Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:29-46

This entry is part 25 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Ва Худои онҳо хоҳам буд

Худо ваъда дод , ки бо халқи Худ вомехӯрад ва бо онҳо дар хаймаи вохӯриҳо сӯҳбат хоҳад кард.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Тадҳин шудани коҳинон бояд ҳафт рӯз давом мекард. Дар Навиштаҳои Муқаддас рақами «7» рамзи комилият, беайбӣ мебошад. Ҳамин тариқ, Худо талаб кард,ки коҳинон пурра ва комил бошанд (оят. 29-37).
Худованд ба халқи Исроил ваъда дод, ки дар хаймаи вохӯрӣ бо онҳо вохӯрад. Аз ин рӯ ба коҳинон амр фармуд, ки ҳар рӯз субҳ ва шом қурбониҳои муқарраршударо, дар ҳузури Ӯ ба ҷо оваранд (оят. 38-46).

Хислати Худо

43 Ва дар он ҷо ба банӣ‐Исроил зоҳир хоҳам шуд, ва он аз ҷалоли Ман тақдис хоҳад ёфт. 44 Ва хаймаи ҷомеъ ва қурбонгоҳро тақдис хоҳам намуд; ва Ҳорун ва писаронашро тақдис хоҳам намуд, то ки ба Ман каҳонат кунанд. (29:43-44)

Коҳинон хайма ва қурбонгоҳ, на бо дасти одамон ё расму оинҳои онҳо, балки аз ҷониби Худо тақдис карда шуданд. Аз ин рӯ ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз, муқаддас шуда наметавонад, магар ин ки аз ҷониби Худои Таоло тақдис нашавад. Мо набояд бо «ҷойҳои муқаддас» ва дигар чизҳои ба ин монанд машғул шавем, барои ба даст овардани ҳиссиёти муқаддас. Барои қудсияти ҳақиқӣ, бояд дар назди Худо, ки танҳо Ӯ инсонро дар ҳаққиқат муқаддас мегардонад, дар мавқеи дуруст будан лозим аст.

Дарсҳои Худо

38 Ва ин аст он чи ту бояд бар қурбонгоҳ тақдим намоӣ: барраҳои яксола, ду адад дар як рӯз, ба таври доимӣ. 39 Як барраро дар субҳ тақдим намо, ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо. 40 Ва даҳьяк аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк ҳин шароб — барои як барра хоҳад буд. 41 Ва барраи дигарро дар шомгоҳ тақдим намо; барои он монанди ҳадияи ордии субҳ ва монанди ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд бошад. (29:38-41)

Ба коҳинон лозим буд, ки дар як рӯз ду маротиба қурбонӣ оваранд. Иҷрои он маросим маънои онро дошт, ки коҳинон ва халқи Худо пайваста шартҳои аҳдро иҷро мекарданд. Ба мо аксар вақт Каломи Худоро,ки шунидаем ё хондаем, дар дили худ нигоҳ доштан ва мунтазам дар бораи он фикр кардан душвор аст. Аммо, бояд дар хотир дошт, ки ин қурбонии муҳими рӯҳонӣ аст, ки ба Худо писанд аст!

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:1-4Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 31:1-18 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *