
Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:8-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:14-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:12-27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 21:28-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 22:16-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 23:20-33
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 24:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:10-22
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 25:23-40
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 26:15-37
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 27
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 28:15-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:19-28
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 29:29-46
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 30:17-38
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 31:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 32:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 33:12-23
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:1-17
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 34:18-35
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:1-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:20-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 35:30 – 36:7
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:8-19
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 36:20-36
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 37:17-29
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 38:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 39:22-43
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:1-16
- Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 40:17-38
Хаймаи муқаддас, ки дар итоаткорӣ сохта шудаат
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Коргарон ба сохтани хаймаи муқаддас шурӯъ карданд. Баъд барои он рӯйпӯшҳо тайёр карданд, то хаймаро аз гармӣ, шамол ва дигар сахтиҳои биёбон муҳофизат кунанд. Худи хайма аз масолеҳи қиматбаҳо сохта шуда, бо тасвири каррубиён оро дода шуда буд. Барои рӯйпӯшҳои берунӣ бошад, аз мӯйи буз ва пӯсти гӯсфанд истифода карданд (оятҳои 8–15).
Дарсҳои Худо
Ва ҳамаи донодилон, ки бо кор машғул буданд, даҳ чодири масканро аз катони нозуки дутоба ва лоҷвард ва арғувон ва қирмиз сохтанд, ва каррубиёнро бар онҳо бо бофти санъаткорона нақш карданд. (36:8)
Одамоне, ки дар сохтани ин рӯйпӯшҳо кор мекарданд, ҳунармандони моҳир буданд. Худо ба онҳо танҳо дастур надод, ки чӣ созанд, балки ба онҳо қобилият ва ҳунар ҳам дод, то ин корро хуб иҷро кунанд. Барои ба ҷо овардани кори Худо ҳам хоҳиш ва ҳам маҳорати хуб лозим аст.
Дар фарҳанги мо мегӯянд: «Кори кардагиат аз номи ту мегӯяд.» Вақте инсон кори худро бо дил ва бо масъулият иҷро мекунад, дигарон инро аз худи кори ӯ мебинанд. Барои мо ҳам муҳим аст, ки дар коре, ки Худованд ба мо супурдааст, бо дил кор кунем ва онро хуб ба ҷо оварем. Мо набояд танҳо ба гапи одамон нигоҳ кунем ё барои писанди онҳо зиндагӣ кунем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ба Каломи Худо гӯш диҳем ва он чиро, ки Ӯ ба мо супурдааст, содиқона иҷро кунем (оятҳои 8–19).
Танҳо чанде пештар исроилиён худхоҳӣ карда, гуноҳи калон содир карданд. Онҳо ба ҷойи Худо барои худ гӯсолаи тиллоӣ сохтанд. Аммо Худо онҳоро тарк накард. Пас аз он ки гуноҳашон ошкор шуд ва онҳо ба Худо баргаштанд, акнун мебинем, ки ҳамон мардум бо итоаткорӣ хаймаи муқаддас месозанд, то Худо дар миёни онҳо сокин бошад.
Ин барои мо дарси муҳим аст. Инсон вақте аз рӯи хоҳишҳои худ зиндагӣ мекунад ва ба чизҳое такя мекунад, ки ҷойи Худоро мегиранд, ҳаёти худро ба роҳи нодуруст мебарад. Аммо вақте инсон аз нафси худ рӯ мегардонад, ба Худо бармегардад ва ба Каломи Ӯ гӯш медиҳад, ҳаёташ дигар мешавад. Ба ҷойи сохтани «бутҳои» худ, ӯ барои ҳузури Худо дар ҳаёти худ ҷой тайёр мекунад.
Худо нишон медиҳад, ки ҳатто баъд аз гуноҳ ва нокомӣ роҳи бозгашт вуҷуд дорад. Исроилиён баъд аз гӯсолаи тиллоӣ акнун бо дастҳои худ чизе месозанд, ки Худо фармуда буд. Ин ба мо умед медиҳад: вақте ба Худо бармегардем ва бо Ӯ зиндагӣ мекунем, Ӯ метавонад ҳаёти моро аз нав ба роҳи дуруст баргардонад.