Ваъдаҳо ва пешгӯиҳоКитоби ЮнусИнҷили Луқо

Аломатҳо ва риёкорӣ – Луқо 11:29-54

This entry is part 28 of 39 in the series Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Луқо 11:29–32 — Шахси бузургтар

«Чӣ тавре ки Юнус барои мардуми шаҳри Нинве аломате буд,

Писари Одамизод низ барои ин насл аломате хоҳад шуд.» (11:30)

Мардум аз Исо аломате талаб мекарданд, ва Ӯ онҳоро барои ин танбеҳ дод. Бо вуҷуди ин, Ӯ гуфт, ки ба онҳо аломате дода мешавад — аломате монанд ба ҳаёти Юнус.

Аломат амали мӯъҷизавиест, ки қудрати Худоро ошкор мекунад. Исо дар бораи аломати Юнус сухан мегӯяд. Пас аз се рӯз дар шиками моҳии бузург, Юнус аз марги обӣ раҳо ёфт. Ҳамин тавр, Исо низ пас аз се рӯз баъд аз марг бар салиб аз мурдагон эҳё мешавад. Юнус барои сокинони Нинве аломате буд, ва Исо барои онҳое, ки бо онҳо сухан мегуфт, аломати Худо буд.

Исо инчунин дар бораи рӯзи доварӣ сухан мегӯяд, махсусан дар бораи онҳое, ки бархоста шаҳодат хоҳанд дод. Мардуми Нинве бархоста шаҳодат медиҳанд, зеро онҳо ба Каломи Худо гӯш доданд. Ин хислате буд, ки шунавандагони Исо қабул накарданд, зеро онҳо ба паёми Ӯ мисли мардуми Нинве ҷавоб надоданд.

Дар рӯзи қиёмат маликаи Сабо низ бархоста шаҳодат хоҳад дод, зеро ӯ барои шунидани ҳикмати Сулаймон масофаи дурро тай карда буд. Аммо дар рӯзҳои Исо бисёриҳо намехостанд, ки ҳикмати Ӯро бишнаванд ё қабул кунанд.

Дар ҳар ду мисоли овардаи Исо, шаҳодатдиҳандагон одамони ғайрияҳудӣ мебошанд. Онҳо Каломи Худоро шуниданд ва пайравӣ карданд, дар ҳоле ки бисёре аз дигарон дар замони Исо ин корро накарданд.

Шахсе бузургтар аз Сулаймон дар назди мардум меистод. Наҷотдиҳандае бузургтар аз пайғамбаре мисли Юнус ҳозир буд. Агар шахс бузургтар бошад, пас вокуниш низ бояд бузургтар бошад. Онҳо бо паёми Юнус тавба карданд, ва бисёриҳо ба ҳикмати Сулаймон гӯш доданд. Пас, мо ба суханони Исо чӣ гуна ҷавоб медиҳем?

Бисёр вақт мешунавем, ки одамон дар бораи пайғамбари охирин сухан мегӯянд. Аммо барои вазъияте, ки мо дар бораи он андеша мекунем, саволи муҳим ин аст: агар ҳамаи мо ба рӯзи охирини доварӣ омодагӣ бинем, пас дар он рӯз фиристодаи охирин кист? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Исо пеш аз рӯзи охир бармегардад ва бар ҷаҳон ҳукмронӣ мекунад. Мардуми яҳудӣ мегӯянд, ки Масеҳ ҳанӯз дар оянда меояд, ва ҳатто дар дигар динҳо низ гуфта мешавад, ки Исо боз ба ин замин меояд. Пас, бар асоси ин ақидаҳо, дар он рӯз Исо ҳамчун фиристодаи охирин хоҳад истод. Ман аз паи Ӯ меравам, то ба он рӯз омода бошам.

Ин порча ба ҳамаи мо хотиррасон мекунад, ки шунидани Каломи Худо, тавба кардан аз гуноҳҳо ва имон овардан ба Масеҳ то чӣ андоза муҳим аст. Оё шумо ин корро кардаед? Оё шумо гӯш додед? Оё дили худро барои имон ба Масеҳ иваз кардед? Аломати мӯъҷизавӣ пеши шумост, ва шумо метавонед Масеҳро ҳамчун Худованди худ қабул кунед.

Худовандо, дили маро кушо, то Каломи Туро бишнавам. Ба ман кӯмак кун, ки оёти Туро дар зиндагии худ бинам — чӣ гуна бар ман ғамхорӣ кардӣ ва маро таъмин намудӣ. Ман ба Ту рӯ меорам, то беимонии маро бубахшӣ, ва ба Наҷотдиҳандае менигарам, ки аз мурдагон эҳё шуд. Худованд Исо, Ту имрӯз зинда ҳастӣ ва ба ман кӯмак мекунӣ. Омин.

Луқо 11:33–36 — Нури равшанӣ

«Оғози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад.» (Забур 118:130)

Ин порча дар бораи ду навъи нур сухан меронад. Нури беруна, ки огоҳӣ ва роҳнамоӣ меорад, ба аломатҳое дахл дорад, ки Исо нишон медиҳад. Навъи дуюми нур — равшании ботинист, ки Худо тавассути Рӯҳи Худ медиҳад.

Мо мегӯем: «Чароғ дар торикӣ роҳ нишон медиҳад». Мо ба торикӣ ва набудани рӯшноӣ одат кардаем. Бешубҳа, медонем, ки нур барои роҳнамоии мо то чӣ андоза муҳим аст. Ҳеҷ кас аз доштани нуре, ки моро роҳнамоӣ мекунад, рад намекунад. Исо нуре аст, ки ба мо дар ин ҳаёт равшанӣ мебахшад.

Чароғ фурӯзон мешавад, то равшанӣ диҳад, ва аломат дода мешавад, то ҳақиқатро нишон диҳад. Вақте ки шахс ба назди Масеҳ — Нури ҷаҳон — меояд, дар зиндагии ӯ тағйирот ба назар мерасад. Аз ҳаёти он шахс нуре медурахшад, нуре, ки набояд пинҳон карда шавад.

33 Падару модари Исо аз чунин суханон дар бораи кӯдак ҳайрон шуданд. 34 Шимъун ба онҳо дуои нек дода, ба Марями модари Исо гуфт: «Ин кӯдак боиси ё афтодан ё бархостани бисёре аз исроилиён таъйин шудааст. Ӯ аломате аз Худо мешавад, ки бар зидди Ӯ сухан хоҳанд гуфт, 35 то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад. Ғам ҳамчун шамшер дили туро низ пора мекунад». 36Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд».Луқо 11:33–36, KMO

Пайрави Масеҳ шудан танҳо эътирофи шифоҳӣ нест. Ба Ӯ пайравӣ кардан ва ба Ӯ бовар доштан чизи пинҳонӣ нест. Мо чароғҳое ҳастем, ки нури Масеҳро инъикос мекунанд.

«Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷойи чашмнорас намемонад ва ё бо зарфе намепӯшонад; баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад.» (Луқо 11:33)

Чӣ гуна мо нури Масеҳро қабул карда истодаем? Оё ин нур дили моро равшан кардааст? Дар ояти 35 чунин огоҳӣ дода мешавад: «Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, торикӣ набошад!»

Чашмони мо чиро мебинанд? Оё дили мо барои дидани нур ё барои қабул кардани танқиди Худо кушода аст? Бояд эҳтиёт кунем, ки дили мо он чиро, ки нур аст, торикӣ насозад. Дар оятҳои қаблӣ мардуми Нинве тавба карданд ва маликаи Сабо ба ҳикмати Худо гӯш дод. Шумо ба нури каломи Худо чӣ гуна ҷавоб медиҳед?

Мо ба Худо бо тамоми дили худ ва бо тамоми вуҷудамон ҷавоб медиҳем — бо омодагӣ барои пайравӣ аз Ӯ ва гӯш додан ба Ӯ. Зеро медонем, ки: «Оғози каломи Ту нур мепошад, соддадилонро фаҳм мебахшад.» (Забур 118:130)

Худовандо, бигзор нури ҳақиқати Туро бубинам ва бо ҷисм, ақл ва қалби худ пурра ҷавоб диҳам. Маро ба нури Худ роҳнамоӣ кун ва маро истифода бар, то яке аз чароғҳои хурди Ту дар кишвари ман бошам.

Луқо 11:37–41 — Тозакунии дохилӣ

«Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст?»

Ин фарисӣ меҳмоннавоз ва диндор буд. Ӯ ҳам қонуни шифоҳиро (одатҳои аз ҷониби ҷомеа интизоршуда) ва ҳам қонуни хаттиро (Қонуни Мусо) нисбат ба аҳкоми берунии иҷтимоӣ «комил» нигоҳ медошт, аммо талаботи муҳимтари дохилӣ ё рӯҳонии қонунро фаромӯш карда буд.

Як фарисӣ Исоро ба хӯрокхӯрӣ даъват мекунад, вале сӯҳбатро бо айбдор кардани Ӯ оғоз мекунад, ки дастҳояшро дуруст нашустааст.

Ҳамчун тоҷикон, мо ҳама тарзи дурусти истиқболи меҳмононро медонем ва ҳангоми омадани онҳо шустани мувофиқи дастҳоро пешниҳод мекунем.

Бо вуҷуди ин, дар ин ҷо пешвои динӣ Исоро доварӣ мекунад ва ҳеҷ гуна кӯмаке барои шустушӯи маросимӣ пешниҳод намекунад. Ё интизории шустани Ӯ аз ҳадди маъмули меҳмоннавозӣ берун буд. Исои хирадманд дили ин мардро медонист ва бо риёкории пешвои дин рӯ ба рӯ сухан мегуфт.

Дар Луқо 11:38 марди динӣ ҳайрон мешавад, ки Исо пеш аз хӯрок даст нашуст. Имрӯз ин як одати хуб ва муқаррарӣ аст, аммо фарисӣ онро ҳамчун фармони динӣ мешуморид. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳар яки мо бидуни шустани дастон чизе бихӯрем. Аммо дар ин ҷо сухан дар бораи шустани маросимии махсус меравад, ки дорои амалҳои зиёди расмӣ буд. Нигаронии онҳо бештар ба расму оинҳо марбут буд, на ба гигиена. Дар Марқӯс 7:2–4 гуфта мешавад, ки фарисиён шустушӯи расмиро риоя мекарданд ва агар касеро медиданд, ки ин амалро иҷро намекунад, ӯро доварӣ менамуданд.

Аввалин хатои фикрие, ки Исо фош мекунад, ин аст, ки одамони диндор фикр мекунанд адолат танҳо як амали берунӣ аст. Бо чунин таъкид онҳо он чиро, ки дарун аст — андешаҳо ва муносибати дилро — фаромӯш мекунанд. Одамони динӣ аксар вақт зоҳири беруниро нишон медиҳанд, то одил ҳисобида шаванд, аммо фаромӯш мекунанд, ки Худо бештар ба он чизе, ки дар дили мост, менигарад.

Вақте ки кас пиёларо мешӯяд, даруни онро низ тоза мекунад. Бо вуҷуди ин, пешвоёни динӣ аксар вақт танҳо ба тозагии берунӣ аҳамият медоданд. Имон аз ботин сар мешавад ва манбаи ҳаёт аст. Бе тағйири ботинӣ, имон ва тавба, амалҳои ҳақиқии рӯҳонии берунӣ вуҷуд дошта наметавонанд.

Худовандо, ба даруни ман нигар ва маро пок кун. Шустушӯи Худро ба ман ато намо, ки поксозии комил меорад. Бигзор имонам аз дарун сар шавад, то имони ҳақиқии зоҳириро инъикос намоям. Омин.

Луқо 11:42–46 — Ҳақиқатро кай бояд гуфт?

42 Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён! Чунки аз ҳосили пудинаву кашниҷу дигар намуди гиёҳҳо даҳякро месупоред, аммо таълимотро дар бораи ростӣ ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед. 43 Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишинеду дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба шумо салом диҳанд. 44 Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои беному нишон монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».

45 Он гоҳ яке аз устодони шариат ба Исо гуфт: «Устод! Ту бо ин суханонат моро ҳам таҳқир мекунӣ». 46 Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй устодони шариат, ки қонунҳои зиёдро ба гардани мардум бор мекунеду аз ҷоятон намеҷунбед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.

Вақте ки Исо ба хонаи фарисӣ даъват карда шуд, қоидаҳои меҳмондорӣ вайрон гардиданд. Соҳибхона Исоро айбдор мекунад, ки пеш аз хӯрок даст нашуст, дар ҳоле ки ба назар мерасад худи соҳибхона дар ин кор ҳеҷ гуна кӯмаке накардааст. Исо ҳамчун меҳмон пеш аз хӯрок нишастанро рад мекунад ва ба соҳибхона ва дигар пешвоёни динӣ шаш маҳкумият (мусибат) мегӯяд, то кирдори онҳоро фош намояд. Ӯ ташаббусро ба даст мегирад, то онҳоро таълим диҳад.

Дар ояти 42 Исо онҳоро барои он маҳкум мекунад, ки даҳяки гиёҳҳои хурдро медиҳанд, вале адолатро риоя намекунанд ва муҳаббати Худоро нодида мегиранд. Даҳяк додан кори нек аст, аммо афзалиятҳои онҳо нодуруст буданд.

Маҳкумияти дуюм ин аст, ки онҳо обрӯ ва мақоми худро болотар аз хислатҳои рӯҳонӣ мегузоштанд. Онҳо бештар мехостанд ба одамон писанд оянд, на ба Худо (11:43).

Дар фарҳанги яҳудӣ қабр инсонро палид мекард. Исо мегӯяд, ки фарисиён мисли қабрҳои пинҳон ҳастанд, ки мардумро палид месозанд, бе он ки худи онҳо ё дигарон аз ин огоҳ бошанд (11:44).

Маҳкумияти дар оятҳои 11:45–46 гуфташуда ба муаллимони шариат ишора мекунад, ки бори гарони қонунро бар дӯши мардум мегузоранд, аммо худашон барои кумак кардан ҳатто як ангушт намеҷунбонанд.

Дар ин лаҳза мумкин аст ҳамаи мо ҳайрон шавем: Исо чаро чунин сахт сухан мегӯяд? Аввал бояд дарк кунем, ки Исо бо ин пешвоёни динӣ муносибати тӯлонӣ ва пурихтилоф дошт. Ӯро борҳо ноҳақ маҳкум карданд, вале ҳоло Ӯ онҳоро бо адолат фош мекунад. Ҳанӯз дар синни дувоздаҳсолагӣ Исо ба маъбад рафта буд. Дар тӯли зиёда аз бист сол Ӯ бо ин пешвоёни динӣ дар тамос буд. Онҳо медонистанд, ки Ӯ кист, ва Ӯ низ онҳоро мешинохт. Ин рӯйдод вохӯрии аввал набуд, балки натиҷаи бархӯрди чандинсолае буд, ки ба авҷи худ расид.

Пас, мо ин порчаро чӣ гуна дар ҳаёти худ татбиқ мекунем? Дар ҳаёти Исо ҷой барои гуфтани ҳақиқат вуҷуд дошт, ҳатто вақте ки он сахт садо медод. Ӯ ба ҳақиқат ғамхорӣ мекард ва дар айни замон, аз муҳаббат, омода буд риёкориро фош намояд.

Дар Луқо 11:46 Исо нишон медиҳад, ки чӣ гуна ин шариатдонон ба мардум кумак намекарданд, балки танҳо бори гаронтар бар дӯши онҳо мегузоштанд. Исо омад, то моро аз гуноҳ озод кунад ва роҳи омурзишро нишон диҳад. Ӯ моро маҳкум намекунад, балки дар паҳлӯи мо қадам мезанад, то ба мо кумак кунад ва моро бардорад.

Баъзан мо мисли мақоли «бо дасти дигарон оташ гирифтан» рафтор мекунем. Мо мехоҳем, ки дигарон хавф, хароҷот ё бори гаронро ба дӯш гиранд, то худ обрӯ ё манфиат ба даст орем. Аммо Исо ба хотири мо гуноҳҳоямонро бар дӯши худ гирифт, то моро аз худпарастӣ озод созад.

Худовандо, ба ман кумак кун, ки риёкор набошам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки адолатро дӯст дорам ва ба Ту содиқ бошам. Ба ман омӯз, ки дар муҳаббат рост гӯям, ҳатто вақте дурӯғро мебинам. Ба ман ҷасорат ва ҳикмат ато кун, то бидонам кай ва чӣ гуна сухан гӯям. Омин.

Луқо 11:47–54 — Чӣ тавр бо дили самимӣ пайравӣ кунем

47 Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд. 48 Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо кору амалҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. 49 Барои ҳамин ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону фиристодагонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“. 50 Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷавоб медиҳанд, 51 яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷойи маъбади Худо кушта шуда буд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод.

52 Вой бар ҳоли шумо, эй устодони шариат, ки калиди дарвозаи донишро аз они худ карда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед». 53 Вақте Исо аз он ҷо мерафт, устодони шариат ва фарисиёне, ки ба ғазаб омада буданд, Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд. 54 Онҳо мехостанд, ки Исоро бо суханони Худаш ба дом андозанд.

Войи панҷуми Исо ба касонест, ки паёмбаронро ба забон эҳтиром мекунанд, вале ба гуфтаҳои онҳо пайравӣ намекунанд. Имрӯз низ бисёриҳо Китоби Муқаддасро ҳамчун китоб эҳтиром мекунанд, аммо ба он чизе ки Навиштаҳо мегӯянд, аҳамият намедиҳанд.

Дар Луқо 11:46 гуфта мешавад, ки пешвоёни дин ба дӯши мардум борҳои вазнин мегузоранд. Онҳо бо тафсири шариат ва илова кардани урфу одатҳои худ хидмати Худоро барои мӯъмини оддӣ қариб ғайриимкон карданд. Машғул шудан бо ҷузъиёти анъанаҳои фарисӣ аксар вақт боиси беэътиноӣ нисбат ба аҳкоми Худо дар Аҳди Қадим мешуд (ниг. Марқӯс 7:2–8). Ғамхорӣ аз ҳад зиёд ба ҷанбаҳои маросимии қонуни яҳудӣ низ аз ҷониби калисои аввал ҳамчун «юғе» фаҳмида мешуд, ки «на мо ва на падарони мо қудрати бардоштанашро надоштем» (Аъмол 15:10). Барои онҳо ин ривоятҳо муҳимтар аз он буданд, ки Паёмбар ва Наҷотдиҳанда худ дар пешашон истода буд.((Роберт Ҳ. Стейн, Луқо, ҷ. 24, Шарҳи нави Амрико (Нашвилл: Broadman & Holman Publishers, 1992), 342.))

Исо инро бо мисол нишон дод: пешвоёни дин қабрҳои анбиёро эҳтиром мекарданд, дар ҳоле ки падарони онҳо ҳамон анбиёро кушта ва таъқиб карда буданд. Ӯ дар ояти 48 мегӯяд:

«Бо ин амалатон шумо шаҳодат медиҳед, ки бо корҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, зеро онҳо паёмбаронро мекуштанд, аммо шумо барои онҳо мақбараҳо месозед».

Суханони Исо инчунин тасдиқ мекунанд, ки бисёре аз паёмбарон ва одамони Худо таъқиб ва кушта шудаанд. Фикр кардан, ки пайрави Худо будан ҳамеша эҳтиром меорад, дуруст нест. Мутаассифона, пайравӣ ба Худо аксар вақт маънои таъқиб шудан ва беобрӯ гардиданро дорад.

Ягона паёмбароне, ки онҳоро дӯст медоштанд, мурдагон буданд, аммо Писари Худо, ки пеши назарашон меистод, эҳтиром намекарданд. Вақте ки одамон танҳо муқаддасони мурдаро эҳтиром мекунанд ва ба он чизе, ки Худо имрӯз анҷом медиҳад, аҳамият намедиҳанд, дилҳояшон гумроҳ мешавад. Нигоҳ кунед ва бубинед, ки Худо имрӯз барои шумо чӣ дорад.

Китобдонони яҳудӣ калиди донишро доштанд, вале онро истифода бурданд, то мардумро аз баракатҳои Худо маҳрум созанд. Исо худ Калид аст — Ӯро бишносед, ва Худоро хоҳед шинохт. Ӯро нодида гиред — ва калидеро, ки дари наҷотро мекушояд, аз даст медиҳед.

Сарварони дин на барои фаҳмидан ва пайравӣ кардан ба Исо гӯш медоданд, балки мехостанд Ӯро ба дом андозанд. Онҳо мекӯшиданд, ки суханони Ӯро бар зиддаш истифода баранд, то Ӯро маҳкум кунанд. Савол ин аст: шумо чӣ гуна гӯш медиҳед — барои пайравӣ кардан ё барои ҷангидан?

Эй Падари Осмонӣ, бигзор дар пайравии ман аз Ту вой не, балки баракат бошад. Гӯшҳое ба ман ато кун, ки бишнаванд, ва дилеро, ки дарк кунад. Чашмони маро боз кун, то дар имонам рушд ёбам.

Кофтани таърих

Вақте ки Исо марги ду паёмбарро зикр мекунад, Ӯ ба китобҳои аввал ва охирини Аҳди Қадими яҳудиён ишора мекунад. Дар тартиби яҳудӣ, китоби 2 Вақоеънома охирин китоб аст. Дар тартиби канонӣ бошад, китобҳое чун Закариё дар охири Аҳди Қадим ҷойгир шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки Исо тамоми таърихи таъқиби паёмбаронро аз оғоз то анҷом дар назар дорад. Дар ин ҷо рӯйхати паёмбарони маъруф оварда шудааст, ки дар замони Аҳди Қадим кушта шудаанд.

Рӯйхати баъзе паёмбароне, ки дар Аҳди Қадим кушта шудаанд

Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Қудрати дуо – Луқо 11:1–28 Имони ҳақиқӣ – Луқо 12

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *