Дарсҳои рӯҳонӣНони ҲаррӯзаИнҷили Луқо

Имони ҳақиқӣ – Луқо 12

This entry is part 29 of 41 in the series Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Луқо 12 нишон медиҳад, ки имони ҳақиқӣ чӣ гуна дар зиндагӣ зоҳир мешавад: шахси имондор на ба сарвати моддӣ, балки ба таъминоти Худо таваккал мекунад, аз риёкорӣ дурӣ меҷӯяд, дар рӯ ба рӯи таъқибот тарс надорад ва ҳамеша омода аст, чунки Худованд бозмегардад. Исо таъкид мекунад, ки Малакути Худоро аз ҳама чиз болотар гузоштан лозим аст.

Луқо 12:1–3 — Пинҳон ва ошкор

«Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад, ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад».

Чӣ тавр мо, ки ба Масеҳ имон овардаем, дурӯя нашавем? Исо аввал моро огоҳ мекунад, ки ба чӣ бовар дорем. Эътиқоди мо аксар вақт амалҳои моро муайян мекунад. Агар эътиқоди мо нодуруст бошад, амалҳои нодуруст ба вуҷуд меоянд. Мисли хамиртуруш дар хамир, андешаҳои ботил паҳн шуда, ба ҳама чиз таъсир мерасонанд.

Риёкорӣ дер ё зуд ошкор ва доварӣ мешавад. Мунофиқ худро чизе вонамуд мекунад, ки дар асл нест. Ӯ нақш мебозад, то ба дигарон таъсир расонад. Имони шахс бояд табиатан зоҳир шавад, на бо кӯшиш нишон додани диндорӣ ё рӯҳонияте, ки аз ҳақиқати дарунӣ зиёдтар аст. Рӯзе фаро мерасад, ки ҳама чизи ниҳон ошкор хоҳад шуд.

Риёкорӣ мисли хамиртуруш амал мекунад ва ба афзоиши нафс ва ғурури мо мусоидат менамояд. Ҳатто миқдори ками хамиртуруш метавонад тамоми хамирро тур кунад. Ин тасвири оддии зиндагии ҳаррӯза, ба монанди нонпазӣ, хатари ахлоқиро нишон медиҳад: чизе, ки аз хурд оғоз мешавад, метавонад тамоми вазъиятро вайрон кунад. Дар зиндагӣ низ ғурур ва номувофиқии ботинии мо ба муносибатҳо ва эътимоднокии мо таъсир мерасонанд.

Шумо то чӣ андоза воқеӣ ва поквиҷдон ҳастед? Оё эҳсос мекунед, ки ниқоб мепӯшед? Оё метарсед шахсияти ҳақиқии худро нишон диҳед? Дар Масеҳ ошкоро зиндагӣ кунед ва бо суханону рафтори худ нишон диҳед, ки Ӯро дӯст медоред.

Каломи Худо нур аст — он ҳақиқатро ошкор мекунад. Он зоҳирпарастӣ ва таассуроти бардурӯғро пинҳон намекунад. «Каломи Ту чароғест барои поям ва нурест барои роҳам». Каломи Худо айбҳои моро ва намунаҳои торики ҳаётро фош мекунад. Бигзор Каломи Худо дар дилҳои мо ҷой гирад, то мо аз дарун шахсиятҳои ҳақиқӣ бошем. Бигзор ҳаёти мо имони моро ба Масеҳ инъикос намояд.

Монандии Масеҳ дар он аст, ки мисли Масеҳ зиндагӣ кунем ва ба Ӯ иҷозат диҳем, ки андешаҳои нав ва намунаи шахсияти нави моро дар мо шакл диҳад. Мо дигар ҳамчун риёкороне, ки худро нишон медиҳанд, зиндагӣ намекунем, балки ҳамчун шахси наве, ки мехоҳад Масеҳро инъикос кунад.

Пас, чӣ чиз мисли хамиртуруш дар ҳаёти шумо афзоиш меёбад — риёкорӣ ё ҳақиқатгӯии дурахшон?

Худовандо, ба ман қалби ҳақиқӣ ато кун, то имонамро бе риё ва бо ростӣ инъикос намоям. Бигзор ман дар ҳақиқат зиндагӣ кунам ва кӯшиш накунам дигаронро хушнуд созам. Ба дигарон гувоҳи нуру баракат бошам.

Луқо 12:4–7 — Қимати мо дар назари Худо

4 Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед. 5 Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз Ҳамоне тарсед, ки баъд аз куштан қудрат дорад, ки шуморо ба дӯзах партояд. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.

6 Арзиши панҷ гунҷишк фақат ду танга аст. Бо вуҷуди ин Худо ҳеҷ кадоме аз онҳоро фаромӯш намекунад 7 ва ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.

Тарс аксар вақт тафаккур ва ҳаёти моро зери таъсири худ мегирад. Чӣ тавр шумо бо тарс рӯ ба рӯ мешавед? Оё шумо ба он таслим мешавед ва мегузоред, ки ҳаёти шуморо идора кунад? Наҷотдиҳандаи мо Исо дар бораи тарс фаҳмишҳои хеле амалӣ медиҳад.

Тарс метавонад вокуниши табиӣ ба вазъиятҳо ё одамон бошад. Аммо фарқияти бузурге ҳаст миёни тарс аз касе, ки метавонад танҳо ба ҷисми мо зарар расонад, ва тарс аз Он ки рӯҳ ва тақдири абадии моро дар даст дорад. Ҳеҷ яке аз мо аз азоб кашидан намехоҳем, вале тарсидан аз Худо, на аз одамон, фарқи миёни ҳаёт ва мамот аст.

Худо тақдири ҷовидонии моро муайян мекунад — хоҳ ба биҳишт равем ё ба дӯзах. Ҳеҷ ҷомеа, шахси динӣ ё фишори иҷтимоӣ инро ҳал карда наметавонад. Савол ин аст: тарси шумо ба кадом самт такя мекунад?

Аввалан, шумо аз кӣ метарсед? Тарси шумо бар чӣ асос ёфтааст? Баъзеҳо аз оқибатҳои ҷисмонӣ метарсанд, аммо Исо таълим медиҳад, ки аз Худо битарсед, на аз одамон. Барои итминон додани шогирдонаш, Ӯ онҳоро «дӯстони Ман» меномад, то нишон диҳад, ки ба кӣ бояд бовар кард. Ӯ бевосита мегӯяд, ки аз онҳое, ки метавонанд танҳо ба ҷисм зарар расонанд, натарсед, балки ба Падари меҳрубоне такя кунед, ки мешунавад ва ғамхорӣ мекунад. Тарси солими Худо моро аз дурӯягӣ ва вобастагӣ аз андешаи одамон озод мекунад.

Чаро набояд аз одамон тарсид? Зеро онҳо наметавонанд ба сарнавишти абадии инсон таъсир расонанд. Танҳо Худо бар он қудрат дорад ва Ӯ ба имондорони Масеҳ ҳаёти ҷовидонаро ваъда медиҳад.

Чаро бояд ба Худо таваккал кард ва Ӯро эҳтиром намуд? Зеро Ӯ дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекунад ва нақшаи нек дорад. Ӯ ҳатто ба паррандаҳо ғамхорӣ мекунад: гарчанде арзиши онҳо кам аст, Худованд онҳоро фаромӯш намекунад. Пас, Ӯ ҳаргиз шуморо фаромӯш нахоҳад кард. Ӯ дуоҳои шуморо мешунавад ва ташвишҳои шуморо медонад.

Акнун биёед маънои тарси Худоро муайян кунем. Ин тарс даҳшат ё ваҳм нест. Ин эҳтироми амиқест, ки аз донистани муҳаббат ва ғамхории Худо ба вуҷуд меояд. Донистани он ки Ӯ ба мо наздик аст, ба мо итминон мебахшад, ки муносибати мо бо Ӯ бехатар ва устувор аст. Дар ин амният, мо Худои меҳрубонро эҳтиром мекунем — Худое, ки моро фарзандони Худ мехонад ва моро дар назари Худ қимати бузург медонад.

Илова бар ин, Худо мегӯяд, ки ҷони мо дар дасти Ӯст (Юҳанно 10:28–29). Ӯ ба мо ҳаёт ва ҳаёти ҷовидонӣ медиҳад. Муносибати мо бо Худо абадӣ аст ва аз ҳама гуна муносибатҳои заминӣ болотар меистад.

Худовандо, бигзор муҳаббат ва ғамхории Туро бубинам, ки маро муҳофизат ва таъмин мекунад. Ман бо таваккал назди Ту меоям ва бо эҳтироми итоаткорона аз Ту метарсам. Ба ман итминон деҳ, ки маро фаромӯш накардаӣ ва маро сазовори фарзандии Худ медонӣ. Омин.

Луқо 12:8–12 — Эътироф кардани Масеҳ

«Зеро Рӯҳулқудс ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон вақт чӣ бояд гӯед».

Се ҳақиқат дар ин порча бо ҳам пайваст мебошанд. Якум — эътироф кардани Масеҳ. Дуюм — амали Рӯҳулқудс дар робита бо кори Исои Масеҳ. Сеюм — Рӯҳ ба мо суханон медиҳад, то мо шаҳодат диҳем.

Дар мавриди Исо, инсон ё Ӯро эътироф мекунад ё инкор менамояд. Моҳияти масеҳӣ шудан дар он аст, ки Исо ҳамчун Худованд ва Наҷотдиҳандаи гуноҳҳо эътироф карда шавад (Румиён 10:9). Шахсе, ки Исоро ҳамчун Худованд инкор мекунад ва мегӯяд, ки Ӯ наметавонад гуноҳҳои инсонро бардорад, дар асл имон надорад.

Агар мо ҳақиқатро дар бораи Исо эътироф накунем, наметавонем имондор бошем. Эътироф кардани Исо пояи имони мост; баръакси он — инкор кардани Ӯст.

Кори Рӯҳулқудс дар бораи Масеҳ шаҳодат медиҳад. Вақте ки Рӯҳ дар бораи Масеҳ шаҳодат медиҳад, аммо касе кори Масеҳ ва Рӯҳулқудсро рад мекунад, он шахс сарчашма ва қудрати наҷотро инкор намудааст. Рад кардани Масеҳ ва Рӯҳ ба маънои рад кардани ду шоҳид аст, ки мувофиқи меъёрҳои илоҳӣ сабаби маҳкумият мегардад. Барои чунин радкунӣ роҳи дигаре барои омурзиш вуҷуд надорад.

Ояти 12 ба шаҳодатҳои ояндаи шогирдони Масеҳ ишора мекунад: Рӯҳулқудс ба онҳо калимаҳоро медиҳад, то дар бораи Масеҳ шаҳодат диҳанд. Рад кардани ин шаҳодатҳо нишонаи дилсахтии дилест, ки омурзишро напазируфтааст. Куфр ба Рӯҳулқудс гуноҳи нодонӣ нест, балки радкунии қасдан ва огоҳонаи Масеҳ ва қудрати наҷоти Ӯст. Ин як радди душманонаи кори Рӯҳулқудс мебошад. Чунин одамон то ба ҳадде душманӣ доштанд, ки кори Рӯҳулқудсро ба Шайтон нисбат медоданд — чунин тафаккур бахшида намешавад (Матто 12:33–36; Марқӯс 3:28–30).

Ниҳоят, Рӯҳулқудс ба онҳое, ки имон овардаанд, кӯмак мекунад, то донанд, чӣ гуна шаҳодат диҳанд. Вақте ки дигарон мепурсанд, «Шумо чӣ мегӯед?», Рӯҳулқудс ба мо ёрӣ мерасонад ва барои ҳамон лаҳза суханони лозимро медиҳад.

Худовандо, ман Туро пеши мардум эътироф мекунам. Ман ба кори Рӯҳулқудс имон дорам, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳад. Дуо мекунам, ки вақте зери фишор қарор мегирам, ба ман суханони дуруст ато кунӣ. Ба ман ҳикмат деҳ, то дар вақти лозима суханони дурустро бигӯям.

Луқо 12:13–21 — Дили шумо куҷост?

13 Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14 Исо ҷавоб дод: «Эй одам, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъйин кардааст?» 15 Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии сарваташ иборат нест».

16 Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровон дод. 17 Вай ба худ фикр кард: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“ 18 Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам – анборҳои худро вайрон карда, анборҳои калонтар месозам. Баъд тамоми ҳосилу сарватамро ба он ҷо бурда, 19 ба худ мегӯям: Ту сарвати бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Акнун роҳат кун, бихӯр, бинӯш ва кайфу сафо карда гард“. 20 Вале Худо ба вай гуфт: „Эй беақл! Ҳамин шаб ҷонат аз ту гирифта мешавад. Пас, он чи захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“

21 Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ сарват ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».

Мо баъзан мегӯем: «Зиндагӣ дар мол нест, дар дил аст». Пас барои шумо чӣ муҳимтар аст? Оё дороии шумост ё муносибати шумо бо Худо? Дили мо куҷост ва хислат, арзишҳо ва рӯҳияи ботинии мо дар бораи мо чӣ ошкор мекунанд?

Дар Кӯлоб мегӯянд: «Дили оча бо бача, аммо дили бача бо кӯча». Дили инсон ба он чизе мекашад, ки барояш азиз аст. Модар фарзандашро дӯст медорад, кӯдак бошад — бозӣ карданро дар кӯча. Пас дили шумо куҷост?

Дар порчаи имрӯза сухан дар бораи муносибати мо ба молу мулк меравад. Оё мо бештар чизҳои ҷисмониро меҷӯем, ё бештар барои шинохтани Худо талош мекунем?

Марде Исоро ҳамчун муаллим мебинад ва аз Ӯ хоҳиш мекунад, ки дар масъалаи мерос ҳукм барорад. Аммо омадани Исо ҳадафи дигар дошт: Ӯ наомада буд, то танҳо қоидаҳо ва ҳукмҳо барорад, ҳарчанд метавонист. Исо омад, то дилҳоро тағйир диҳад; бинобар ин Ӯ дар бораи тамаъкорӣ масал меорад.

Ӯ дар бораи марде нақл мекунад, ки молу мулк ҷамъ мекард, барои дороии худ анбор месохт ва зиндагии гуворо ва пур аз роҳатро мехост. Бо вуҷуди ин, он мард дили худро барои вохӯрӣ бо Худо омода накарда буд.

«Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии сарваташ иборат нест». (12:15). Қӯлассиён 3:5 мегӯяд: «чашмгуруснагиро, ки бутпарастист». Барои он ду бародаре, ки тамаъкор буданд, ҳеҷ созиш онҳоро қонеъ намекард. Бахилӣ боиси норозигӣ ва худпарастӣ мегардад.

Бахилӣ ташнагии қонеънашавандаи бештар доштан аст; бинобар ин, новобаста аз он ки чӣ қадар дода мешавад, ҳамеша чизи бештар мехоҳад. Инсон бояд тарзи фикрашро дигар кунад ва ду ҳақиқатро биомӯзад: ҳама чиз аз ҷониби Худованд аст, ва он чизе, ки ба мо дода шудааст, бояд бо дигарон саховатмандона тақсим карда шавад.

Дар ин порча ҷонишини «ман» бисёр такрор мешавад, ки ба худмарказии шахс ишора мекунад. Дар ҳаёти мо кадом ҷонишин бештар истифода мешавад? Оё мо бештар дар бораи нақшаҳо, умедҳо ва корҳои худ ҳарф мезанем, дар ҳоле ки нақша, ирода ва ваъдаҳои Худоро нодида мегирем?

Мо муваффақиятро чӣ гуна чен мекунем? Ояти 21 фарқиятро ҷамъбаст мекунад: яке барои худ ганҷ меҷӯяд, дигаре Худоро меҷӯяд. Муносибати шумо ба молу мулк чӣ гуна аст? Оё онҳо шуморо идора мекунанд? Имрӯз ин дилбастагиро ба Худованд бисупоред, Ӯ ва салтанати Ӯро биҷӯед, ва Ӯ он чизеро, ки ба шумо лозим аст, таъмин хоҳад кард — на ҳатман он чизе, ки шумо мехоҳед.

Падари Осмонӣ, дили маро ба тавре бисоз, ки бо ирода ва хоҳишҳои Ту як бошад. Бахилӣ ва худхоҳиро аз ман дур кун. Бигзор имрӯз Туро биҷӯям ва Туро бештар бишиносам. Ба ман ёрӣ деҳ, ки на барои бештар ва бештар ба даст овардан зиндагӣ кунам, балки он чиро, ки ба ман додаӣ, бо омодагӣ бо дигарон мубодила намоям.

Луқо 12:22–34 — Хавотир нашавед

«Зеро ҳар ҷо, ки ганҷи шумост, дили шумо низ дар он ҷо хоҳад буд».

Дилҳои мо бисёр вақт ба ташвишу изтироб гирифтор мешаванд. Мо хавотир мешавем ва ғамгин мегардем. Аммо ҳаёт — ки маънои ҳаёти рӯҳиро дорад — аз хӯрдану пӯшидани бадан болотар аст.

Паррандаҳо барои оянда ғизо захира намекунанд, вале мо ҳар рӯз ғамхории табиии Худоро нисбати онҳо мебинем. Ҳаёт аз нони ҳаррӯза иборат аст, ки Худо онро медиҳад. Ғамхорӣ накунед, зеро ҳаёт аз молу мулк болотар аст. Аз ризқи ҳаррӯза хавотир нашавед — Худо медиҳад. Парво накунед, зеро Худо ба шумо ғамхор аст.

Дар порчаи пешина ва дар ин порча сухан дар бораи сарвати инсон меравад. Чӣ қадар меҳнат мекунанд, то ҳарчи бештар ҷамъоварӣ намоянд. Оё ҳақиқатан ҳамааш дар ҳамин аст? Оё ҳаёт танҳо ҳамин мебошад? Чӣ шуморо бармеангезад ва ҳадафи шумо чист? Дили ту куҷост? Як идиома мегӯяд: «Дили оча бо бачаaст, аммо дили фарзанд дар кӯча». Ман бисёр вақт бо шӯхӣ мепурсидам: пас дили ота куҷост? Дар ин порча мо дили Падарро мебинем. Ӯ паррандагонро ғамхорӣ мекунад, гулҳоро мепӯшонад— пас шумо чӣ қадар арзишмандтар ҳастед. Падари Осмонӣ ҳар яки моро дӯст медорад ва ғамхорӣ мекунад. Пас чаро ғам хӯрем, агар Ӯ ба мо ғамхор аст?

Мо мегӯем: «Дил ба он чиз аст, ки ганҷ дар он ҷост». Он чизе, ки инсон воқеан қадр мекунад, ҳамон аст, ки дилаш дар он ҷо лангар андохтааст. Чӣ моро ҷалб мекунад? Он чизе, ки мо бештар дӯст медорем ва дунбол мекунем, ба ганҷи мо табдил меёбад. Аммо дар ин ҷо Исо моро даъват мекунад, ки Худовандро ҷӯем ва Ӯро ганҷи худ гардонем. Мо инро чӣ гуна мекунем? Ҳар рӯз хондани Каломи Ӯ ва дуо кардан ба Ӯ оғози асосӣ барои тағйир ёфтани хоҳишҳои дили мо нисбати Худо мебошад.

Мо дили худро ба чӣ мебандем? (ояти 29)

«Ғам нахӯред ва аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед, зеро халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, вале Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред».

Дилҳо ва ҳаёти мо бояд ба иродаи Худо ва Малакути Ӯ равона шаванд.

Дар мисоли Исо Ӯ на паррандаи пок, балки паррандаи нопок — зоғҳоро зикр мекунад. Худо ҳатто онҳоро ғамхорӣ мекунад. Пас Худо моро, ки гунаҳкор ва нолоиқем, чӣ қадар бештар дӯст медорад ва раҳоӣ мебахшад.

Ташвишҳо ба мо назари бардурӯғ нисбати ҳаёт медиҳанд. Мо фикр мекунем, ки онҳо кӯмак мекунанд, аммо ташвиш қувваи моро кам мекунад ва боиси нигаронии бештар мегардад. Биёед нигарониҳои худро ба Худованд супорем.

Падари Осмонӣ, ман дили худро назди Ту мерезам. Нигарониҳо ва ғамҳои маро бигир. Ин чизҳои бемаъниро бо ғамхорӣ, муҳаббат ва таъминоти Худ иваз намо. Бигзор ман манфиати Туро талаб кунам ва иродаи худро бо иродаи Ту як намоям.

Луқо 12:35–40 — Хизматгоре, ки омода аст

«Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед».

Ин порча аз ташвишҳои имрӯза ба тайёрӣ ба оянда мегузарад. Барои тӯй хизматгорон интизори омадани домод бо арӯс мешаванд. Омода набудан ба чунин лаҳза шармандагист.

Дар тӯйҳои тоҷикӣ мо интизорӣ ва омодагиро равшан мебинем. Мегӯянд: «Худро ба тӯй бастан». Дар он давра тамоми паҳлӯҳои ҳаёт ба ин рӯйдоди муҳим омода мешаванд. Оила ба ин ҷашн вобаста аст.

Оила ва ҳамсояҳо ҷамъ меоянд, то ба меҳмонони омада омода шаванд. Ин дар фарҳанги мо арзиши хеле муҳим дорад — арзиши омода шудан ба чорабинии муҳим.

Ояти 37 як чизи ғайричашмдошт мегӯяд:

«Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи хӯҷаин миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад».

Аҳамият диҳед, ки кӣ ба кӣ хизмат мекунад: оғо ба он бандагони мӯътамад, омода ва ҳушёр хизмат мекунад.

Ин яке аз чизҳои аҷиби масеҳият аст: устод хизмат мекунад, Худованд худро қурбон мекунад ва худи Худо роҳи наҷотро таъмин менамояд. Ин барои ҷомеаи мо ғайричашмдошт аст, зеро бисёриҳо фикр мекунанд, ки наҷот танҳо бо амалҳо ва омодагӣ ба даст меояд, мисли омодагӣ ба тӯй.

Аммо Исо дар ин ҷо дар бораи омода будан сухан мегӯяд — на ба таври динӣ, балки барои шахсияти Масеҳ, Писари Одам. Ин фарқи байни муносибатест, ки ба пайвастшавӣ ва робита нигаронида шудааст, ва дине, ки танҳо туро вазифадор мекунад бештар кор кунӣ.

Ин ҳикоя ба омадани Масеҳ ишора мекунад — дар ояндаи наздик ва шояд ҳатто имрӯз. Он гоҳ Ӯ касонеро, ки мӯъмин ва омода буданд, подош медиҳад. Ӯ мисли дузд меояд — ғайричашмдошт.

Ҳеҷ кас намедонад, ки Масеҳ кай бармегардад, аммо мо, ҳамчун пайравони Ӯ, ҳушёр мемонем ва мисли хизматгорони омодашуда омадани Ӯро интизор мешавем.

«Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Ӯ соате меояд, ки мунтазираш нестед» (12:40).

Ояти 40 таъкид мекунад, ки Худованд бармегардад, ва мо омадани Ӯро бесаброна интизорем. Ӯ бори аввал барои наҷот додан омад, аммо дар оянда барои мукофотонидани пайравонаш бармегардад.

Дар он рӯз ҳар яки мо ҳисобот хоҳем дод. Чӣ гуна шумо содиқ будед? Оё шумо ба бозгашти Ӯ омодаед?

Худовандо, ман ба Ту ва бозгашти Ту менигарам. Ман бовар дорам, ки Ту метавонед дар ҳар лаҳза баргардӣ. Эй Худованд Исо, биё ва дили маро барои бозгашти Худ омода соз. 🙏

Луқо 12:41–48 — Масъулияти идоракунӣ

«Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад».

Масеҳият на танҳо интизори бозгашти Масеҳ аст, балки содиқона барои Ӯ кор кардан мебошад.

Дар Малакути Худо ҳам пайравони содиқ ҳастанд ва ҳам онҳое, ки содиқ нестанд. Мо ҳама барои тарзи зиндагӣ ва амалҳои худ ҳисобот хоҳем дод. Савол танҳо ин нест, ки: «Оё ту омода ҳастӣ?», балки ҳамчунин: «Оё ту содиқ ҳастӣ?» Оё ту пайваста ба Масеҳ хизмат мекунӣ ва барои Ӯ зиндагӣ мекунӣ?

Дар ояти 42 мавзӯъ дар бораи мудир — шахсе, ки масъулият дорад, баррасӣ мешавад. Дар ин мисол Исо ду навъи инсонро тасвир мекунад: як нафар мӯътамад ва ғамхор, дигаре бошад бевафо ва бадкирдор.

Ин порча якчанд принсипи муҳими хидматро пешкаш мекунад:

 1. Аввалан, мо дар Масеҳ масъулият дорем. Ба мо бовар карда шудааст ва мо бояд мувофиқи он амал кунем.

 2. Дуюм, муносибати мо бо дигарон аҳамияти калон дорад. Мо бо дигарон чӣ гуна муносибат мекунем? Оё мо беэҳтиромона ва таҳқиромез рафтор мекунем, ё ба дигарон кумак мекунем, то дар инъикоси Масеҳ хизматгорони беҳтар гарданд?

 3. Сеюм, мо ҳисоб хоҳем дод — ва ин ҳисобот мувофиқи садоқат ва рафтори мо хоҳад буд.

 4. Чорум, ба он касе, ки бисёр дода шудааст, бештар талаб карда мешавад. Ҳар қадаре ки масъулият зиёд бошад, ҳамон қадар интизориҳо аз натиҷаи кор бештар мегарданд.

Вафодорӣ ченаки ҳақиқии масъулият аст. Агар вафо набошад, сарзаниш хоҳад шуд. Садоқат рафтори пайваста дар доираи эътимод аст. Барои баъзеҳо вафодорӣ метавонад дилгиркунанда намояд, аммо ин арзиш мисли тилло дурахшон аст. Садоқат, ки бо меҳрубонӣ ва ғамхорӣ нисбати дигарон ҳамроҳ аст, дигаронро баракат медиҳад. Дар ояти 44 мебинем, ки ходими мӯътамад масъулияти бештар мегирад, зеро Худованд ба ӯ барои назорат ва идора боварии бештар медиҳад.

Дар ояти 48 ду ҳақиқат дар бораи хизматгор зикр мешавад: аввал — масъулият аз ҷониби Худо ба ӯ дода шудааст; дуюм — ӯ мувофиқи ҳамин масъулият барои амалҳои худ ҳисобот хоҳад дод. Чӣ қадаре ки бештар дода шавад, ҳамон қадар бештар интизор меравад.

Мо мегӯем: «Бори худро бардор, вале дасти дигаронро напечон». Масъул будан маънои идора кардан ё фишор овардан ба дигаронро надорад. Дар ҷомеа аксар вақт одамонеро мебинем, ки хуб идора кардану роҳбарӣ карданро медонанд — онҳо масъуланд. Аммо мо даъват шудаем, ки бори худамонро бардорем ва дар айни замон дигаронро маҳдуд ё зери назорат нагирем.

Дар Масеҳ мо вазифадорем, ки ба Ӯ писанд бошем ва дар вазифаҳои худ устувор бимонем, аммо мо дигаронро маҷбур намекунем, фишор намеорем ва идора намекунем.

Худовандо, маро бандаи вафодор ва нисбати дигарон одил гардон. Рӯҳи меҳрубонӣ ва ҳисси масъулиятро ба ман ато намо, то ман инъикос кунам, ки Ту кӣ ҳастӣ. Ман мефаҳмам, ки Ту интизор ҳастӣ, ки ман чӣ гуна амал кунам ва чӣ гуна рафтор намоям. Ман бандаи Ту ҳастам.

Луқо 12:49–53 — Оташ ва таъмид

Ман бояд бо азоби марговар таъмид бигирам.

Ҳангоми хизмат ба Исо мо бо оташ, таъмид ва тақсимшавӣ дучор мешавем. Барои яҳудиён оташ рамзи доварӣ буд, ва Исо инро ба онҳо овард. Таъмид бо марг муайян карда мешавад. Агар баъзеҳо бо Масеҳ шинос шаванд, онҳо барои худ мемиранд ва марги Масеҳро низ қабул мекунанд. Худованд Худро пурра дод, то барои гуноҳҳои мо дар салиб бимирад. Ин таъмиди Ӯ ба марг буд.

Суханони Ӯ: «Ман бояд бо азоби марговар таъмид бигирам» (50) — дар бораи марги наздики Худ пешгӯӣ мекунанд, ки дар он ҷо Ӯ ба марг таъмид хоҳад шуд. Марқӯс 10:38 марги Ӯро ҳамчун таъмид қайд мекунад. Марги дар пеш истода ба дилаш бори гарон афтода буд ва муҳаббати Ӯро нисбат ба мо нишон медод.

Марги Исо барои онҳое, ки марги қурбонии Ӯро рад мекунанд, доварӣ меорад. Дар ҳоле ки барои мо, ки ба Ӯ имон овардаем, он ҳаёти ҷовидониро меорад.

Аммо дар бораи онҳое, ки ба Исо имон меоранд, вале аҳли оилаашон не, чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Исо аз оилаи мо муҳимтар аст?

Кофтани амиқтар

Дар Луқо 12:51 Исо мепурсад, ки оё онҳо фикр мекунанд, ки Ӯ барои сулҳ дар рӯи замин омадааст? Дар ҳамон китоб, вақте ки фариштагон омадани Исоро эълон карданд, онҳо гуфтанд, ки ин кӯдак осоиштагӣ бар рӯи замин хоҳад овард (Луқо 2:14).

Новобаста аз он ки мардум инро медонистанд ё не, мо намедонем, аммо рисолати Масеҳ аввал доварӣ буд — дар он ҷо Ӯ қурбонии гуноҳро ба ҷо овард, ва баъд сулҳ меояд. Ё ба назари дуртар, Ӯ боз меояд, то сулҳ биёрад, аммо дар ин раванд доварӣ низ меояд. Баъд аз ин Ӯ дар рӯи замин ҳамчун Масеҳ ҳукмронӣ хоҳад кард. Ҳатто оромии абадии мо дар осмон пас аз курсии доварии Масеҳ меояд (2 Қӯринтиён 5:10).

Дар барномаи Худо доварӣ марказӣ аст. Сулҳ меояд, аммо аксар вақт лозим аст, ки оқибатҳои ҷанг ё гуноҳҳои мо ҳал карда шаванд, ва танҳо баъд оромӣ меояд. Ин амали доварӣ ба муносибати мо бо Худо адолат ва оштӣ меорад.

Мо ҳама медонем, ки Исо сулҳ меорад ва Ӯ Мири сулҳ номида мешавад. Пас чаро Исо дар бораи тақсимот ва набудани сулҳ дар муносибатҳо сухан мегӯяд? Пайравӣ ба Исо сулҳро бо Худо меорад, аммо на ҳатман сулҳро бо дигарон. Агар дигарон Исоро рад кунанд ва имони шуморо ба Ӯ қабул накунанд, он гоҳ ихтилоф ба вуҷуд меояд.

Ҳар яки мо ба хирад ва сабр ниёз дорем, то бо онҳое, ки ба имони мо ба Масеҳ муқобилат мекунанд, дуруст муносибат намоем. Тавре ки дар боло зикр гардид, Рӯҳулқудс ба мо суханоне медиҳад, ки ба дигарон бигӯем. Мо барои пешбурди тақсимот ё барои эҷоди ташаннуҷи бештар зиндагӣ намекунем, балки бояд дар фаҳмиши адолати Худо чунин рафтор кунем. Худо кори Худро дуруст анҷом медиҳад.

Румиён 12:18 моро насиҳат медиҳад: «Ба қадри имкон, бо ҳамаи одамон сулҳу салоҳ дошта бошед».

Худовандо, ба ман дилу нияти сулҳҷӯ ато кун. Бо вуҷуди вокуниши дигарон, ман Туро инкор намекунам. Агар тақсимот ба вуҷуд ояд, бигзор ин интихоби дигарон бошад, на аз ҷониби ман. Барои онҳое, ки бо ман мухолифат мекунанд, ба ман сабр ва муҳаббат ато фармо. Ба ман қувват деҳ, то бо тамоми тавон ва бо ёрии Ту бо дигарон осоишта зиндагӣ кунам. Омин.

Луқо 12:54–59 — Огоҳӣ аз аломатҳо

«Эй дурӯяҳо! Шумо аломатҳои замину осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонед, пас чаро замони фаро расидаро муайян карда наметавонед?»

Оё шумо мефаҳмед, ки дар пеши назари шумо чӣ истодааст? Исо аз яҳудиён ва қобилияти онҳо дар хондани аломатҳои замон савол медиҳад. Дар пеши назари онҳо Масеҳи ваъдашуда меистод, аммо онҳо намедонистанд, ки ин барои онҳо чӣ маъно дорад.

Онҳо обу ҳаворо дуруст мехонданд, вале аломатҳои рӯҳониро хонда наметавонистанд. Камбудии онҳо на дар қобилияти дидан, балки дар омодагии қабул кардан буд. Онҳо намехостанд Масеҳеро, ки дар назди онҳо истода буд, қабул кунанд. Дар натиҷа, доварӣ меояд.

Хондани аломатҳои рӯҳонӣ бештар бо қабул кардани Подшоҳ барои наҷот вобаста буд, на танҳо бо салтанати оянда. Подшоҳи Наҷотдиҳанда шифо медод ва қудрат нишон медод, аммо мардум бовар накарданд. Онҳо Ӯро рад карданд ва мехостанд Ӯро маҳкум созанд.

Сипас Исо дар бораи қарори шахсе нақл мекунад, ки мехоҳад аз доварӣ канорагирӣ кунад. Чӣ гуна касе метавонад аз ҷазои бузург халос шавад? Дар роҳ ба суд, бо шахсе, ки мехоҳад шуморо ба додгоҳ кашад, оштӣ кунед. Ҳоло ҳал кунед, мунтазир нашавед. Ин қарори шахсист — ҷустуҷӯи сулҳ, на интизори доварӣ.

Шумо имрӯз дар куҷоед? Оё шумо аломатҳоро мехонед, ки Исо кист? Оё шумо қабули Наҷотдиҳандаро ба таъхир меандозед? Сулҳро биҷӯед ва дар пайи якдилӣ бо Худо бошед.

Баъзеҳо чашм доранд, вале намебинанд. Мо медонем, ки Исо ба таври мӯъҷиза таваллуд шудааст ва мӯъҷизаҳои зиёде анҷом додааст. Мо огохем, ки Ӯ китобе бо номи «Инҷил» додааст, аммо онро намехонем. Ҳангоми марги Ӯ воқеаҳои мӯъҷизавӣ рух доданд ва мегӯем, ки Ӯ боз меояд. Бо вуҷуди ин, мо аксар вақт воқеан ба Ӯ бовар намекунем. Мо он чизеро, ки дар пеши назари мост, нодида мегирем, гӯё онро намебинем. Мо ба бедории рӯҳонӣ ниёз дорем, то ин ибора дар бораи мо дуруст набошад: «Офтобро бо доман пӯшондан намешавад».

Рӯзи аламоварест, ки тоҷикон оқибатҳои ифротгароии диниро намебинанд. Бисёриҳо таълимоти ифротгароиро таҷриба карда, роҳи зӯроварӣ ва зарарро интихоб намудаанд. Дар пеши ҳар яки мо Намунаи инсони сулҳдӯст истодааст, ки ҷони Худро ба нафъи мо бахшид. Ба Ӯ пайравӣ кардан маънои онро дорад, ки ҳаёт ёфтан ва ҳатто бо дӯст доштани душманонамон дигаронро баракат додан аст.

Худовандо, бигзор ман нишонаҳои наҷоти бузурги Туро бубинам. Ба ман ёрӣ деҳ, то пеш аз расидан ба доварӣ оштӣ ҷӯям. Бигзор бо Ту ва бо атрофиёнам хирадманду осоишта зиндагӣ кунам. Омин

Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Аломатҳо ва риёкорӣ – Луқо 11:29-54 Имон ва тавба бо қудрати Исо – Луқо 13

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *