Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33

This entry is part 10 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Ваъдаҳо ва дастуроти Худо

Худо ба исроилиён ваъда дод, ки Фариштаро мефиристад, ки онҳоро дар роҳ ба замини Ваъдашуда муҳовизат мекунад. Баъдан Худованд ба халқ дастур дод, ки онҳо дар он ҷо чӣ гуна зиндагӣ хоҳанд кард.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Фариштаи Худо Исроилро ба замини ваъдашуда роҳнамоӣ мекунад. Бинобар ин мардум бояд ба Ӯ гӯш диҳанд ва ба суханони Ӯ итоат кунанд (оят.20-23).
Ба бани Исроил – Худованд ваъда медиҳанд, ки дар қанъаи маскан гирифта, обод ва шукуфон хаҳан шуд. Аммо барои ин онҳо бояд як шартро иҷро кунанд – покии имони худро нигоҳдоранд.(оят. 24-33).

Хислати Худо

20 Инак, Ман фариштае пешопеши ту мефиристам, то ки туро дар роҳ нигаҳбонӣ карда, ба маконе ки муҳайё намудаам, бирасонад. 21 Аз вай эҳтиёт шав ва ба овозаш гӯш деҳ; ба вай мухолифат нанамо, зеро ки вай гуноҳи шуморо афв нахоҳад кард, чунки исми Ман андаруни вай аст. 22 Агар ту ба овози вай гӯш диҳӣ, ва ҳар он чи Ман бигӯям, ба ҷо оварӣ, он гоҳ Ман ба душманони ту душман хоҳам буд, ва ба бадхоҳонат бадхоҳӣ хоҳам кард. (Хуруҷ 23:20-22)

Мо мисли ғарибонем, ки дар биёбон сайр мекунем.(Ибриён.3:7-19). Аз ин рӯ, Худованд ваъда дод, ки моро тавассути Калом таълим медиҳад ва ба воситаи Руҳулқудс муҳовизат мекунад. Бе итоаткории комил ба Худо, мо ин кӯмакро ба даст оварда наметавонем. Мо бояд инро ҳамеша дар хотир дорем.

32 Бо онҳо ва бо худоёнашон аҳд набанд. 33 Бигзор онҳо дар замини ту сукунат надошта бошанд, мабодо туро бар зидди Ман осӣ гардонанд, ва ту худоёни онҳоро ибодат намоӣ, ва ин барои ту санги роҳ гардад». (23:32-33)

Исроилиён бояд аз Қанъон тамоми сокинони онро ба дар кунанд. Дар акси ҳол, хотири бузурге вуҷуд дорад, ки яҳудиён бо бутпарастон «дӯсти пайдо мекунанд» ва никоҳ карда, оҳиста-оҳиста бутпарастӣ ва тарзи зиндагии онҳоро қабул мекунанд. Биёед бубинем, ки оё дар мо ягон таъсири «қанъонӣ» боқӣ мондааст, ки моро аз озодии ҳақиқӣ маҳрум мекунад ва ба муоширати мо бо Худо халал мерасонад.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:1-19Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *