ тугмахона дар як чодир бисоз, ва панҷоҳ тугмахона дар канори чодире ки дар пайвандкунии дуюм мебошад, бисоз, — тугмахонаҳо бояд дар рӯ ба рӯи ҳамдигар бошад. 6 Ва панҷоҳ чангаки тилло бисоз; ва чодирҳоро бо чангакҳо ба якдигар пайванд намо, — ва маскан яклухт хоҳад шуд. Хуруҷ 26:1-6

Хаймаи Муқаддас, ки моҳирона аз маводҳои беҳтарин сохта шуда буд, макони Худои Муқаддас буд. Он тавре сохта шудааст,ки одамоне, ки табиатан гунаҳкоранд тасодуфан ба он дохил нашаванд. Худо танҳо ба саркоҳинон иҷозат дод, ки ба маъбад ворид шаванд, ки ин ҳузури марҳамати Худо ба халқи
Исроил буд. Оё мо дарк мекунем, ки чӣ гуна файзи бузургеро дар Исои Масеҳ пайдо кардаем ва ҳақ дорем, ки дар ҳар вақт ва дар ҳама ҷо ба воситаи Ӯ назди Худои Муқаддас биёем?

Оят.7-17. Болопӯш ва сарпӯш бояд хаймаро ҳангоми ҳавои бад дар биёбон муҳофизат мекарданд. Оё ҷамоати шумо «болопӯш» – и қавӣ ва амин дорад, ки Худо дар он маскан гирифтааст? Оё он метавонад шуморо аз озмоишҳои бераҳмона ва васвасаҳои ин ҷаҳон муҳофизат кунад? Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо фармони Худоро дар бораи пушидани хаймаи муқаддас бо се парда дар ҷамоати худ истифода када метавонем.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:15-37 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *