Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:1-17

This entry is part 2 of 45 in the series Нони Ҳаррӯза - Хуруҷ 19-40

Даҳ Аҳком

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Пеш аз додани Аҳком, Худо ба исроилиён хотиррасон кард, ки чӣ тавр онҳоро аз Миср берун оварда, онҳоро аз ғуломӣ озод кард. Худо мехост, ки халқи Исроил ба таври ихтиёрӣ ба Ӯ итоат кунанд, аз ҳиссиёти миннатдорӣ, ба он чизе, ки Ӯ барои онҳо кард (оят. 1,2). Чор аҳкоми аввал дар бораи муносибати инсон бо Худо, дар бораи ибодат ба Ӯ сухан меронанд. Шаштои дигар, муносибатҳои байни одамонро танзим мекунанд. Дар мавзӯъ, даҳ аҳком-қонуни таъғирнопазирест, ки бояд ҳар як аъзои Малакути Худо риоя кунанд (оят. 3-17).

Хислати Худо

Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад. (Хуруҷ 20:3)

Худованди Таоло моро аз парастиши дигар «худоён» манъ кардааст. Моҳияти инсон аз он муайян мешавад, ки ӯ ба кӣ ё чӣ парастиш мекунад. Мо набояд дар байни Худо ва чизи дигаре дудилагӣ кунем. 3 Подшоҳон 18:21 мегуяд,

Ва Ильёс ба тамоми қавм наздик омада, гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед». Вале қавм дар ҷавоби ӯ сухане нагуфтанд.

Мо набояд гузорем, ки касе ё чизе барои мо аз Худо арзиштар ва муҳимтар гардад.

Дарсҳои Худо

Исми Худованд Худои худро беҳуда ба забон нагир, зеро ки Худованд касеро, ки исми Ӯро беҳуда ба забон мегирад, беҷазо нахоҳад гузошт. (Хуруҷ 20:7)

Худои Таоло аз беҳуда гирифтани номи Ӯ манъ мекунад. Номи Худо хислат ва зоти Ӯро ифода мекунад. Аз ин рӯ, онро ноҷо истифода кардан ҷоиз нест. Ғайр аз ин, набояд касеро ба номи Худованд бепарвоёна баракат ё лаънат кунад. Номи Худо нишонаи ситоиш ва ҷалоли даҳони мост, на асбобе, ки мо
онро ба қадри хоҳишамон истифода барем.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 19:1-13Нони Ҳаррӯза – Хуруҷ 20:18-26 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *