
Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:14-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:12-27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:28-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:16-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:10-22
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:15-37
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:15-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:19-28
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:29-46
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:17-38
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 31:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:20-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:30 – 36:7
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:8-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:20-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:22-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:17-38
Қурбониҳо барои маъбад
Дар Хуруҷ 25–31 мо мехонем, ки Худо ба Мусо дар бораи сохтани хаймаи муқаддас, ҷойе барои ибодат ва ҳузури Ӯ дар миёни халқи Исроил, роҳнамоӣ медиҳад. Худо ба ягон бино ё ҷойи муайян маҳдуд нест. Осмон ва замин аз они Ӯст. Аммо Ӯ бо муҳаббат хост, ки дар миёни халқи худ ҳузури Худро ба таври махсус нишон диҳад.
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Дар Хуруҷ 25–31 мо мехонем, ки Худо ба Мусо дар бораи сохтани хаймаи муқаддас, ҷойе барои ибодат ва ҳузури Ӯ дар миёни халқи Исроил, роҳнамоӣ медиҳад. Худо ба ягон бино ё ҷойи муайян маҳдуд нест. Осмон ва замин аз они Ӯст. Аммо Ӯ бо муҳаббат хост, ки дар миёни халқи худ ҳузури Худро ба таври махсус нишон диҳад.
Худо ба Мусо гуфт: «Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд.» (Хуруҷ 25:8, KM99)
Ин суханон танҳо дар бораи сохтани як бино набуданд. Мақсади асосӣ ин буд, ки Худо дар миёни қавмаш бошад ва онҳо ҳузури Ӯро эҳсос кунанд. Худо мехост, ки халқаш Ӯро танҳо ҳамчун Худои дур ва бузург нашиносад, балки бо Ӯ зиндагӣ кунад ва дар муносибати наздик бо Ӯ бошад.
Ин барои мо ҳам маънои чуқур дорад. Худо имрӯз ҳам мехоҳад дар миёни халқи Худ бошад. Ӯ моро танҳо ба иҷро кардани қоидаҳо даъват намекунад. Ӯ мехоҳад, ки мо бо Ӯ муносибати зинда дошта бошем. Дар Исои Масеҳ Худо ба мо ба таври махсус наздик шуд. Мо метавонем ба Ӯ биёем, бо Ӯ суҳбат кунем, дар Каломи Ӯ Ӯро бишносем ва ба роҳнамоии Рӯҳи Муқаддас гӯш диҳем.
Аз ин рӯ, саволи асосӣ танҳо ин нест, ки «Ман барои Худо чӣ кор карда истодаам?» Саволи амиқтар ин аст: «Ман бо Худо чӣ гуна муносибат дорам?»
Худо аз мо танҳо чизе гирифтан намехоҳад, балки мехоҳад дилҳои моро дошта бошад
Дар оятҳои 1–9 Худо ба Мусо мегӯяд, ки аз байни мардум барои сохтани хаймаи муқаддас ҳадия ҷамъ кунад:
«Ва ин аст ҳадияе ки аз онҳо бигиред: тилло, ва нуқра, ва мис; ва лоҷвард, ва арғувон, ва қирмиз, ва катони нозук, ва пашми буз; ва пӯсти қӯчқор, ки сурх бошад, ва пӯсти тӯҳс, ва чӯби ақоқиё…» Хуруҷ 25:3–5
Ҷолиб аст, ки Худо аз одамон чизҳои гуногун мехост. Баъзеҳо тилло ё нуқра доштанд. Дигарон матоъ, пӯст, чӯб ё чизҳои дигаре доштанд, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаашон истифода мекарданд. Ҳар кас сарвати якхела надошт, вале ҳар кас имконият дошт, ки аз он чизе ки дар дасташ буд, саҳм гузорад.
Муҳимаш танҳо арзиши ҳадия набуд. Муҳим он буд, ки одам бо дили худ онро медиҳад.
Дар фарҳанги мо ҳам ин фикр шинос аст. Дар Тоҷикистон вақте меҳмон ба хонаи касе меояд, соҳибхона дастархон меорояд. Шояд хона хеле одӣ бошад ва хӯрок ҳам бисёр набошад, аммо соҳибхона мегӯяд: «Ҳар чӣ дорем, аз дил.» Арзиши дастархон танҳо ба қимати хӯрок вобаста нест. Муҳаббат, эҳтиром ва нияти одам аҳамияти бештар дорад.
Ин маъно ба хизмати мо ба Худо ҳам дахл дорад. Худо ба мо бо чашми одамон нигоҳ намекунад. Ӯ намепурсад, ки «Кӣ бештар дод?» ё «Кӣ кори бузургтар кард?» Ӯ ба дил менигарад.
Саъдӣ чунин мегӯяд:
Бани Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ин суханон ба мо хотиррасон мекунанд, ки ҳаёти мо аз ҳам ҷудо нест. Мо барои зиндагӣ танҳо нестем. Худо моро барои муносибат бо Худ ва барои муносибат бо одамони дигар офаридааст. Вақте мо чизеро бо муҳаббат ба дигарон медиҳем, вақт ҷудо мекунем, меҳнат мекунем ё касеро дастгирӣ менамоем, мо нишон медиҳем, ки дил аз худ берун омада, ба дигарон нигаронида шудааст.
Худо дар мо сокин аст
Худо ба исроилиён гуфт: «Ва бигзор онҳо барои Ман қудсе бисозанд, ва Ман дар миёни онҳо сокин хоҳам шуд» (Хуруҷ 25:8). Мақсади хайма танҳо сохтани як ҷойи муқаддас набуд. Худо мехост дар миёни халқаш бошад ва бо онҳо муносибати наздик дошта бошад.
Имрӯз Худо ба ҳамин тарз бо мо ҳузур дорад. Ӯ ба воситаи Рӯҳи Муқаддас дар даруни мо сокин аст. Рӯҳи Муқаддас моро роҳнамоӣ мекунад, Каломи Худоро ба мо мефаҳмонад ва ба мо ёрӣ медиҳад, ки ҳузури Худоро дар ҳаёти ҳаррӯзаамон дарк кунем. Ӯ ҳамчунин дили моро равшан мекунад, то гуноҳҳои худро бинем ва дар назди Худо ростқавлона эътироф кунем.
Аз ин рӯ, муносибати мо бо Худо танҳо иҷро кардани вазифаҳо ё барои Ӯ корҳои зиёд кардан нест. Ӯ мехоҳад, ки мо бо Ӯ зиндагӣ кунем ва ҳар рӯз ба роҳнамоии Ӯ гӯш диҳем. Ба ҷои он ки танҳо аз худ пурсем: «Ман имрӯз барои Худо чӣ кор кунам?», метавонем пурсем: «Худовандо, Ту имрӯз дар дили ман чӣ кор карда истодаӣ? Чиро ба ман нишон медиҳӣ? Дар кадом ҷои ҳаётам маро роҳнамоӣ ва ислоҳ мекунӣ?»
Вақте мо ба Рӯҳи Муқаддас гӯш медиҳем, хизмати мо дигар танҳо иҷрои вазифа намешавад. Он аз муносибати зинда бо Худо сарчашма мегирад. Мо чизҳои доштаамон, вақти худ, меҳрубонӣ, меҳнат ва қобилиятҳоямонро бо муҳаббат истифода мебарем, зеро Худо дар мо зиндагӣ мекунад ва моро аз дарун роҳнамоӣ мекунад.
Худо танҳо намехоҳад, ки мо барои Ӯ зиндагӣ кунем. Ӯ мехоҳад, ки мо бо Ӯ зиндагӣ кунем.